Ахиран Арабистони Саудӣ Тоҷикистон ва Узбекистонро аз феҳристи кишварҳои дорои шароити барномаи визаи сайёҳии электронии “eVisa” ҳазф кард.
Дар сомонаҳои расмии марбут ба Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати сайёҳати Арабистони Саудӣ дида мешавад, ки номи Тоҷикистон аз феҳристи кишварҳое, ки метавонанд раводиди электронӣ дархост бидиҳанд, пок шудааст. Акнун шаҳрвандони Тоҷикистон наметавонанд барои дарёфти раводиди электронӣ дархост диҳанд.
“eVisa”-и Саудӣ як раванди содаи дарёфти визаи ин кишвар аст, ки ниёз ба муроҷиати ҳузурӣ ба консулгариро аз байн мебарад. Мақомоти Саудӣ дар ҳоле Узбекистон ва Тоҷикистонро аз ин феҳрист пок кардаанд, кишварҳои Кирғизистон ва Қазоқистон ҳанӯз дар ин ҳастанд.
Ҳанӯз далелҳои асосии ҳазфи Тоҷикистону Узбекистон аз ин феҳрист мушаххас нашудааст ва мақомоти расмии Саудӣ низ тавзеҳе дар ин маврид надодаанд.
Расонаҳо мегӯянд, ки ба пурсишҳои онҳо дар бораи ин иқдом, аз тарафи мақомоти Арабистони Саудӣ посухе ба онҳо дода нашудааст.
Ҳаминтавр, то ҳанӯз ҳеҷ гузориши расмие аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин бора дода нашудааст.
Ба гуфтаи таҳлилгарон, яке аз омилҳои эҳтимолии паси ин қарор метавонад тағйирот дар муносибатҳои дипломатӣ ё тағйироти сиёсии дохилӣ ва ивази афроди тасмимгиранда дар Арабистони Саудӣ бошад.
Онҳо мегуянд, сиёсати раводиди ин кишвар аксар вақт метавонад дар асоси мулоҳизаҳои мухталифи геополитикӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ танзим карда шавад. Хориҷ кардани Тоҷикистон ва Узбекистон аз ин рӯйхат мумкин аст қисме аз як бозсозии васеътар ё аз рӯйи омилҳое бошад, ки ҳанӯз ошкор нашудаанд.
Қабл аз ин тағйирот, дохил шудани Тоҷикистон ва Узбекистон ба системаи визаи электронӣ ҳамчун як таҳаввулоти мусбат барои шаҳрвандони ин кишварҳо ҳисобида мешуд, зеро чунин шароит ба шаҳрвандони ин ду кишвар имкони тезтар ва қулайтар барои адои умра ва боздид аз Арабистони Саудиро фароҳам оварда буд.
Баъзе коршиносони тоҷик ҳадс мезананд, ки аз феҳристи раводиди электронии Арабистони Саудӣ пок шудани номи Тоҷикистон метавонад аз талаботи худи мақомдорони тоҷик бошад. Зеро, ба гуфтаи онҳо, вақтҳои охир дида мешуд, ки шаҳрвандони зиёде бо роҳҳои арзонтар тариқи Узбекистон ё Русия ба умра мерафтанд ва ин чиз мақомдорони кишвар, аз ҷумла худи Эмомалӣ Раҳмонро водор кард, ки вокуниш нишон бидиҳанд ва талош мекарданд сари роҳи ин равандро бигиранд. Гуфта мешавад, ба умра ва ҳаҷ бурдани шаҳрвандон танҳо тавассути хонавода ва наздикони Эмомалӣ анҷом мешуд ва ҷорӣ шудани раводиди электронӣ тиҷорати хонаводаро барҳам зада буд.
Аммо гуфта мешавад, соддагардонии ин раванд аз тасмимоти худи кишвари Арабистони Саудӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар доираи ҳадафҳои иқтисодии худ буд.