Дар соли 2025 беш аз 2 миллион сайёҳ аз Тоҷикистон боздид кардаанд

Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон бо нашри оморе мегӯяд, ки соли гузашта 2 миллиону 104,7 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ аз кишвар боздид кардаанд. Аммо ба буҷаи кишвар чӣ қадар даромад овардаанд, маълум нест.

Бино ба иттилои ин ниҳод, омадани сайёҳони хориҷӣ ба кишвар нисбат ба солҳои қаблӣ бештар шудааст. Аз ҷумла, омори соли 2025 нишон медиҳад, ки омадани гардишгарон ба кишвар нисбат ба як соли пеш 501,4 ҳазор нафар ё 31,3 дарсад бештар аст.

Мутобиқи маълумоти Агентии омори кишвар, 91,8 дарсади гардишгарони хориҷӣ, ки 1 миллиону 932,8 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, шаҳрвнадони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) будаанд. Аз ин шумор 1 миллиону 634,5 ҳазор нафари онҳо маҳз бо мақсади сайёҳат вориди Тоҷикистон шудаанд.

Шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки аз кишварҳои хориҷии дур ба ҷумҳурӣ омадаанд, 171,9 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки аз ин шумор 149,9 ҳазор нафари онҳо сайёҳон будаанд.

Бар асоси маълумоти Агентии омори кишвар, аз байни умуми гардишгарони хориҷии соли 2025 дар ҷои аввал шаҳрвандони Узбекистон будаанд, ки шуморашон ба 1 миллиону 117,8 ҳазор нафар ё 53,1 дарсадро ташкил додааст. Дар ҷои дуюм шаҳрвандони Русия бо беш аз 617,5 ҳазор нафар ё 29,3 дарсад, дар ҷои сеюм Қирғизистон — 141,3 ҳазор нафар, ҷои чорум Қазоқистон – 39,3 ҳазор нафар ва дар ҷойи панҷум Туркманистон – 6,6 ҳазор нафар аз Тоҷикистон дидан карданд.

Аммо шаҳрвандони кишварҳои дур бошад, Чин- 42,2 ҳазор нафар, Афғонистон — 18,7 ҳазор нафар, Эрон – 14,5 ҳазор нафар, ИМА зиёда аз 13 ҳазор нафар, Олмон зиёда аз 8 ҳазор нафар, Туркия – 6,8 ҳазор нафар ва боқӣ сайёҳон аз кишварҳои Ҳиндустон, Ҷопон, Итолиё, Фаронса, Австрия ғайра будаанд.

Агентии омори Тоҷикистон бо нашри ин матлаб нагуфтааст, ки бо афзоиши шумори гардишгарон дар соли 2025 чӣ миқдор маблағ ба буҷети кишвар ворид шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.