Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Брюссел бо чанде аз мақомдорони аврупоӣ дидор кард.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКХ, 18-уми ноябри соли ҷорӣ, Муҳриддин бо вазири федералӣ дар мавриди паноҳандагон, муҳоҷират, фарогири иҷтимоӣ ва сиёсати шаҳрдории Подшоҳии Белгия хонум Аннелин ван Боссёйт мулоқот карда, аз дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Белгия дар самти муҳоҷирати корӣ, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва рушди иртиботи тиҷоратӣ гуфтугӯ карданд.
Ва пас аз мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин ва Аннелин ван Боссёйт дар ин маврид Ёддошти ҳусни тафоҳумро ба имзо расониданд.
Инчунин вазири тоҷик дар Брюссел бо комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои дохилӣ ва муҳоҷират Магнус Бруннер низ мулоқот карда, ҷонибҳо ҳамкории фарогири Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро дар бораи таҳкими марз ва муқовимат ба чолишҳои амниятӣ, аз қабили муборизаи муштарак бо терроризм ва экстремизмро баррасӣ кардаанд.
Дар мулоқот бо Бруннер дар бораи ба сатҳи шарикии стратегӣ баровардани ҳамкориҳои минтақавӣ, таҳкими иртибот, соддагардонии раванди дарёфти раводид (виза) ва танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ низ гуфтугӯ сурат гирифтааст.
Инчунин ҷонибҳо муколамаи Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупоро дар чаҳорчӯби ҳамкориҳо бо Агентии ҳифзи марзи сарҳадӣ ва соҳилии Иттиҳоди Аврупо (FRONTEX) ва Дафтари афсари тамоси аврупоӣ дар умури бозпасгардонии шаҳрвандон дар минтақаи Осиёи Марказӣ (EURLO) баланд арзёбӣ карда, аз идомаи ин равобит гуфтаанд.
Ҳамон рӯз Муҳриддин бо вакили Парлумони Аврупо, узви ҳайати Парлумони Аврупо оид ба равобит бо Осиёи Марказӣ, Тиерӣ Мариянӣ низ мулоқот карда, дар ҷараёни суҳбат дурнамои ҳамкории байнипарлумонӣ, рӯзномаи дуҷониба ва масъалаҳои байналмилалӣ, амнияти минтақавӣ ва чолишҳои муосири муштаракро мавриди муҳокима қарор додаанд.
Ин дидору гуфтугӯҳо дар мавзуи муҳоҷират ва паноҳандагон дар ҳоле сурат мегиранд, ки як гурӯҳ аз мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон баъди соли 2015 ба кишварҳои аврупоӣ паноҳанда шуданд ва дар чанд соли охир чанде аз онҳо, аз ҷумла Абдуллоҳи Шамсиддин, Билол Қурбоналиев ва Дилмурод Эргашов аз Олмон, Фарҳод Неъматов аз Шветсия, Фаррух Икромов аз Лаҳистон ва Ҳизбуллоҳ Шовализодар аз Австрия ба Тоҷикистон ихроҷ шудаву барои солҳои тулонӣ равонаи зиндон гаштаанд. Ва мақомоти кишвар талош доранд мухолифони бештари худро аз кишварҳои аврупоӣ ба Тоҷикистон баргардонанд.
Ҳамзамон маълум нест дар ин мулоқотҳо вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва таҳрими 3 бонки Тоҷикистон аз ҷониби ИА баррасӣ шудааст ё на. Чун чанде пеш зимни нишасти намояндагони Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел, аз вазъи бади ҳуқуқи инсон, озодии баён ва зиндонҳо дар Тоҷикистон интиқод шуда буд ва намояндагони ИА озодии маҳбусони сиёсиро таллаб карда буданд.
Ҳамчунин 23-уми октбяри соли ҷорӣ, Иттиҳоди Аврупо бастаи 19-уми таҳримҳоро алайҳи Русия қабул намуд, ки ба рӯйхати нав, на танҳо бонкҳои русӣ, балки муассисаҳои молиявии хориҷӣ, аз ҷумла се бонки Тоҷикистон низ шомил шудаанд. Брюссел ин бонкҳоро ба кумак дар сарпечӣ аз маҳдудиятҳои қаблӣ ва маблағгузории иқтисодиёти низомии Русия муттаҳам мекунад.
Тибқи қарори нави Шӯрои ИА, нисбати “Спитаменбонк”, “Душанбе сити бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” таҳрим ҷорӣ шуда, ҳеч ширкату афроди алоҳидаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҳақ надоранд, бо ин се бонк аз Тоҷикистон муомилоти молӣ анҷом диҳанд.
