Исроил баъд аз зуҳри 9-уми сентябри соли ҷорӣ бо мақсади аз байн бурдани раҳбарони ҲАМОС ба Давҳаи Қатар ҳамлаи мушакӣ кард.
Дар ҳоле, кисубҳи дирӯз Қатар ҳамлаҳои Исроил ба Сурияву Лубнонро маҳкум кард, вале шоми ҳамон рӯз худаш мавриди ҳамлаи Исроил қарор гирифт.
Гуфта мешавад, артиши Исроил танҳо дар як рӯз (9-уми сентябри соли 2025), аз як тараф бо вуҷуди ҷанг дар Ғазза ва Каронаи Бохтарии Фаластин боз ба чор кишвари дигир, аз ҷумла Сурия, Лубнон, дарёҳои Тунис ва Қатар, ки дар масофаи наздик ба 1 ҳазору 800 километ дуртар аз худаш аст, ҳамла кард.
Ҳамлаи Исроил
Артиши Исроил масъулияти ҳамла ба Қатарро билофосила ба дӯш гирифта, эълон кард, ки ҳадаф аз он террор кардани раҳбарони сиёсии Ҳаракати Муқовимати Фаластин – ҲАМОС, ки барои баррасии пешниҳоди Доналд Тромп барои оташбасти ҷанг дар Ғазза дар шаҳри Давҳа, пойтахти Қатар ҷамъ шуда буданд, анҷом шудааст. (Иттиҳоди Аврупо ва Амрико ҲАМОС-ро як ташкилоти террористӣ мешиносанд.)
Мақомоти исроилӣ бовар доштанд, ки ин ҳамла бо муваффақият анҷом шуда ва дар натиҷаи чанд ҳамлаи пай дар пай раҳбарони ҲАМОС ҳама дар вақти баррасии пешниҳоди Доналд Тромп кушта шудаанд, ба ҳамин хотир яке пайи дигар аз артиш ва мақомоти амнияти дохиливу хориҷӣ барои ин амалиёти террор, ки дар хоки Қатар сурат гирифт, ситоиш мекарданд. Расонаҳои исроилӣ ҳам ба нақл аз Дафтари Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири ин кишвар низ иттилоъ доданд, ки ин ҳамла дар ҳамоҳангӣ бо Амрико ва шахси Доналд Тромп анҷом шудааст. (Бенямани Нетаняҳу бо иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ дар Ғазза тавассути Додгоҳи Байналмилалии Гаага мавриди пайгарди ҷаҳонӣ қарор дорад.)
Исроилиҳо дар авҷӣ шодиву сурур буданд, ки ҲАМОС хабари кушта шудани раҳбаронашро рад карда гуфт, ки ҳамаи онҳо аз ин ҳамла ҷон ба саломат бурданд. Аммо мутаассифона 5 нафар аз масъулин, аз ҷумла писари Халил Ал-Ҳайя ва як корманди амниятии Қатар ҳам дар пайи ин ҳамлаҳо ба шаҳодат расиданд.
Вокуниши ҲАМОС
ҲАМОС дар нахустин вокуниши худ нисбат ба ин ҳамла гуфт, ки хуни раҳбаронаш дар хориҷ ва дар дохили Фаластин аз хуни дигар занону кӯдакон ва ҷавонону пиронсолони фаластинӣ, ки бо гунаҳои мухталиф дар Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ тавассути Исроил ба шаҳодат расонида мешаванд, рангинтар нестанд. Дар ин ҳамла 5 нафар, аз ҷумла чор фаластинӣ бо номҳои Ҷиҳод Лабад Абӯ Билол, Ҳамом Ал-Ҳайя Абӯ Ҳамом (писари Халил Ал-Ҳайя), Абдуллоҳ Абдулвоҳид Абӯ Халил, Муъмин Ҳасуна Абӯ Умар, Аҳмад Абдулмолик Абӯ Молик, корманди амниятӣ аз Қатар ба шаҳодат расидаанд, вале ҳамаи он раҳбароне, ки мақомот ва расонаҳои исроилӣ дар бораи террори онҳо хабар медиҳанд, зинда ва саломат мебошанд.
Ин раҳбарони сиёсие, ки мақомоти исроилӣ аз онҳо ёд мекунанд, Халил Ал-Ҳайя, Зоҳир Ҷабборин ва Холид Мишъал мебошанд. Инҳо касоне ҳастанд, ки раҳбарии ҳайати музокиракунандаи ҲАМОС бо Исроилро ба уҳда доранд. Халил Ал-Ҳайя, раҳбари Дафтари сиёсии ҲАМОС дар Ғазза, Заир Ҷабборин, раҳбари Дафтари сиёсии ҲАМОС дар Каронаи Бохтарӣ ва Холид Мишъал, раҳбари сиёсии Дафтари ҲАМОС дар хориҷ мебошанд.
Мавқеи Тромп
Пас аз он ки ҲАМОС иттилоъ дод, ин амалиёти террори раҳбаронаш номуваффақ будааст, Доналд Тромп, раисҷумҳури Амрико ҳам эълон кард, ки вай анҷоми ин ҳамлаи Исроил ба Қатар хушҳол нест. Телавив ба танҳоӣ ин тасмимро гирифтааст, ва пеш аз оғози ҳамла Стив Витков, намояндаи махсуси Амрико дар умури Ховари Миёна Қатарро аз он огоҳ карда буд.
Аммо Вазорати умури хориҷии Қатар бо маҳкум кардани ҳамлаҳои Исроил ба Давҳа ва ҳадаф қарор додани сарони музокиракунандаи ҲАМОС дар пойтахти ин кишварро амали дур аз тамоми меъёрҳои ҷаҳонӣ ва диплумосӣ хонда, таъкид кард, ки ин “ҷинояти буздилона” бепосух намемонад.
Инчунин Вазорати корҳои хориҷии Қатар афзуд, ки ин гапҳо сиҳат надоранд, ки гӯё Амрико ё касе дигар пеш аз оғози ҳамла Давҳаро хабардор карда бошанд. Ӯ таъкид кард, ки Амрико 10 дақиқа пас аз ҳамла бо онҳо тамос гирифтааст.
Таллаи Тромп
Бисёре аз нерӯҳои сиёсии фаластинӣ дар хориҷ ва хориҷ аз он, ин ҳамларо ба номи “Таллаи Тромп” ёд мекунанд ва Амрикоро низ бо чанд далел бевосита дар анҷоми ин ҳамла масъул медонанд.
Онҳо мегӯянд, ба эътирофи худи мақомоти исроилӣ, артиш ва амнияти дохиливу хориҷии он барои анҷоми ин ҳамла чанд ҳафта пештар тасмимгирӣ ва дар ҳамоҳангӣ бо Амрико ин нақшаҳои худро тарҳрезӣ карда буданд.
Доналд Тромп, ки чанд рӯз пеш эълон карда гуфта буд, ин охирин муҳлат барои ҲАМОС дода мешавад ва бояд ба пешниҳоди Амрико дар хусуси оташбас ва озод кардани гаравгонҳои исроилӣ розӣ шаванд, як фиреб барои ҷамъоварии сарони ҲАМОС барои аз байн бурдани онҳо дар Қатар буд.
Қатар мизбони бузургтарин пойгоҳи низомии Амрико дар Ховари Миёна аст. Қатар яке аз шарикони роҳбурдии низомии Амрико хориҷ аз НАТО мебошад, ва тибқи қарордодҳо Амрико вазифадор аст, ки амнияти Қатарро дар чунин ҳамлаҳо таъмин кунад ва аз ҳокимияти миллии он ҳимоят намояд, аммо шахси раисҷумҳури он аз пушт ба Қатар ханҷар зад.
Амрико ва Қатар
Пас аз ин ҳамла яке аз нухустин суолҳое, ки аксари мардум ва хабарнигорон аз мақомот ва масъулини Қатар мепурсиданд ва то ҳол ин кор давом дорад, он аст, ки чаро Амрико иҷозат дод, ки Қатар мавриди ҳамлаи Исроил қарор бигирад?
Тибқи баъзе маълумот, ҷангандаҳои исроилӣ бо убур аз осмони Урдун ва Арабистони Саудӣ ба Қатар ҳамла карданд. Урдун ва Арбистони Саудӣ ҳар ду аз ҳампаймонони Амрико дар минтақа дониста мешаванд. Масофа байни Исроил ва Қатар ҳудуди 1800 километр аст ва ҷангандаҳои исроилӣ бидуни сӯхтгирӣ ба танҳоӣ ин ҳама масофаро тай карда наметавонанд. (Биноан, бархе расонаҳои ҷаҳонӣ бо такя ба сомонаҳои родарӣ гуфтаанд, ки нерӯҳои Бритониё ва Амрико дар минтақа ба ҷангдаҳои исроилӣ сухтрасонӣ кардаанд. Иттилое, ки ба сурати расмӣ таъйид нашудааст.)
Бо ин вуҷуд, ҳамоно дар байни раҳбарони расмӣ ва ғайрирасмии Амрико ва дигар шарикони роҳбурдиаш дар бораи ин ҳамлаи Исроил ба Қатар иттифоқи назар вуҷуд надорад. Хеле аз ҷонибдорони режими Исроил иддао доранд, ки Телавив ҳаққ дорад, ҳар куҷое хоҳад ва ҳар тавре бихоҳад, душманонашро саркӯб кунад, аммо онҳое, ки бори масъулияти имрӯзу фардои кишварашонро бар уҳда доранд, таъкид мекунанд, ки ҳеч кас ва ҳеч кишваре, аз ҷумла Амрико ва Исроил ҳақ надорад ҳокимияти миллии кишвари дигареро, ба мисли Қатар зери по карда, ба он ҳамла кунад.
Кишварҳои арабӣ
Вокуниши кишварҳои арабӣ ва исломӣ нисбат ба ин ҳодиса тақрибан яксон буда, ҳама – ба гуфти худашон – бо шадидтарин алфоз онро маҳкум карданд. Аммо хеле аз мардум ва дигар гурӯҳҳои сиёсӣ аз раҳбарони худашон дар ин кишварҳо мепурсанд, ки Қатар шашумин кишвари арабӣ аст, ки Исроил тайи ду соли охир ба он ҳамла кардааст, ҳоло шумо бигӯед, фардо навбати кист?
Бо ин вуҷуд, чун аз ибтидо вокуниш ва аксуламали раҳбарият ва мақомоти Қатар нисбат ба Сурияву Лубнон фарқ мекард, ба ҳамин хотир, вокуниши кишварҳои дуру наздик ба ин ҳодиса ҳам хеле тунд ва маҳкум кардани онҳо қавитар буд. Суол ин аст, ки оё кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс ва ҳампаймонони онҳо дар ҳамин ҳад иктифо мекунанд, ки ё ин навбат дар амал коре анҷом хоҳанд дод, вақт муайян мекунад.
Амруллоҳи НИЗОМ, махсус барои AZDA TV