Кишвари Лаҳистон барои муҳоҷирон ва паноҳҷӯёни тоҷик дар тӯли наздик ба ду дахсола, шаке нест, ба истгоҳи амн, вале муваққатӣ, ҷое барои гирифтани таҷруботи баъдӣ ва макони хуб барои транзити мароҳили баъд табдил шудааст.
_________
Пӯшида нест, тайи чанд даҳаи ахир теъдоди зиёде аз мардуми Тоҷикистон ба далели сахтии рӯзгори хеш маҷбур ба тарки кишвар шуданд. Натоиҷи пажӯҳишҳои коршиносони ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷӣ нишон медиҳанд, ки то авохири соли 2014 ва ибтидои соли 2015 қисмати зиёди мардум ба сабаби набудани ҷойи кор ва набудани даромади молӣ, ба хотири таъмини ниёзҳои хонавода рӯ ба муҳоҷирати корӣ, асосан ба кишвари Русия менамуданд.
Тибқи гузоришҳои бархе аз созмонҳои байналмилалӣ ҳизбҳои сиёсӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон авзоъи сиёсӣ нисбатан ором ва озодии сухан то ба ҳадде риоят мешуданд ва дар баробари матбуоти давлатӣ матбуоти хусусӣ ва гурӯҳӣ низ фаъол буданд.
Вале аз миёнаҳои соли 2015, яъне пас аз эъломи баста шудани Ҳизби Наҳзати Исломӣ авзоъи сиёсӣ ва иҷтмоъӣ – иқтисодии кишвар ба куллӣ тағйир ёфт. Ҳизбҳои дигари сиёсӣ, матолиб ва гузоршиҳои рӯзноманигорони дохилӣ зери контроли шадиди хукумат қарор гирифтанд. Гузоришҳои фаровоне дар бораи ин ки аксарияти журналистон ва фаъолони ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон равонаи зиндон, рӯзнома ва сайтҳои зиёди хабарӣ ва иттилоърасонӣ баста шуданд, ироъа шудаанд. Он чи барои ҷавомеъи байналмилал ошкор аст, авзоъи бисёр сахт ва заҷровари муҳоҷирони тоҷик дар кишварҳои мухталифи собиқ шуравӣ, бахусус дар Русия аст.
Магар пӯшида аст, фишор бар сари озоданешон ва мухолифони режими Эмомалӣ Рахмон, на танҳо дар дохили кишвар, балки дар кишварҳои собиқ шӯравӣ ҳам, алалхусус дар Русия бо тамоми усулҳои зишташ вусъат гирифт. Амалҳои ғайри инсонӣ ва барномарезишудаи ҳукумати Русия нисбат ба муҳоҷироне, ки аз кишвархои Осиёи Марказӣ вориди Русия шудаанд, борҳову борҳо дар гузоришҳои созмонҳои мухталифи ҳимоят аз ҳуқуқи инсонҳо матраҳ шудаанд. Авзоъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия, бахусус, пас аз ҷанги Русия ва Укроин ба таври бесобиқа бад шуд.
Анбӯҳе муҳоҷирони тоҷик аз тарси боздошти хеш аз тарафи маъмурони полиси Русия ва истердодашон ба кишвари Тоҷикистон, рӯ ба кишварҳои Аврупо ниҳоданд. Тибқи гузоришҳои расмии кишварҳои Иттиҳоди Урупо то имрӯз бештари паноҳҷӯёни тоҷик аз кишварҳои Лахистон ва Олмон дархости иқомат намуданд. Теъдоди дақиқи зиёди паноҳҷӯёни тоҷик дар кишварҳои урупоӣ маълум нест, вале он чи ошкор аст, ин аст, ки рӯз ба рӯз зиёд шудани теъдоди паноҳҷӯёни тоҷик дар кишварҳои Иттиходи Урупо уврупоӣ нишондиҳандаи рӯшани вазъияти сахти сиёсиву иқтисодӣ дар кишвари Точикистон ва Русия аст.
Вазъияти муҳоҷирони тоҷик дар Лаҳистон
Ҳамон гуна, ки омад, аслитарин сабаби муҳоҷирати тоҷикон ба кишвари Лаҳистон, бад будани вазъи иқтисодӣ ва сиёссии Тоҷикистон аст. Мутазаккир бояд шуд, ки маоши миёна дар Тоҷикистон (тақр. 300-400 доллар) барои зиндагии маъмулии хонаводаи тоҷик кофӣ нест. Ин дар ҳоле аст, ки дар кишвари Лаҳистон имконияти кор маош баробари 800-1200 евро барои муҳоҷирони тоҷик имкони ҷадиде фароҳам меоварад. Зимнан, вуҷуди шартҳои сабуктари раводид барои кор дар Лаҳистон дар мукоиса бо Олмон ё Фаронса, мусаллам аст, сабаби афзудани теъдоди муроҷиъини тоҷик барои гирифтани ҳаққи иқомат мешавад. Гузашта аз ин, тавассути Украина ё Беларус вориди хоки Лаҳистон шудан барои муҳиҷироне, ки аз Русия ба ин кишвар меоянд, дар муқоиса бо марзҳои дигар кори осонтарест.
Гуфтанӣ аст, муҳоҷирони тоҷик дар Лаҳистон гурӯҳи нисбатан нав ҳастанд. То солҳои 2010 шумораи онҳо дар муқоиса бо муҳоҷирони давлатҳои дигари собиқ шӯравӣ кам буд, вале аз соли 2014 ба ин тараф, бо сабабҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, муҳоҷират афзоиш ёфт.
Дар кишвари Лаҳистон барои гирифтани хаққи иқомат ду ҷараёни асосӣ вуҷуд дорад: 1. Муҳоҷирати корӣ – асосан ҷавонон ва миёнасолон барои кор дар соҳаҳои сохтмон, кишоварзӣ, хидматрасонӣ ва логистика меоянд.
2. Муҳоҷирати сиёсӣ / паноҳандагӣ – баъзе фаъолони сиёсӣ, рӯзноманигорон ё шахсони ҳадафи фишор қарор гирифта, аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон барои амният ва озодӣ ба Лаҳистон муроҷиат мекунанд.
Аз рӯи додаҳои Prague Process, шумораи иҷозатномаҳои иқомат барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишварҳои Аврупо аз 2015 то 2022 афзоиш ёфтааст:
Соли 2015 Лахистон ба 539 тоҷик паноҳандагӣ додааст (аз шумораи зиёди муроҷиаткунандаҳо). Зикр бояд намуд, ин давраи пас аз шиддати фишорҳо болои Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) аз тарафи хукмат буд.
2016: 882 тоҷик муроҷиат карда, вале қисми зиёдаш рад шудааст.
2017: 154 ариза сабт шуда.
Соли 2019: 1588 иҷозатнома;
Соли 2022: 4135 ииҷозатнома.
Соли 2020: 27 нафар паноҳандагии сиёси гирифтаанд, аз ин миён, 63 аризаи паноҳҷӯёни сиёсӣ рад шуд.
Нигаронии муҳоҷирони тоҷик
Муҳоҷирати ононе, ки фазои зиндагиашонро танг кардаанд, боиси гирифториҳои нав ба нав мешаванд. Ошкор аст, бо баробари зиёд шудани теъдоди паноҳҷӯёни тоҷик дар кишварҳои Иттиходи Урупо, мушкилоти онон рӯз ба рӯз афзуда мешаванд. Чунончи, маълум аст, тибқи қонуни пазириши муҳочирон дар кишварҳои Иттиҳоди Урупо, муҳоҷир ва ё паноҳҷӯй, аз кишваре, барои аввал ворид шудааст, бояд ки нишони ангушти хеш гузорад ва фақат аз ин кишвар дархости паноҳандагӣ кунад, дар ғйри сурат, иқдоми паноҳҷӯй ғайри қонунӣ маҳсуб мешавад.
Муттаассифона, теъдоди зиёди паноҳҷӯён, аз ҷумла, муҳоҷирони тоҷик, дар бештари маворид, ба сабаби надонистани забони хориҷӣ ва ҳамчунин, ба иллати надоштани дониши ҳуқуқии аввалия, иштибои ҷиддеро дар шуруъи кори худ барои дарёфти паноҳандаги муртакиб мешаванд. Пажуҳишҳо нишон медиханд, ки ин иштибоҳи муҳоҷирон ва паноҳҷӯён, аз тарафи масъулини созмонҳои муҳоҷиратии кишварҳои Иттиҳоди кишварҳои Урупо ба унвони яке аз муассиртарин ва дар баъзе мавоқеъ, асоситарин садди роҳи дарёфти иқомат аз кишварҳои урупоӣ мешаванд. Аз ин ру, надонистани қонунҳои муҳоҷиратӣ ва ё беэътибор пиндоштани ин қонунҳо ҳамаи кишварҳои Иттиходи Урупо, боиси сангинтар шудани мушкилоти шахси муддаъӣ бар паноҳандагӣ мегардад. Дар ин маврид хеле боэхтиёт мебояд буд.
Он гуна, ки гуфта шуд, дар натиҷаи ҳамла Русия ба Украина ҳазорон нафар шаҳрванд тоҷиконистонӣ ба кишварҳои урупоӣ муҳоҷират карданд, вале ба далоиле, хелеҳо ҷавоби манфӣ дарёфт карданд. Пажуҳишҳо нишон медиҳанд, ки дар кишвари Лаҳистон, яке аз далеле, ки радди тақозои паноҳҷӯёни тоҷик, ин аст, ки аксарияти онҳо, замоне ки дар Украина иқомат доштанд, мавриди ҳимояти расмии мақомоти Украина набуданд. Бояд таъкид намуд, ки ин маврид барои кишвари Лаҳистон барои дидни иқомат барои паноҳҷӯёни хориҷӣ, бисёр арзишманд аст. Дигар аз сабаби муҳимми радди дархости паноҳҷӯён дар кишвари Лаҳистон ин аст, аксари муҳоҷирони тоҷик, ки аз тарики хоки Украина ва Белорусия, вориди кишвари Лаҳистон шудаанд, тибқи маслаҳатҳои нодурсти дӯстонашон мехостанд аз тариқи ин кишвар ба кишварҳои дигари урупоӣ нақли макон кунанд ва дар давлатҳои мураффахе, чун: Олмон, Утриш, Фарансо ва ғ. дархости паноҳандагӣ кунанд, ки албатта, бо ин иқдоми ноогоҳонаву нооқилонаи худ, барои худ сахтарин монеъаро эчод мекунанд.
Мушкилоти дигаре, ки муҳоҷирон ва паноҳҷӯёни тоҷик зимни пайгирии кори худ дар Лахистон рӯ ба рӯ мешаванд, масъалаи забономӯзӣ аст. Дар гузоришҳои коршиносони лаҳистонӣ ва ошноии ғайри расмӣ бо теъдоде аз муҳоҷирини тоҷик ва мушоҳидаҳои вазъи кори онон нишон медиҳанд, омӯхтани забони лаҳистонӣ барои ағлаби тоҷикон душвор аст. Ин вазъ, ба гуфтаи бархе аз муҳоҷирон сабаби тӯлонӣ шудани корашон шуда. Ҳамчунин бархе ҳам ишораҳое бар надонистани забони инглисиро боиси маҳдуд шудани имкониятҳо барои пайдо кардани кор дар Лаҳистон медонанд.
Дигар аз мушкилоте, ки муҳоҷирон ва паноҳҷӯёни тоҷик дар кишвари Лахистон даргир шудаанд, ба назар мерсад, баста ва нисбатан хурду махдуд будани муҳити иҷтимоии ҷомеаи тоҷикон ва фаъол набудани онон дар шабакаҳои интернетӣ мебошад.
Мушкилоти дигаре, ки муҳоҷирони ва паноҳҷӯёни тоҷик дар Лаҳистон, бо ҳадафи ҳар чи зудтар гирифтани мақоми паноҳангагии худ, албатта, ноогоҳона, барои худашон эҷод мекунанд, ба истилоҳ, печидатар кардани мушкилоти ҳуқуқашон аст. Чунончи, таҳияи чаълии мадорики паноҳҷӯёни тоҷик, яке аз ин навъ мушикилот аст. Зимнан, ин навъи иштибоҳ бисёр сахт миёни паноҳҷӯёни тоҷик маъмул шудааст. Таассуфовар аст, ки иддаи зиёди муҳоҷирони наввуруд ҳуҷҷатҳои кориашонро тавассути миёнаравонашон ба таври қалбакӣ таҳия мекунанд, ки муссаламан, ин роҳи ғайри қонунӣ дар нахустин баррасиҳои масъулин ва коршиносони созмонҳои муҳоҷиратии кишвари Лаҳистон ба осонӣ боз мешавад. Натиҷатан, дархостҳои ин навъ аз паноҳҷӯёни тоҷик, пазируфта намешаванд. Пас аз гирифтани посухи рад, иддае ҳам, бо маслаҳати миёнаравон, бидуни иҷозаи кишвари Лаҳистон ба кишварҳои ҳамсояи дуру наздик, чун Олмон, Чехия ё Австрия, барои гирифтани иқомат кӯч мебанданд. Зимнан, тибқи мушоҳидоте, ки анҷом шудааст, бештари ин гурӯҳ аз паноҳҷӯён ва муҳоҷирони тоҷики дар кишварҳои дувум ва ё ҳатто севуми урупоӣ ҳам барои гирифтани посухи мусбат муваффақ нашудаанд.
Бар пояи он чи, ки омад, метавон чунин натиҷа гирифт, ки кишвари Лаҳистон барои муҳоҷирон ва паноҳҷӯёни тоҷик дар тӯли наздик ба ду дахсола, шаке нест, ба истгоҳи амн, вале муваққатӣ, ҷое барои гирифтани таҷруботи баъдӣ ва макони хуб барои транзити мароҳили баъд табдил шудааст. Аз назари теъдоди зиёди муҳоҷирон ва паноҳандагони тоҷик, агарчи, дар Лаҳистон барои пайдо кардани кори расмӣ ва маоши нисбатан хуб имкониятҳое вуҷуд доранд, вале дар муқоиса бо давлатҳои дигари Иттиходи Урупо, дар ин кишвар барои дарёфти мақоми паноҳандагӣ барояшон шонси муваффақият пасттар аст. Ба ҳамини далел аст, ки ағлаби муҳоҷирон ва паноҳҷӯёни тоҷик, аввал, ба ин кишвар ҷо мешаванд, сипас бо гузашти замоне, худсарона ва ё бо кумаки миёнаравоне ба кишварҳои дигари Иттиходи Урупо мераванд. Бо ин ки ҷомеаи муҳоҷрони тоҷик дар Лаҳистон хурду пароканда аст, то ба ҳол нисбат ба ҳалли мушкилоти худ, ки зикраш дар боло омад, ба чиддӣ андеша накарда ва роҳҳои ҳалли ниёзҳои муҳочирон дар ин кишвар номаълум боқӣ мондаанд.
Комбиз Доро
________________
Аз идораи сомона: Гӯшаи “Блоги Шумо” минбари гуногунандешӣ аст ва матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Azda tv” нестанд.