31.9 C
Dushanbe

Ваҳдат ё ваҳшат?

Маросими таҷлил аз 28-умин солгарди ҷашни Рӯзи Ваҳдат бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мешавад.

Рӯзи Ваҳдат шуруъ аз соли 1998, баъд аз як соли имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки рӯзи 27 июни соли 1997 дар Маскав – пойтахти Федератсияи Русия миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ИНОТ – Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони тоҷик бо ширкати раиси ҷумҳури Русия, намояндаи Дабири кулли СММ, САҲА, Созмони Конфронси исломӣ, вузарои хориҷии кишварҳои нозир доир гардид, ба унвони иди расмӣ эълон ва ҳамасола дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки зери он Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар, равоншод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, роҳбари ИНОТ ва марҳум Гердт Дитрих Меррим, намояндаи вижаи Дабири кулли СММ имзо гузоштаанд, ба ҷанги панҷсолаи тарафҳои даргири тоҷик хотима дод ва роҳ барои сулҳу оштӣ дар кишварро фароҳам кард.

Аҳамияти ин Созишнома то барои мардум ва давлати тоҷикон ба он ҳад муҳим ва ҳаётӣ буд, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон онро ба санади Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон баробар донист. «Рӯзи Ваҳдат» ҳам ба хотири ҳамин санади сарнавиштсоз дар шумори ҷашну идҳои давлатӣ эътироф гардид ва то чанд соли баъди он дуруст, то замоне ки Комиссиони оштии миллии Тоҷикистон амал мекард, бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва раиси ин Комиссион, марҳум Сайид Абдуллоҳ Нурӣ баргузор мешуд.

Комиссиони оштии миллии Тоҷикистон як ниҳоди мураккаб аз намояндагони давлат ва оппозитсиони тоҷик бар мабнои ҳамин Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ ташкил ва иҷрои банду қарорҳои раванди сулҳ бар уҳдаи он вогузор шуда буд.

Баъд аз хатми кори КОМ дар соли 2000, Раҳмон ба унвони раҳбари як тарафи сулҳ минбаъд аз баргузории муштараки ин ҷашн мунсариф шуд ва аз даъвати роҳбарони тарафи дигар дар ин маросим сар боз зад. Ва ба тадриҷ тавре пеш рафту фазо сохт, ки ингор сулҳу оштӣ натиҷаи заҳамоти танҳо шахси ӯст ва танҳо ба вай тааллуқ дорад. Ва тавре вонамуд мекард, ки гӯё тарафи дигаре вуҷуд надорад.

Аз ин ҷиҳат буд, ки ҷашни «Рӯзи Ваҳдат» ҳам кам-кам он шукӯҳи маҳбубияти қаблии худро аз даст медод.

Дар соли 1999 бо қарори Маҷлиси Олӣ сулҳу оштӣ ва ваҳдатро дастоварди беназири худ тавсиф карда, ба худ унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон» дод. Солҳо баъд, пас аз он ки ҲНИТ – Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳастаи асосӣ ва нерӯи умдаи ИНОТ-ро дар соли 2015 басту террористӣ шуморид, худро Асосгузори сулҳу ваҳдат эълон кард.

Албатта, то ин ҷойи кор хеле аз банду шурути Созишномаи умумии сулҳро аз байн бурд ва қадам ба қадам муҳит, фазо ва иқлими сиёсиро дар кишвар ба суди худ мусоид ва васеъ кард.

Инҷо мешавад аз ду масъалаи меҳварӣ, ки дар раванди таҳкими ваҳдати миллӣ ва Созишномаи умумии сулҳ шарти асосӣ маҳсуб меёфт ва сохтмони ояндаи давлати Тоҷикистон ба он рабти мустақим дошт, ёдовар шуд, ки чӣ гуна Раҳмон онро ба манфиати худ тоб дод. Ва, бо ҳамин амалан сиёсати сулҳсозӣ ва ваҳдату оштиро бо иқтидоргароӣ ва зӯргӯӣ иваз кард ва ин паёмро ба тарафи дигари сулҳ дод, ки дигар мадоро бо шумо бас аст.

Тарафи дигари сулҳ, ки акнун танҳо дар шахси ҲНИТ амал мекард, ба ҷуз аз итоат чорае надошт, агарчи ин ду масъала, яке таъйини муҳлати раёсати ҷумҳурӣ дар Қонуни асосӣ ва дигаре мақоми конститутсионӣ касб кардани ҳизби динӣ дар замони кори Комиссиюни оштии миллӣ баъди баҳсу баррасиҳои доғу шадид, қабул шуда буд.

Раҳмон дар соли 2003 бидуни кадом зарурате Қонуни асосиро тағйир дод ва маҳз ба он банду моддаҳое, ки ҳарду тарафи ҷанг ва сулҳи тоҷикон бар сари онҳо тавофуқ карда буданд, яъне маҳдудияти давра ва ё замони муҳлати раёсати ҷумҳурӣ ва синни номзад ба мақоми раиси ҷумҳурро ба фоидаи шахси худаш аз байн бурд. Муҳлати якҳафтсоларо ба ду ва маҳдудияти синни болои номзад ба мақоми раиси ҷумҳурро, ки 65 муқаррар шуда буд, барандохт.

Амалан Раҳмон Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллиро инкор ва такзиб кард ва ҷашни Рӯзи Ваҳдат ҳам як ба як иди намоиши қудрат ва ҳукумати шахси вай бадал шуд.

Акнун Раҳмон, ки то ин ҷоҳо пеш рафт, шурӯъ кард ба таҳқиру мазаммат ва бечора сохтани тарафи дигари сулҳ.

Соли 2006 дар Рашт ҷашни Рӯзи Ваҳдатро доир кард ва тарафи дигари сулҳ – марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва муҳтарам Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзодаро ҳам даъват кард. Аммо ин дуро дар шумори тамошобинони маърака шинонду худ танҳо ва тоқа дар минбар нишаст.

Раҳмон дар ин ҷо, дар минтақае, ки минтақаи нуфузи нерӯҳои оппозитсион ва бахусус Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон – тарафи дигар ва аслии сулҳ ба шумор мерафт, роҳбарияти як тарафи сулҳ ва ваҳдатро дар чашми мардум камранг, нотавон ва заиф нишон дод ва баракс зӯри бозуи худро таъкид кард.

Раҳмон на фақат нишон дод, балки амалан эълон кард, ки дигар ҳарфи сулҳу оштӣ кӯҳна ва моли таърих шуд ва дигар ҳарчи аз сулҳу оштиву ваҳдат мегӯед, ман ва сиёсати давлати манро хоҳед гуфт ва сутуд.

Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Ному кори тарафи сулҳ зикр намегардид, балки мамнӯъ шуд. Яъне, ҷашни Ваҳдат дигар ба ҷашни Раҳмон ва давлату сиёсати он табдили шаклу мазмун кард, агарчи ҳиҷ сулҳу оштие як тараф надорад, ҳатман ду тараф дорад.

Ҷашну иди Ваҳдат ҳам фақат аз барои як кас барпо мешуд ва тарафи дигари он комилан ба дасти фаромӯшӣ супорида шуд. Солҳои баъд ҷашн тавре баргузор мешуд, ки тарафи пирӯз дар он ҳузур дошт.

Аммо, бо ин ҳама инкору мункиршавӣ, Раҳмон ва сиёсатҳои он дар қиболи тарафи дигари сулҳ бештар аз ҳарвақта оҳанги дурушт ва хушунатро менавохт.

Аз ин ҷо буд, ки баъди бастану террористӣ эълон кардани ҲНИТ дар тирамоҳи соли 2015, дар ҳар маҷлисе, ки сухан мекард, бо лаҳну баёни шадид ва хашму ғазаби зиёд ҲНИТ – тарафи дигари сулҳро – муҷиби сар задани ҷанги шаҳрвандӣ мехонд. Ва таъкид мекард, ки бо ҲНИТ Созишномаи сулҳро имзо накардааст.

Дар ниҳоят, дар майи соли 2016, акнун ки дигар ҲНИТ дар саҳнаи сиёсат амал намекард, бори дигар Қонуни асосиро ба ҳамапурсӣ баровард ва ин бор моддаи 28 – иҷозати амали аҳзоби характери динӣ доштаро аз он ҳазф ва баракс, моддаи замон барои худ дар симати раёсати ҷумҳуриро ба беохир бадал кард.

Ва, ба ин тартиб, иди Рӯзи Ваҳдат ба ҷашни намоиши Ваҳшат иваз шуд ва ваҳдати ростин ва ягонагии воқеиро аз миён бардошт.

Ҳоло Раҳмон Хоруғ рафту иди Рӯзи Ваҳдатро он ҷо баргузор мекунад ва сокинони ин шаҳр ба истиқболи нафаре дафу доира дар даст мегиранд, ки се соли пеш, дуруст дар ин шабу рӯзҳо, ба мотами даҳҳо нафар аз бастагони худ нишаста мӯя мекашиданд, ки бо дастури мустақими Раҳмон «безарар» гардонида шуда буданд.

Акнун шумо бигӯед, ки Раҳмон ба Хоруғ Ваҳдат бурдааст ё Ваҳшат?

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Шоҳроҳе, ки Эмомалӣ ифтитоҳ кард, “ба стандарт ҷавобгӯ нест”

Пас аз сохта ва ба истифода додани роҳҳо ва ё иншооте, мақомот аз "бо сифат ва стандарт" сохта шудани он мегӯянд, вале сокинон бесафатии онро фош месозанд.

Оилаҳои муҳоҷироне, ки фарзандонашон ба мактаб намераванд, аз Русия ихроҷ мешаванд

Раҳбари Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи инсони Русия Валерий Фадеев хостааст, ки он оилаҳои муҳоҷироне, ки таълими фарзандонашонро таъмин намекунанд, бояд аз кишвар хориҷ шаванд.

Даргузашти як рӯҳонӣ аз Бадахшон дар зиндон

Музаффар Давлатмиров, рӯҳонии маъруфи 61-сола аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), рӯзи 25-уми июни соли ҷорӣ дар зиндони шаҳри Ёвон даргузашт.

Кӯдакони Ғазза дар пеши чашми олам аз гуруснагӣ мемиранд

Муҳосираи шадиди Исроил дар Ғазза буҳрони норасоии ғизоро ба вуҷуд овардааст ва рӯзона ҳазорон кӯдак бо хатари марг рӯбарӯ ҳастанд.