Бо шиддат ёфтани маҳдудияти барқ дар тамоми Тоҷикистон, чанде аз блогерони наздик ба Ҳукумат дар шабакаҳои иҷтимоӣ талош доранд, ки ин мушкилро ба “боришоти ками борон” ва “буҳрони камобӣ” рабт дода, норозигии афзояндаи мардумро коҳиш диҳанд.
Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон низ дар саҳифаҳои худ дар Фейсбук навориеро нашр кардааст, ки дар он маҳдудияти шадиди барқ ба тағйироти иқлимӣ ва сатҳи поини об дар обанборҳо марбут дониста мешавад. Яке аз ин блогерон ҳатто шикоятҳои мардум аз бебарқиро “фитна” номида, мегӯяд: “Баъзе истифодабарандагони интернет ва ба ном блогерон, вақте барқ хомӯш мешавад, сторис мегузоред ва фитна мекунед. Мо худамон дорем худро паст мезанем. Дар чунин ҳолатҳо бояд сабр кунем”.
Дар ин наврои видеоӣ як нафар, ки гуфта мешавад аз мутахасисони НБО Норак аст, иброз медорад, ки сатҳи об дар обанбор нисбат ба соли гузашта се метр камтар аст. Ба гуфтаи ӯ, обро “барои рӯзҳои вазнин” захира мекунанд ва “дар сурати зиёд шудани боришот, вазъ беҳтар мешавад”.
Ин навори видеоӣ баҳси доғеро дар байни корбарон бабор оварда, аксарият камобиро “баҳона”-и мақомдорон медонанд.
Корбаре бо номи Сафаралӣ Саторов навиштаст: “Ҳамааш афсона. Агар ба гуфти мутахассисони соҳаи барқ гӯш кунем, онҳо фақат як баҳона доранд: имсол нисбат ба соли гузашта об дар обанбор 3–4 метр камтар аст. Агар ҳаминро ба 10 сол гузашта ҷамъ кунем, бояд ҳоло обанбор 30–40 метр камобӣ медошт. Ягон баҳонаи дигар ёбед, барқчиён.”
Корбари дигаре менависад: “Агар хона гарм бошад, барқ дигар зарур нест, ба торикӣ дигар одат кардаем. Ман фикр мекунам, агар як шаб коргарони барқро ба ошёнаи 11 фиристем, барқро хомӯш карда, дар он ҷо бихобанд, намедонам чӣ мегуфта бошанд ва киро ҳақорат мекарда бошанд.”
Истифода барандаи дигар бо номи Хуршед Зарифзодам аз бе адолатӣ дар маҳдудияти барқ ишора карда менависад: “Лимит бояд барои ҳама яксон бошад. Дар хонаи раисону мансабдорон барқ ҳаст, вале дар хонаи деҳқон муъалиму духтур барқ нест.”
Сокинони биноҳои баландошёна мегӯянд, ки қатъи барқ ҳаёти онҳоро ба мушкил рӯбарӯ кардааст, зеро бе барқ истифода аз лифт, дастрасӣ ба оби тоза ва бисёр нигоҳубини рӯзмарра номумкин мешавад. Дар ҳамин ҳол, талоши ҷонибдорони Ҳукумат барои вобаста кардани лимити барқ ба камборишӣ ва мушкилоти иқлимӣ, дар шароити афзоиши норозигии мардум, баҳсу мунозираҳои зиёдеро ба миён овардааст.
Ин дар ҳолест, ки Ҳукумат бори аввал расман маҳдудияти барқро дар саросари кишвар тасдиқ карда, ба сокинон бо тариқи паёмак нома фиристонд. Солиёни зиёд мардум дар фасли зимистон бо камбуди нерӯи барқ рӯ ба рӯ мешуданд, аммо имсол ҳатто шаҳрҳои бузург ва пойтахт ҳам аз хомӯш шудани барқ бе насиб намондан.
