16.9 C
Dushanbe

Рустами Эмомалӣ боз нафари дувуми Тоҷикистон шуд

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои бори дувум раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, палатаи болоии порлумон интихоб шуд.

Бояд гуфт, тибқи Сарқонуни кишвар раиси Маҷлиси миллӣ шахси дувум дар Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар сурати истеъфо, марг, беморӣ ё аз салоҳиятҳои худ даст кашидани президент, то замони интихобот ӯ иҷрокунандаи вазифаи президент дар кишвар хоҳад буд.

Овоздиҳӣ барои “интихоб”-и Рустам ба ин мақом рӯзи 11-уми апрел баргузор шуда, аз 33 вакил, ки аксарашон узви Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ мебошанд, 31 нафарашон ба ҷонибдории Рустами Эмомалӣ раъй додаанд.

Инчунин дар ин маҷлис мисли дафъаи қабл раиси вилояти Суғд Аҳмадзода Раҷаббой муовини якум ва раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер муовини Рустами Эмомалӣ интихоб гардидаанд.

Гуфта мешавад, Рустами Эмомалӣ аз соли 2020 раиси Маҷлиси миллӣ, аз соли 2017 шаҳрдори Душанбе ва аз 2012 то имрӯз раҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошад. Инчунин ӯ дар гузашта дар чанд вазифаҳои калидии дигар, аз ҷумла раҳбари Ожонси мубориза бо фасод ва Хадамоти гумрук низ кор кардааст.

Мунтақидони режими имрӯзаи Тоҷикистон дар вазифаҳои калидӣ кор кардани ӯро ба эҳтимоли интиқоли қудрат аз падар ба писар рабт медидиҳанд ва ин эҳтимол солҳо боз дар кишвар матраҳ аст.

Инчунин ҳама боздошту қатли дигарандешон дар 10 соли ахир Тоҷикистонро маҳз ба “фароҳам кардани шароити мусоид” барои интиқоли қудрат аз Эмомалӣ Раҳмон ба писараш Рустами Эмомалӣ рабт медиҳанд.

То ҳол раисҷумҳур Раҳмонов ва ё писараш Рустами Эмомалӣ ба ин гуфтаҳо посух надодаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Селҳои харобиовар ба чанд шаҳру ноҳия дар Тоҷикистон зарар расонд

Бар асари боронгариҳои шадид дар як ҳафтаи охир дар чанде аз минтақаҳои кишвар сел омада, ба аҳолӣ хисороти ҷиддӣ ворид кард.

Узви собиқи ҲНИТ-ро дар Исфара куштанд

ҲНИТ аз куштори фоҷиавии узви собиқаш Содиқов Маннони 61-сола, маъруф ба домулло Абдуманнон хабар дод.

Имсол ҳам озодии матбуот дар Тоҷикистон дар “сатҳи паст” қарор дорад

Мувофиқи шохисиҳои байналмилалӣ, имсол ҳам озодии матбуот дар Тоҷикистон дар сатҳи поён қарор дошта, аз соли гузашта ҳам вазъ бадтар шудааст.

Ҳабси боз як нафар барои фиристодани пул ба “Ислоҳ”

Дар Тоҷикистон боз як муҳоҷири собиқро барои фиристодани маблағ ба Муҳаммадиқболи Садриддин маҳкум ба зиндон карданд.