Боздошти судя бо иттиҳоми гирифтани пора

Додрас (судя)-и Додгоҳи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар вилояти Хатлон бо иттиҳоми гирифтани пора дастгир шуд.

Тавре Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар медиҳад, Самандари Қ. аз 4 марти соли 2025 то индам дар вазифаи додраси Додгоҳи ноҳияи мазкур фаъолият менамуд, тафтишот муайян кард, ки номбурда ҳангоми фаъолияти корӣ даст ба ҷинояти порагирӣ задааст.

Бар асоси иттилои Агентии зидди фасод, Самандари Қ. моҳи октябри соли 2025 зимни муҳокимаи додгоҳии парвандаи ҷиноятӣ нисбати айбдоршаванда Н.Д.С. “аз номбурда барои таъини ҷазои нисбатан сабук маблағи 75000 сомониро ба сифати пора талаб карда, худи ҳамон вақт маблағи 50000 сомониро дар утоқи кориаш гирифт.”

Гуфта мешавад, Самандари Қ. маблағи боқимондаи 25000 сомониро тахминан охирҳои моҳи октябри соли 2025 аз айбдоршаванда Н.Д.С. дар утоқи кориаш гирифтааст. Номбурда дар лаҳзаи гирифтани ин маблағ дар утоқи корияш аз тарафи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дастгир шуд.

Бино ба иттилои Агентии зидди фасод, нисбати Самандари Қ. аз ҷониби ин ниҳод бо моддаи 319 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуд ва аллакай таҳқиқи парванда ба поён расида, барои эълони ҳукм он ба додгоҳ фиристода шудааст.

То ҳанӯз назари худи додрас ва вакили дифоъ ё наздиконаш дастрас нест. Аммо моддаи ҷиноятие, ки бар зидди ӯ эълон шудааст, дар ҳоли тасдиқи айбдорӣ ӯро аз 5 то 10 соли зиндон бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян аз 3 то 5 сол ва инчунин мусодираи амволаш таҳдид мекунад.

Ин бори аввал нест, ки мақомдорони баландпоя дар Тоҷикистон даст ба ришва ва порагирӣ мезананд. Агентии зидди фасод 13-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ аз боздошти 21 мансабдоре хабар дод, ки дар соли 2025 даст ба амалҳои коррупсионӣ ва дуздии амволи давлатӣ задаанд.

Омори Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон баёнгари он аст, ки сатҳи фасод дар кишвар то рафт афзоиш меёбад. Ин ҳам дар ҳолест, ки созмони Transparency International “Индекси дарки фасод”-ро барои соли 2025 нашр кард, ки Тоҷикистон бо гирифтани 19 хол аз 100 дар миёни 182 кишвари ҷаҳон дар ҷои 166-ум қарор гирифт.

Коршиносон мегӯянд, фасод ва ришва дар Тоҷикистон ниҳодина шудааст. Аз як сӯ агар маоши пасту шароити душвор аксари мақомдорони тоҷикро ба чунин кор маҷбур созад, аз сӯи дигар назорати начандон қавӣ ва олуда будани худи нозирони фасод ба ришва дигаронро водор месозад, ки даст порагирӣ ва ришва бизананд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар 29 сол 29 ҳазор мутахассис бо квотаи президентӣ: чандтои онҳо сари коранд?

Аз соли 1997 то имрӯз 29 ҳазор донишҷӯ тариқи квотаи президентӣ пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳҳои давлатӣ шомил шудаанд.

Сокини 24-солаи “Дарвоз” ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Давлатов, ҷавони 24-сола ва сокини маҳаллаи "Дарвоз"-и пойтахтро бо иттиҳоми "тундгароӣ" ба панҷуним соли зиндон маҳкум кардааст.

Ҳиндустон аз Русия хост, ҷанг бар зидди Украинаро поён бахшад

Нарендра Моди, сарвазири Ҳиндустон, аз президенти Русия Владимир Путин хост, ки ба ҷанги зидди Украина хотима бахшад.

Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек: аз мулоқот бо Пизишкиён то гуфтугӯ бо намояндагони ИМА

Раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба Бишкек рафт.