17.9 C
Dushanbe

Интиқод аз Амрикову Тоҷикистон ва кори САҲА дар Варшава

Дар рӯзи сеюми нишасти САҲА дар мавриди санҷиш ва баҳодиҳии ҳуқуқи инсон аз ҳукумати Амрико танқид шуду мухолифони тоҷик аз таъқибу боздошти рӯзноманигорон, зиндониёни сиёсӣ ва фишор болои расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон гуфтанд.

Нишасти навбатии САҲА, ки “Озодиҳои асосӣ” ном дошт ва мавзуъҳои озодии андеша ва баён, озодии ВАО ва бехатарии журналистонро дар бар мегирифт, Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар CPJ зимни суханронияш гуфт, ки дар як соли охир вазъи озодии матбуот ва амнияти рӯзноманигорон дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар минтақаи САҲА ва ҳатто дар бузургтарин кишварҳои демократии ҷаҳон ба таври назаррас бадтар шудааст.

Хонум Гулноза Саид аз ихроҷи рӯзноманигори маъруф Марио Гевара аз Амрико ба хотири гузоришҳои интиқодяш дар бораи фаъолияти пулис ва Хадамоти муҳоҷирати Амрико мисол оварда, таъкид кард, ки ин ҳолат нишонаи афзоиши фишор ба воситаҳои ахбори омма дар муҳити рӯзноманигории Амрико арзёбӣ мешавад.

Илова бар ин, ҳукумати ИМА имсол маблағгузории барномаҳои дастгирии байналмилалиро ба таври назаррас коҳиш дод, ки ин иқдом ба фаъолияти расонаҳои мустақил ва суботи онҳо таъсири манфӣ расонд.

Намоянда CPJ мегӯяд, ки коҳиши маблағгузорӣ ва ё бастани созмонҳои амрикоӣ аллакай ба рӯзноманигорон дар Украина, Молдова ва Гурҷистон таъсир расонда, ба расонаҳои маблағгузоришаванда аз ҷониби Конгресси ИМА, монанди “Радиои Озодӣ”, “Овози Амрико” ва “Радиои Осиёи Озод” хатари басташавӣ таҳдид мекунад.

Хонум Гулноза Саид аз ҳукумати ИМА даъват намуд, ки қарорҳои марбут ба коҳиши маблағгузориро бозбинӣ карда, пуштибонии худро аз рӯзноманигороне, ки ба миллионҳо нафар иттилои мустақил мерасонанд, дубора оғоз намояд.

Ӯ зимни суханронияш аз вазъи рӯзноманигон дар Осиёи Марказӣ ёдовар шуда, таъкид кард, Тоҷикистон дар ин минтақа аз ҳама зиёд рӯзноманигорони зиндонӣ дорад, ки яке аз онҳо рӯзноманигори маъруф ва ҳомии ҳуқуқ Уфлатхонум Мамадшоева мебошад, ки ба 20 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шудааст.

Хонум Гулноза Саид аз кишварҳои узви САҲА даъват кард, ки амнияти рӯзноманигоронро назорат кунанд ва бо нақзи озодии матбуот мубориза баранд ва барои нақз ҳамдигарро ба ҷавобгарӣ кашанд. 

Гуфта намешавад, дар нишасти имсола намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон ҳузур надоранд, то дар ин маврид чизе бигӯянд. Аммо фаъолон, рӯзномангорон ва мухолифони тоҷик мисли солҳои қабл фаъоланд.

Аз ҷумла, Дилшод Шарипов, раҳбари ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”, ҳукумати Тоҷикистонро ба монополияи иттилоотӣ ва канор задани овозҳои мустақил муттаҳам намуда, таъкид кард, ки ҷомеа дар кишвар аз дастрасӣ ба иттилои объективӣ маҳрум аст.

Инчунин Шарипов гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон қудратро ғайриқонунӣ ба даст гирифтааст ва созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон аз шиканҷа, қатл ва ҷиноятҳои ин режим огоҳанд.

Ӯ таъкид кард, ки мухолифон ва фаъолони тоҷик аз соли 2016 дар хориҷ бо далел аз ҷиноятҳои режими Раҳмон мегӯянд, аммо Тоҷикистон чор сол пай дар пай нишастҳои САҲА-ро нодида мегирад, тавсияҳо ва уҳдадориҳои ин созмонро иҷро намекунад ва пайваста оини онро поймол мекунад ва ҳатто дар интихоботи порлумонии моҳи март нозирони САҲА-ро роҳ надод.

Ба гуфтаи раҳбари “Гурӯҳи 24”, САҲА таъсири худро аз даст додааст ва ба як сохтори бюрократӣ табдил ёфтааст, ки наметавонад ба буҳронҳои байналмилалӣ самаранок посух гӯяд ва ба як ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад.

Ӯ таъкид кард, ки Русия аллакай чор сол аст, ки ба Украина ҷанг эълон кардааст, аммо то ҳол узви САҲА боқӣ мондааст.

“Агар хориҷ кардани Русия душвор бошад, ҳадди ақал марионеткаи Русия — Раҳмон, ки Тоҷикистонро дар САҲА намояндагӣ мекунад, хориҷ кунед. Шумо мегӯед, ки дар оиннома тартиби хориҷ кардани кишвар аз созмон пешбинӣ нашудааст. Кӣ ба шумо монеъ мешавад, ки оинномаро тағйир диҳед? САҲА аз созмони байналмилалии таъсиргузор ба як ниҳоди бюрократӣ табдил ёфтааст, ки наметавонад ба чизе таъсир расонад. Ба ин толори нисбатан холӣ нигаред, ки дар он 50-умин солгардаш конфронс баргузор мешавад. Дар ин рӯзҳо шумо намояндагони расонаҳои ҷаҳонӣ, аврупоӣ ё маҳаллиро дидаед? Шумо ҷараёни кори ҳатто як рӯзноманигоре, ки ин чорабинӣ таҳлил мекунад, дидаед?” – мегӯяд Дилшод Шарипов

Дар охир ӯ аз масъулини ин нишаст пурсид, ки ба онҳо сифати кор муҳим аст ва ё миқдори кишварҳои узв?

“Агар сифат лозим бошад, бояд сохтор ва оинномаро тағйир диҳед. Агар миқдор муҳим бошад, Венесуэла, Эритрея ва Куриёи Шимолиро ба созмон қабул кунед ва шумораи аъзоҳо ба 60 мерасад. Ва охирин чиз, ҳозирини гиромӣ, лутфан назарсанҷӣ байни ҳамаи иштирокдорони конфронс дар бораи фаъолиятҳоятон гузаронед. Ман ба шумо кафолат медиҳам, ки посух қонеъкунанда нахоҳад буд.” – гуфт раҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”.

Инчунин дар нишасти имрӯзӣ Мухаммадҷон Кабиров, рӯзноманигор ва мудири расонаи мустақили Azda TV аз вазъи озодии матбуот дар Тоҷикистон интиқод карда, гуфт, ки аз соли 2015 мақомот ба таври систематикӣ озодии баёнро маҳдуд карда, матбуоти мустақилро пӯшонида ва рӯзноманигоронро таъқиб мекунанд.

Ба гуфтаи Кабиров, нашрияҳои мустақил ба монанди “Najot”, “Nigoh” ва “Ozodagon” дар дохили Тоҷиктсон маҷбур шуданд, ки фаъолияташонро қатъ кунанд ва имрӯз ба Радиои Озодӣ низ басташавӣ таҳдид мекунад.

Кабиров таъкид кард, ки бо нест кардани расонаҳои дохилӣ, расонаҳои гуреза пайдо шуданд, то иттилооти мустақилро таъмин кунанд. Аммо бе дастгирии байналмилалӣ бисёре аз онҳо, мисли “Bombod“, “Akhbor” ва дигарон аллакай фаъолияти худро қатъ карданд. Ҳоло ягона овози мустақил дар табъид Azda TV аст. Вале расонаи ӯ бо буҳрони молиявӣ рӯбарӯ аст ва хешовандони рӯзноманигорон дар Тоҷикистон дар зери фишор ва таҳдиди доимии мақомот қарор доранд.

Ӯ таъкид кард, ки дар солҳои охир фишору таъкиби рӯзноманигорн ба сатҳи нав расида, чандин рӯзноманигори маъруф, аз ҷумла Ахмад Иброҳим, Рухшона Хакимова, Уфлатхон Мамадшоева, Далери Эмомалӣ ва дигарон ба хотири иҷрои вазифаи журналистӣ ва таҳқиқотӣ бо ҷурмҳои сохта ва муддатҳои дароз маҳкум ба зиндон шуданд.

“Ин одамон ҷинояткор нестанд — онҳо рӯзноманигоранд. Ягона “гуноҳи” онҳо ин гуфтани ҳақиқат аст. Ва ҳақиқат ҳеҷ гоҳ ҷиноят набояд бошад” – мегӯяд Муҳаммадҷон Кабиров.

Мухамадҷон Кабиров ба ҷаҳониён хотиррасон кард, ки фишор ва дастгирии байналмилалӣ таъсир дорад, вақте ки рӯзноманигор Хайрулло Мирсаидов соли 2017 боздошт шуда буд, фишорҳои байналмилалӣ сабаб шуд, ки соли 2018 озод шавад.

Ӯ зимни суханронияш даъват кард, ки аз Механизми Маскави САҲА барои таҳқиқи таъқиби рӯзноманигорон истифода шавад, ба мақомоти Тоҷикистон тавассути каналҳои дипломатӣ фишор оварда шавад, расонаҳои мустақил, бахусус Azda TV, дастгирӣ шаванд ва рӯзноманигорони зиндонӣ бо ҷоизаҳои байналмилалӣ сарфароз гарданд.

Инчунин Муҳаммадҷон Кабиров дар охир гуфт, ки “Даҳ сол пеш мо умед доштем, ки саркӯбҳо дар Тоҷикистон аз байн мераванд. Аммо онҳо амиқтар, ториктар ва систематикитар шуданд. Бо вуҷуди ин, ман ҳамоно ба қудрати ҳамбастагӣ ва принсипҳои САҲА бовар дорам. Агар мо имрӯз якҷоя амал кунем, метавонем ба озод кардани ин рӯзноманигорон кумак расонем ва ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро барои дасрасӣ ба ҳақиқат ҳимоят намоем”.

Ва хотиррасон кард, ки “Озодии баён ё расона як имтиёз нест, балки хаққи аввалияи шаҳрвандон мебошад”.

Дар нишасти имрӯза мухолифи тоҷик Убайдулло Саидӣ низ суханронӣ карда, изҳор дошт, ки озодии баён ва амнияти рӯзноманигорон дар Тоҷикистон ба сатҳи нигаронкунанда расидааст.

Ба гуфтаи ӯ, озодии баён ва матбуот танҳо калимаҳо дар коғаз нестанд, балки ниёзҳои асосии ҳар як ҷомеаи озод мебошанд. Саидӣ таъкид кард, ки рӯзноманигорон ҳақиқатро мегӯянд, аз ҳокимон ҳисоб талаб мекунанд ва ба ҷомеа имконият медиҳанд, ки маълумоти дуруст дошта бошад. Аммо дар Тоҷикистон, зери ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, озодии матбуот қариб аз байн рафтааст.

Ин мухолифи тоҷик илова кард, ки дар соли 2022 танҳо 92 ҳолати фишор ба расонаҳо ва рӯзноманигорон сабт шудааст — аз фишорҳои молиявӣ то муҳокимаҳои сохта. Зери чунин фишор, бисёр расонаҳо баста шуданд ё ба хориҷ кӯчиданд ва рӯзноманигорон маҷбур шуданд кори худро қатъ кунанд, то аз таъқиб эмин монанд.

“Вақте ки рӯзноманигорон наметавонанд озодона кор кунанд, мардум ҳақиқатро намешунаванд. Озодии матбуот туҳфа нест — ин ҳуқуқи инсон аст, ки бояд тавассути қонунҳо ҳифз шавад ва аз ҷониби ҷомеа эҳтиром ёбад”, мегӯяд ӯ.

Дар поён Убайдулло Саидӣ даъват кард, ки ҷомеаи байналмилалӣ ба вазъи рӯзноманигорон дар Тоҷикистон аҳамияти бештар диҳад ва барои ҳифзи онҳо аз фишор ва таъқиби сиёсӣ иқдомҳои воқеӣ андешад.

Намояндаи Паймони Миллии Тоҷикистон Илҳомҷон Яқубов бошад дар ин нишаст ба ҳолати ҳуқуқи инсон ва фишор ба журналистон дар Тоҷикистон ишора карда, гуфт, ки бо вуҷуди интиқоди шадиди созмонҳои байналмилалӣ, Ҳукумат на танҳо фишорҳоро кам накардааст, балки онҳоро бештар кардааст.

Ба гуфтаи Яқубов, дар Тоҷикистон маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ба як «меъёри маъмулӣ» табдил ёфтаааст ва ҳатто ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон барои матбуот “хатҳои сурх”, мисли манъи танқиди президент, аъзои оилаи ӯ ва дигар мансабдоронро муайн кардааст ва барои вайрон кардани он рӯзноманигорон аккредитатсияро аз даст медиҳанд, ба рӯйхати сиёҳ дохил мешаванд ё равонаи зиндон мегарданд.

Илҳомҷон Яқубов гуфт, ки ҳоло дар зиндонҳои Тоҷикистон рӯзноманигорон Ҳикматулло Сайфуллозода, Абдулло Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Завқибек Саидаминӣ, Улфатхонум Мамадшоева, Маҳмадалӣ Ҳайит, Аҳмадшоҳ Комилзода, Раҳматулло Раҷаб, Абдуқаҳҳор Давлат, Абдуқодири Рустам ва Рухшона Ҳакимова қарор доранд ва баъзе аз онҳо ҳатто ба ҳабси якумрӣ маҳкум шудаанд.

“Имрӯз на танҳо рӯзноманигорон, балки ҳар як шаҳрванд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ назари интиқодӣ менависад ё ҳатто танҳо “лайк” мегузорад, метавонад ба зиндон афтад”, — гуфт Яқубов.

Ӯ афзуд, ки тибқи иттилои расмии муовини Додситони кулли Тоҷикистон, дар ҳафт соли охир беш аз 1500 шаҳрванди кишвар танҳо барои “лайк” гузоштан дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт ва зиндонӣ шудаанд. “Дар ҷаҳон ҳеҷ кишвари дигаре нест, ки барои як “лайк” зиёда аз 1500 нафарро ба зиндон андозад”, — таъкид кард ӯ.

Дар поён Илҳомҷон Яқубов аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват намуд, ки ба ҳукумати Тоҷикистон фишор оваранд, то ҳамаи рӯзноманигорони зиндонишударо озод намояд ва ба таъқиби шаҳрвандон барои ақида ва изҳори назар хотима бахшад.

Бояд гуфт, дар нишасти дирӯза низ, ки бахшида ба масъалаҳои башардӯстона ва институтҳои демократӣ буд, мухолифони тоҷик ширкати фаъол ва суханрониҳо доштанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Як зани тоҷикро дар Русия кушта, ҷасадашро оташ заданд

Ҷамила Нурзод, як зани 30-солаи тоҷик рӯзи 21-уми сентябр аз ҷониби як шаҳрванди Русия бераҳмона кушта шуд.

HRW: Тоҷикистон бояд Путинро боздошт кунад

Созмони дидбони ҳуқуқи башар (HRW) аз Тоҷикистон хост, ки Валадимир Путинро ҳангоми сафараш ба Душанбе боздошт кунад.

То соли 2030 электросамокатҳо аз кӯчаҳои Душанбе бароварда мешаванд

Дар Тоҷикистон то соли 2030 ҳаракати электросамокатҳо, электроскутерҳо ва дигар василаҳои инфиродии нақлиёт манъ мешавад.

Дар Душанбе бозорҳо ва чанд масҷид барои муддате баста мешаванд

Аз 8-ум то 12-уми октябри соли ҷорӣ ҳаракати нақлиёт дар пойтахти Тоҷикистон муваққатан маҳдуд хоҳад шуд.