Маркази ҳамоҳангсозии асирони ҷангии Украина “Хочу жить” кушта шудани ҳудуди 1400 зархаридро аз Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби Русия алайҳи Украина меҷангиданд, тасдиқ кардааст.
Тибқи оморе, ки ин марказ 24-уми феврали соли ҷорӣ нашр кард, дар ин ҷанг, ки чор сол боз идома дорад дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Русия 481 зодаи Узбекистон, 466 зодаи Тоҷикистон, 270 аз Қазоқистон, 143 аз Қирғизистон ва аз Туркманистон 27 кас кушта шудаанд.
Чанде пеш масъулони лоиҳаи “Хочу жить” дар посухи катбӣ ба Azda.tv гуфта буданд, ки то аввали соли 2026 дар ихтиёраш маълумоти шахсии беш аз 11 ҳазор шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказиро дорад, ки дар сафи артиши Русия зидди Украина ҷангида истодаанд ё кушта шудаанд. Дар байни онҳо 3079 шаҳрванди Тоҷикистон, 4287 аз Узбекистон, 2045 аз Қазоқистон, 1262 аз Қирғизистон ва 488 аз Туркманистон мебошанд.
Ҳамчунин ин марказ дар бораи асирон гуфта буд, ки шумораи дақиқи асирони ҳарбӣ — ҳам шаҳрвандони Русия ва ҳам шаҳрвандони дигар кишварҳоро ифшо карда наметавонад, аммо шумораи умумии асирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аз сад нафар бештар буда, ин нишондиҳанда ҳар ҳафта афзоиш меёбад ва шумораи бештари асирони ҳарбӣ дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.
Бояд гуфт, ин танҳо маълумоти шахсии афродест, ки лоиҳаи “Хочу жить” дар дасташ дорад ва шумораи шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби Русия бар зидди Укриана ҷангида истодаанд ва ё кушта шудаанд, метавонад чандин баробар бештар бошад. Чун аввали соли 2025 раҳбари Маъмурияти байналмилалии исломӣ муфтӣ Шафиқ Пшихачев дар ҷаласаи Палатаи ҷамъиятии Федератсияи Русия гуфта буд, ки танҳо аз Тоҷикистон беш аз 8 ҳазор нафар дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.
Маркази ҳамоҳангсозии асирони ҷангии Украина “Хочу жить” мегӯяд, зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳоро мақомоти Русия бо роҳҳо гуногун ба ҷанги зидди Украина ҷалб мекунад, аз ҷумла бо ваъдаи додани шаҳрвандии Русия ва миллионҳо рубл, ҳамчунин ба зиндониён дар ивази ҷангидан ваъдаи озодӣ медиҳанд.
Бояд гуфт, мақомоти Тоҷикистон то ҳол ягон нафарро барои иштирок дар ҷанги зидди Украина боздошт ё зиндонӣ накардааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи қонунҳои кишвар иштирок дар ҷангҳои хориҷӣ ҷавобгарии ҷиноӣ дорад.
Ҳамзамон додситони кулли Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода зимни нишасти матбуотие ба хабарнигорон гуфта буд, ки дар бештар аз се соли охир касеро барои иштирок дар ҷанги Украина ҷазо надодаанд, чун баъзе аз онҳо душаҳрвандӣ доранд ва ҳар нафаре, ки шаҳрвандии ягон кишварро қабул кунад, талабот ва уҳдадориҳои он давлатро бояд риоя кунад.
Иддаои ин мақомдори тоҷик дар ҳолест, ки борҳо муҳоҷирони тоҷики бе шаҳрвандии Русия аз ҷалби иҷборияшон ба артиши ин кишвар шикоят карда буданд ва дар аксар ҳолат ба муҳоҷирон пас аз адои хидмат ё бастани шартнома бо Қувваҳои мусаллаҳи Русия ҳуҷҷати ин кишвар дода мешавад.
Ҳатто Маркази ҳамоҳангсозии асирони ҷангии Украина “Хочу жить” низ навишта буд, ки мақомоти Русия ҳангоми рейд аз зӯроварӣ ва фишори равонӣ нисбат ба муҳоҷирони Осиёи Марказӣ истифода бурда, онҳоро боздошт карда, баъдан маҷбур месозанд то бо Қувваҳои мусаллаҳи Русия бо ваъдаи шаҳрвандӣ ё пули зиёд шартнома имзо намоянд. Дар сурати рад кардан, муҳоҷиронро бо зиндон ё ихроҷ кардан таҳдид мекунанд ё ҳатто латтукӯб менамоянд.
Пас аз ворид шудан ба артиш, тоҷиконро аксар вақт дар воҳидҳои ҷудогона ҷамъ карда, ба минтақаҳое мефиристанд, ки талафот дар онҷо махсусан зиёд аст.
