31.9 C
Dushanbe

Вокуниши Тоҷикистон ва тоҷикон дар ҳамлаи Исроил ба Эрон чӣ гуна буд?

Ҳамлаи Исроил ба Эрон вокунишҳои зиёдеро дар дунё ба вуҷуд овард ва ахбори соат ба саоти ин ҳодиса дар сархати расонаҳои ҷаҳон қарор гирифт.

Ҳамлаи ногаҳонии Исроил ба Эронро, ки боиси кушта шудани даҳҳо донишмандони ҳастаӣ ва мақомоти баландпояи нерӯҳои низомии ин кишвар гашт, аксар кишварҳо ва гурӯҳҳои мухталиф ба шиддат маҳкум кардарнд ва онро таҷовузи Исроил ба тамоми қавонини байналмилалӣ хонданд.

Аммо дар ин миён мавзеъгирии Тоҷикистон ва мухолифони он чӣ гуна буд ва оё вокуниш карданд ё на, дар ин матлаб ба посухи ин суолҳо пардохта мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон ба сифати шарики стратегӣ ва доштани робитаҳои дипломатӣ аз ҳамон рӯзҳои аввал ҳамлаҳои Исроил ба Эронро маҳкум кард. Ва дар як баёнияи дигар Вазорати хориҷии Тоҷикистон таҳоҷумии ҳавоии Амрико ба иншооти ҳастаии Эронро низ “бо қатъият маҳкум” намуда, талаб кард, ки танҳо музокира роҳи ягона ва дурусти ҳалли ин буҳрон аст.

Аммо дар байни гурӯҳҳои мухолифин аз аввалинҳо шуда, “Гурӯҳи 24” – яке аз созмонҳои сиёсии мухолифи давлати Тоҷикистон, ки дар Аврупо фаъолият мекунад, ҳамлаҳои низомии Исроил ба муқобили Ҷумҳурии исломии Эронро “таҷовуз” хонд ва гуфт: “Ин амал ҳамчун таҷовуз ба ҳудуди як кишвари соҳибихтиёр, поймол кардани ҳуқуқи байналмилалӣ ва принсипҳои асосии ҳамзистии осоишта арзёбӣ мешавад”.

Аммо, бо инки ҷанги Исроилу Эрон қариб ду ҳафта тӯл кашид ва дар сархати расонаҳо қарор дошт, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон – ҳизби умдаи мухолифони тоҷик, ки низ дар Аврупо фаъолият мекунад, ҳеҷ вокунише нишон надода ва сукут ихтиёр кард. Сукути ин ҳизб аз ҷониби шахсон ва гурӯҳҳои ҷонибдори Эрон сахт интиқод шуд. Аз ҷумла, онҳо мегуфтанд, ки ҲНИТ дар ҳоле сукут ихтиёр кардааст, ки дар замони ҷанги дохилии даҳаи навад таҳти сарпарастӣ ва ҳимояти Эрон қарор дошт ва яке аз далоили сардии равобии давлати Тоҷикистон бо Эрон дар чанд соли пеш даъвати раиси ин ҳизб барои ширкат дар як ҷаласаи байналмилалӣ буд, ки Теҳрон доир кард.

Аммо дар робита ба ҷанги Исроилу Эрон баҳсҳои гарму доғтаре дар байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фазои маҷозии тоҷикон дар ҷараён буд. Чуноне ба мушоҳида мерасад, аксарияти фаъолони ҷомеаи маданӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шурӯъи ҷанг аз тарафи Исроилро маҳкум карда, онро кишвари мутаҷовиз, вале ҳимоят аз қаламрав ва ҳамлаҳои ҷавобӣ аз сӯи Эронро ҳаққи мусаллами ин кишвар хондаанд.

Алӣ Ализод, як корбари шабакаҳои иҷтимоӣ шурӯъи ҷанг аз тарафи Исроил ва пайвастани Амрико ба онро ба шиддат маҳкум карда, гуфтааст, ки Бинёмин Натанёҳу, сарвазири Исроил аз Гитлер фарқ надорад. Ҷаноби Ализода ҳамлаҳои ҳавоии Исроил болои Эронро ба ҷанги Амрико алайҳи Ироқ дар соли 2003 бо баҳонаи ҷилавгирӣ аз силоҳи қатли ом монанд карда, ёдрас мекунад, ки то кунун аз силоҳи ҳастаии Ироқ дараке нест ва ҳамин тавр ҳеҷ мадраке, ки исбот кунад Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст ёфтааст, вуҷуд надорад.

Нуктаи дигаре, ки дар баҳсҳои бархоста дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар робита ба ҷанги миёни Исроил ва Эрон ҷалби таваҷҷуҳ кард, ин буд, ки шуморе аз фаъолони ҷомеаи маданӣ, ки усулан мухолифи низомии Ҷумҳурии исломии Эронанд, аз Эрон пуштибонӣ карданд. Барои мисол Бахтиёр Аминӣ шоири тоҷики муқими Аврупо аз мунтақидони низоми мазҳабӣ ошкоро мегӯяд, ки феълан шароит на он тарзе аст, ки мо бар муқобили Эрон бошем, чун Эрон маврди ҳамла қарор гирифтааст ва Исроил ҳақ надорад, ки ба як кишвари соҳибистиқлол таарруз ва таҷовуз кунад. 

 Бахтиёр Аминӣ (Bakhtiyar Amini) ва аз мунтқидони сарсахти низоми Эрон мегӯяд:

“Таҷовузи кишвари ғайр ба Эронро бояд маҳкум кард. Ва он камтарин рабте ба дин доштан ё надоштан надорад. Рабт ба воқеъбин будан ва аз ҳақ дифоъ карданро дорад. Ва ҳамчунон тағйири низом кори дохилии ҳар кишвар аст, чӣ Эрон бошад, чӣ Исроил ва чӣ Тоҷикистон. Ҳар гуна мудохилаи берунӣ ғайримашруъ ва маҳкумкарданист”.

Шуморе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки хеле зиёданд ин баҳсро ҳам ба васат кашидаанд, ки чаро барои Исроил доштани силоҳи ҳастаӣ ҷоиз, аммо барои Эрон норавост.

Аммо, афроди дигаре, ки шумори андак доранд, агарчи ошкоро аз ҳамлаҳои Исроил болои Эрон ҷонибдорӣ намекунанд, вале пуштибонии зимнии худро дар хилоли андешаҳояшон пинҳон накардаанд, балки фикрашон ин аст, ки фурсат барои мухолифини низоми Ҷумҳурии исломӣ фаро расидааст. Яке аз онҳо Ҳафиз Бобоёров, як донишманди тоҷики муқими Аврупост, ки мӯътақид аст низоми динӣ дар ҳар куҷои дунё бар салоҳу хайри мардум нест ва ҳамлаҳои Исроил ба Эронро худи Ҷумҳурии исломӣ таҳрик додааст: Ӯ дар посте навиш:

“Бо сабабҳои идеологӣ ва объективӣ Ҷумҳурии Исломӣ аз оғози таъсиси худ даъво дошт Исроилро аз байн мебарад.Проксиҳоро маблағгузорӣ мекард ва худро мусаллаҳ мекард”.

Аммо ин нуқтаназари ҷаноби Бобоёров аз сӯи дигар корбарони фазои маҷозӣ бо вокунишҳои тунду тез рӯбарӯ шуд. Масалан, Беҳруз Латиф Незҳод (Behrooz Lateef Nehzad) ба ҷаноби Бобоёров посухи сангине дода ва ӯро ба “дурӯягӣ” муттаҳам кардааст:

“Мегӯед, ки ҶИЭ аз аввал хоҳони нобудии Исроил буд, вале як бор нагуфтед, ки Исроил аз аввал фаластиниёнро мекушаду замини онҳоро ғасб мекунад. Дурӯягӣ нест?” 

Дар ин васат гурӯҳи дигаре низ вуҷуд дошт, ки ба хотири баҳсҳои динӣ байни шиъа ва суннӣ ошкор аз Эрон интиқод карданд ва мегуфтанд, ки ба сабаби сиёсатҳои нодурусти Эрон дар қиболи ҳамсоягони суннияш, ба хусус қатлу куштори бегуноҳон дар Сурия набояд аз ӯ ҷонибдорӣ кард.

Ҷанги Исроил бо Эрон дар ҳоле алангаи бештар касб кард, ки дар ин авохир муносибатҳои миёни Эрон ва Тоҷикистон дар ҳоли тавсеа ва инкишоф қарор дошт. Табодули мол миёни ин ду кишвар солбасол афзоиш меёфт ва ҳарду давлат аснод барои сафари бидуни раводид барои атбои худро ҳам ҷорӣ кардаанд. Аз сӯи дигар, Ҷумҳурии исломӣ дар чанд мавориди ҳасос, аз ҷумла дар низоъи марзӣ бо Қирғизистон ва ҳам баҳсҳои бо Узбакистони замони Ислом Каримов бар сари сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бо мавзеъгириҳои маънодор ишораҳо карда буд, ки Тоҷикистон танҳо нест.

Шералӣ Ризоиён, соҳибназари тоҷик тадовуми бештар пайдо кардани ҷанги Исроил бо Эронро ҳам барои минтақа ва ҳам барои Тоҷикистон зиёнбор талаққӣ кардааст. Ҷаноби Ризоиён, ки бо расонаҳо сӯҳбат кардааст, мегӯяд, имкон дорад дар муносибат бо Амрико ва Исроил сиёсатҳо иваз шавад.

Вай гуфтааст: “Агар барои Тоҷикистон бибинем, бо дар назардошти ягонагии фарҳангу таъриху забон ва омилҳои дигари тамаддунӣ барои мо ҷойи изтироб аст. Зеро ба ҳамон андозае, ки Тоҷикистон барои Эрон жарфнои стратегӣ аст, ба ҳамон андоза Эрон барои Тоҷикистон ин аҳамияти стратегиро дорад. Эҳтимол дар ин аст, ки шояд дар кишвари мо низ баъзе бозбиниҳо нисбат ба Амрико ва кишварҳое, ки чунин шароитро барои Эрон сохтанд, пайдо шавад, шояд як андоза унсури муносибати на он қадар мусбат нисбат ба Исроил ҳам пайдо шавад, чунки он чизеро, ки мардуми мо мебинад, ба вижа мардуми равшанфикр, дигар пажӯҳишгарон мебинанд, албатта ин боиси нигаронӣ аст”.

Ҳукумати Тоҷикистон аз Исроил ва Амрико даъват кардааст, ки ҳама баҳсҳоро дар сари мизи музокирот ҳал ва ҳарчи зудтар ҷанг алайҳи Эронро қатъ кунанд.Тоҷикистон,агарчи ин ҳамлаҳоро маҳкум кардааст,аммо Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон яке дигар аз созмонҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон,ки низ дар Аврупо мебошад, бо нашри як изҳорот аз давлати Тоҷикистон хостааст,ки дар чунин шароит ба мардум ва бахусус соҳибкорону тоҷирони эронӣ кӯмак кунад ва имтиёзҳоеро барои ояндаи фаъолияти онҳо бидиҳад.

Аммо шахсиятҳо ва аҳзоби сиёсии дохили Тоҷикистон дар тафовут аз мавзеъгириҳои ҳукумат дар қиболи ҷанги Исроил ва Эрон сукут ихтиёр кардаанд.

Дар умум метавон гуфт, ки ҷомеаи Тоҷикистон дар ин қазия ба се гурӯҳи асосӣ тақсим шуд. Яке бо маҳкум кардани ҳамлаҳои Исроил аз Эрон ба шиддат ҳимоят кард, гурӯҳи дуюмӣ ба сабаби ихтилофоти динӣ ва идеологӣ ҳимоят кардан аз Эронро дуруст нашуморид ва гурӯҳи сеюмӣ хомӯширо ихтиёр кард, ки дар ин гурӯҳи охир шахсиятҳои шинохта ва ҳизбҳои сиёсии умда шомил буданд.

Хулоса, мавзеъгирии сиёсиёни дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон бештар аз нигоҳи манофеъ ва оянданигарӣ сурат гирифт, вале ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фазои маҷозӣ бештар аз рӯи эҳсосоту наздику дур будан ба мавқеи Эрон ҷонибдорӣ ва ё мухолифат карданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷоизаи Нобел ҳаққи кист, Трап ё Раҳмон?

Пас аз оғози даргириҳо миёни Эрону Исроил давлати Покистон ба таври расмӣ Доналд Трамп, расиҷумҳури Амрикоро барои дарёфти Ҷоизаи субли Нобел пешниҳод кард.

Дар Маскав як марди 31-сола ба кӯдаки 2-солаи муҳоҷир ҳамла кард

Шоми 23-уми июни соли ҷорӣ, дар фурӯдгоҳи "Шереметево"-и Маскав як шаҳрванди 31-солаи Беларус, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт, ба кӯдаки дусолае ҳамла кардааст.

Сафари Раҳмонов ба Бадахшон ва ҷашни “Ваҳдат”

Президенти худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 25-уми июн сафари кориашро аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз кард.

Қатъи ҳамкории Эрон бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ

Намояндагони Маҷлиси шӯрои исломӣ дар Эрон рӯзи 25-уми июн "Тарҳи таълиқи ҳамкорӣ бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ"-ро тасвиб карданд.