12.9 C
Dushanbe

HRW: ИА бояд бо кишварҳои ОМ ҳуқуқи инсонро дар маркази муколама гузорад

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар (HRW) бо нашри изҳороте аз Иттиҳодияи Аврупо талаб кардааст, ки дар мулоқот бо намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи ҳуқуқи башарро дар мадди аввал гузорад.

Дар ин изҳорот, ки 27-уми марти соли ҷорӣ нашр шудааст, Искра Кирова, мудири бахши ҳуқуқи башар дар Аврупо ва Осиёи Марказии HRW мегӯяд, ки ба хотири муассирии кор гуфтугӯҳо бояд масоили бисёр ҷиддии вобаста ба нигарониҳо дар заминаи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳабси мунтақидону фаъолон ва маҳдудияти кори ҷомеаи маданӣ ва матбуоти мустақилро дар Осиёи Марказӣ фаро бигиранд.

Ҳамчунин ин созмони ҳомии ҳуқуқ дар баробари мушкилот ва бад шудани вазъи ҳуқуқи башар дар Туркманистон, Қирғизистон, Казоқистон ва Узбекистон, аз поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон низ гуфтааст.

Аз ҷумла, дар изҳорот гуфта мешавад, ки Тоҷикистон аз лиҳози озодии баён дар ҷаҳон дар зиннаҳои поёнӣ қарор дошта, мақомоти кишвар, бахусус пас аз тазоҳурот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар солҳои 2021-2022, назоратро болои расонаҳо пурзӯр кардаанд. Ҳоло чандин рӯзноманигор, аз ҷумла Улфатоним Мамадшоева, Рухшона Ҳакимова ва дигарон барои солҳои тулонӣ равонаи зиндон гаштаанд. Манучеҳр Холиқназаров, ки аз ҳуқуқи сокинони ВМКБ дифоъ мекард, ба 16 соли зиндон маҳкум шудааст.

Ичнунин моҳи феврали соли 2025 Додгоҳи олии Тоҷикистон низ чанд тан аз чеҳраҳои шинохтаро бо иттиҳоми хиёнат ба давлат барои аз 18 то 27 сол равонаи зиндон кард. Ҳамаи мурофиаҳои додгоҳӣ пушти дарҳои баста баргузор шудаанд.

HRW мегӯяд, ки мақомот дар Тоҷикистон ба ҷорӣ кардани қонунҳое идома дода истодаанд, ки фаъолияти созмонҳои мустақилро маҳдуд мекунанд. Мақомот назоратро аз болои созмонҳои ғайридавлатӣ пурзӯр карда, сабти ном ва ҳисоботи молиявиро тақозо мекунанд, ки кори онҳоро мушкил мекунад ва баъзе ташкилотҳо маҷбур мешаванд, ки фаъолияти худро қатъ кунанд.

Гуфта мешавад, рӯзҳои 3 ва 4-уми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанди Узбекистон мулоқоти намояндагони ИА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад.

HRW аз Иттиҳодияи Аврупо хостааст, ки нишасти дарпешистодаро ҳамчун минбари фишор ба мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ истифода карда, раҳоии тамоми маҳбусони сиёсӣ, аз ҷумла рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар, бекор кардани қонунҳое, ки озодии баён ва фаъолияти созмонҳои ҷамъиятиро маҳдуд мекунанд ва гузаронидани тафтишоти мустақили ҳолатҳои таъқиб нисбати ҷомеаи шаҳрвандиро талаб кунад.

Инчунин дар изҳороти ин созмон гуфта мешавад, замоне ки Иттиҳоди Аврупо созишномаи тиҷоратӣ ва сармоягузориро дар бораи тавсеаи шарикӣ ва ҳамкориҳо бо Осиёи Марказӣ баррасӣ мекунад, мурооти ҳуқуқи инсон ва ҳокимияти қонун бояд ҷузъи муҳими ин созишҳо бошанд ва ИА бояд масъалаи татбиқи таҳримҳо ё маҳдуд кардани имтиёзҳои тиҷоратӣ ба кишварҳоеро баррасӣ кунад, ки уҳдадориҳои байналмилалии худро дар мавриди ҳуқуқи башар дағалона вайрон мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Худкушии як зодаи Тоҷикистон дар боздоштгоҳи “Матросская тишина”

Яке аз маҳкумшудагон дар парвандаи ҳамлаи террористӣ ба "Крокус Сити Холл" дар боздоштгоҳи тафтишотии "Матросская тишина"-и Маскав худкушӣ кардааст.

Арманистон ду зодаи Язгуломро ба Тоҷикистон супурд

Мақомоти Арманистон ду зодаи Язгуломи ноҳияи Ванҷро, ки қаблан боздошт карда буд, ба Тоҷикистон супурдааст.

Баргузории “Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ” дар Тоҷикистон

Рӯзи 6-уми апрел дар Тоҷикистон вобаста ба "Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ" ҳамоиши солимгардонӣ ва муоинаҳои ройгони тиббӣ оғоз гардид.

Оташбас ё ҷанг? Музокироти Амрико ва Эрон вориди марҳилаи нав мешавад

Музокирот миёни Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои барқарор кардани оташбас ва таваққуфи ҷанг вориди марҳилаи нав шудааст.