Амрико барои хариди нефти Русия ба кишварҳо иҷозат дод

Амрико бо судури иҷозати муваққатии 30-рӯза ба кишварҳо имкон дод, ки нефт ва маҳсулоти нефтии таҳримшудаи Русияро, ки ҳоло дар киштиҳо дар баҳр банд мондаанд, харидорӣ кунанд.

Ин иқдом дар ҳоле сурат мегирад, ки бозорҳои ҷаҳонии нефт ва энержӣ бар асари шиддат гирифтани танишҳои низомӣ дар Ховари Миёна ва ҷанги Амрикову Исроил бар зидди Эрон бо ноустувории ҷиддӣ рӯ ба рӯ шудаанд.

Хабаргузории “Ройтерз” аз вазири хазинадории Амрико Скотт Бессент (Scott Bessent) иттилоъ дод, ки ин қарор рӯзи панҷшанбе, 12-уми март гирифта шуда, то 11-уми апрел идома пайдо мекунад. Ин мақомдори амрикоӣ ҳадафи асосии ин тасмимро ором кардани бозорҳои ҷаҳонии нефт ва пешгирӣ аз болоравии шадиди нархҳо арзёбӣ мекунад. Ӯ таъкид кардааст, ки иҷозати муваққатӣ танҳо барои фурӯши нефтест, ки аллакай дар роҳ ё дар баҳр дармондааст ва ба бозорҳои байналмилалӣ ворид нашудааст.

Пас аз эълони ин қарор, нархи нефт субҳи рӯзи ҷумъа дар бозорҳои ҷаҳонӣ каме поин рафт. Ба гузориши расонаҳо, аллакай кишвари Тайланд омодагии худро барои хариди нефти Русия эълон кардааст.

Ин дар ҳолест, ки раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп пештар бидуни зикри номи кишварҳо гуфта буд, ки ба сабаби ҷанг бо Эрон, ки нархи нефт дар аксар кишварҳои дунё гарон шудааст, мумкин аст таҳримҳо барои фурӯши нефт муваққатан сабуктар карда шаванд.

Аз сӯи дигар, намояндаи махсуси президенти Русия дар умури ҳамкориҳои иқтисодӣ Крилл Дмитриев изҳор дошт, ки ин иқдом метавонад ба тақрибан 100 миллион бармил нефти Русия дахл дошта бошад. Ба гуфтаи ӯ, чунин ҳаҷм тақрибан ба миқдори истеҳсоли якрӯзаи нефти ҷаҳон баробар аст ва ворид шудани он ба бозор метавонад муваққатан то ҳадде тавозуни талабот ва нархро нигоҳ дорад.

Дар ду ҳафтаи ахир бозори ҷаҳонии нефт таҳти таъсири мустақими танишҳои геополитикӣ қарор гирифт. Шиддат гирифтани даргириҳои низомӣ миёни Эрон ва нерӯҳои амрикоӣ ва исроилӣ нигарониҳоро дар бораи боз ҳам бадтар шудани вазъи иқтисодии ҷаҳон ба хотири халалдор шудани интиқоли нефт аз минтақаи Халиҷи Форс тариқи тангаи Ҳурмуз афзоиш додааст.

Ин минтақа яке аз муҳимтарин роҳҳои транзити нефти ҷаҳон маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, ҳар гуна бесуботӣ дар он метавонад ба таъминоти ҷаҳонии энержӣ таъсири мустақим расонад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Шикояти сокинони Душанбе аз ронандагони “Ҷӯра таксӣ”

Сокинони пойтахт аз беэҳтиромии ронандагони "Ҷӯра таксӣ" ба мусофирон, дашномдиҳӣ ва дигар мушкилот шикоят мекунанд.

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Амрико пас аз раҳоӣ аз ҳабс

Маъмурони муҳоҷирати Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро, пас аз раҳо шудан аз боздошт дар Филаделфия дастгир карданд.

Сеул бори аввал раҳбарони Осиёи Марказиро гирди як миз ҷамъ меорад

Дар Сеул барои бори аввал нишасти якҷояи Кореяи Ҷнубӣ бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Сарбози хориҷӣ дар ҷанг: ҷангҷӯе, ки баргаштанаш ба нафъи давлат нест

Тибқи тахминҳое, ки хадамоти кишварҳои гуногун, аз ҷумла Украина ва бунёдҳои машғул ба таҳқиқи ин масъала мезананд, дар артиши Русия ҳудуди 40-50 ҳазор хориҷӣ меҷанганд.