Волидайни хонандагони як мактаби шаҳри Ваҳдат аз пулҷамъкунии директор ба дод омадаанд

Волидайни чанде аз хонандагони мактаби рақами 133 ба номи Абдухолиқов Аслиддини шаҳри Ваҳдат аз ҷамъоварии беҳудаи маблағ аз ҷониби директор Розиқова Дилафруз шикоят доранд.

Як сокини деҳаи Гулафшони ҷамоати Симиганҷ, ки мактаб дар ҳамин деҳа ҷойгир аст бо шарти ифшо нашудани номаш ба Azda.tv гуфт, ки дар ин мактаб тақрибан 1900 хонанда таҳсил мекунад ва дар баъзе оилаҳо 4–5 фарзанд дар ҳамин муассиса мехонанд.

Ҳамчуҳбати мо ки бо гиря сухан мекард, мегӯяд, ки шароити хуби зиндагӣ надоранд ва болои ин маъмурияти мактаб қариб барои ҳар масъала аз падару модарон маблағ талаб мекунад ва аз ин кор ба дод омадаанд.

“Қариб ҳар моҳ баҳонаи нави ҷамъоварии маблағ пайдо мешавад. Гоҳ мегӯянд, ки дарро таъмир кардан лозим аст, гоҳ барои харидани бӯр ва гоҳ барои таъмири мактабу харидани ашёи дигар пул талаб мекунанд. Бори охир аз ҳар хонанда барои кандани ҳоҷатхона 50 сомонӣ ва барои таъмири роҳ 1000 сомонӣ ҷавъоварӣ кардаанд. Мо намедонем, ки маблағҳое, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва Ҳукумат ҷудо мешавад дар асл ба куҷо сарф мешаванд, ки директор аз мо маблағ талаб мекунад“, — мегӯяд ин сокини деҳаи Гулафшон.

Ҳамчунин, ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати Azda tv, ҳамин мактабро сокинон аз пули худашон таъмир карда буданду дару тиреза часпонда буданд.

Як сокини дигари шаҳри Ваҳдат ба Azda.tv гуфт, ки дар баробари супоридани “пули моҳонаи мактаб” барои таҳсил директор Розиқова Дилафруз ба мактаб рӯймолча барои духтарон ва галстук барои писарон барои фурӯш меорад ва муаллимаҳоро маҷбур мекунад онҳоро ба хонандагон фурӯшанд. Дар сурати нафурӯхтан аз маоши омӯзгорон кам мекунад. Ба иддаои ӯ, раҳбари мактаб аз маблағҳои ҷамъкардааш аз хонандагон барои худ хонаи боҳашаммате сохтааст, ки бо маоши омӯзгорӣ наметавон соҳиби чунин хона шуд.

“Мо шунидаем, ки вазири маориф ва илми Тоҷикистон борҳо таъкид кардааст, ки волидайн барои таҳсил ё эҳтиёҷоти мактаб набояд маблағ пардохт кунанд. Пас чаро дар мактаби мо чунин талабот вуҷуд дорад ва ниҳодҳои марбута ба куҷо нигоҳ мекунанд” — мепурсанд волидайни яке аз хонандагони мактаби рақами 133.

То ҳол ба Azda.tv муяссар нашуд, ки назари директори мактаб Розиқова Дилафруз ва масъулини Вазорати маорифи кишварро дарёфт кунад. Дар сурати пайдо шудан назари онҳо низ дар ин маврид онро нашр хоҳад кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.