Баррасии лоиҳаи қонуни зидди “анклавҳои муҳоҷирон” дар Думаи давлатӣ

Баъзе аз вакилони Думаи давлатии Русия мехоҳанд, ба мақомоти маҳаллӣ ҳуқуқ дода шавад, ки тавонанд мустақилона дар бораи шаҳрвандони хориҷӣ қарори дахлдор қабул кунанд.

Ин тарҳро гурӯҳе аз вакилон ба Думаи давлатии Русия пешниҳод кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, бояд ба мақомоти маҳаллӣ ҳуқуқ дода шавад, то мустақилона қарор қабул карда тавонанд, ки шаҳрвандони хориҷиро ба қайди муҳоҷиратӣ мегиранд ё чунин бақайдгириро дар ҳудуди минтақа пурра манъ мекунанд. Ба андешаи муаллифон, бо ин ташаббус метавон аз ташаккули анклавҳои муҳоҷирон дар минтақаҳои гуногуни Русия пешгирӣ кард.

Гуфта мешавад, ин лоиҳа аз ҷониби гурӯҳи вакилони фраксияи Ҳизби коммунистӣ пешниҳод гардидааст, ки он ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба қонуни “Дар бораи бақайдгирии муҳоҷиратии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Федератсияи Русия” пешбинӣ мекунад.

Яке аз муаллифон, вакил Михаил Матвеев мегӯяд, ки дар ин лоиҳа пешниҳод шудааст, ки ба минтақаҳо ва мақомоти маҳаллӣ ҳуқуқ дода шавад, то дар ҳудуди худ низоми манъи бақайдгирии муҳоҷиратии шаҳрвандони хориҷӣ, инчунин манъи фурӯш ё ба иҷора додани амволи ғайриманқул ба онҳоро ҷорӣ намоянд. Айни ҳол чунин механизм дар минтақаҳои наздимарзӣ, воҳидҳои маъмурию ҳудудии пӯшида ва шаҳракҳои ҳарбӣ амал мекунад.

Дар шарҳи тавзеҳии лоиҳа ҳамчунин иддао шудааст, ки дар баъзе минтақаҳои Русия шумораи аҳолии маҳаллӣ коҳиш ёфтааст, зеро таваллуд камтар ва фавт зиёдтар аст. Пеши роҳи ин камшавиро қисман тавассути воридкунии шаҳрвандони хориҷӣ метавон гирифт. Вале эҳтимол ин вазъият метавонад ба танишҳо байни аҳолии маҳаллӣ ва хориҷиён оварда расонад.

Вакилон ҳамчунин таъкид доранд, ки афзоиши босуръати шумораи муҳоҷирон ва тамоюли онҳо ба зиндагии мутамарказ ва ҷудо аз аҳолии маҳаллӣ дар баъзе минтақаҳо боиси ташаккули анклавҳои этникӣ ва полиэтникӣ гардидааст. Ба иддао онҳо, дар чунин маҳалҳо механизмҳои ғайрирасмии идоракунӣ ба вуҷуд омада, ҷинояткорӣ бештар мешавад, иқтисодиёти соягӣ ташаккул меёбад ва ихтилофҳои байни миллатҳо ва мазҳабҳо сар мезананд.

Ва ба иддаои вакилон аз Ҳизби коммунистии Русия, ин тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба тағйир додани вазъи мавҷуда мусоидат менамоянд.

Гуфта мешавад, ки дар Русия фазои муҳоҷирбадбинӣ ба авҷи худ расида, бо ин баҳона чандин қонунҳои наве дар Думаи давлатӣ пешниҳоду қабул гардидааст.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, агар вазъи муҳоҷирон пас аз ҳодисаи ҳамла ба “Крокус”, ки гумонбаронашон муҳоҷирон мебошанд, каме бадтар шуда буд, сиёсатмадорон, бахусус вакилони ҳизбҳои гуногун фазои бадтареро бо суханрониҳои худ дар Думаи давлатӣ ба вуҷуд овардаанд.

Зеро соли 2026 дар Русия интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад ва ҳизбҳое, ки то ҳол намояндагии маҳдуд дар Дума доранд, мисли “Ҳизби коммунистӣ”, “Справедливая Россия — За правду” ё “Новые люди” талош доранд аз ин фазои зидди муҳоҷратӣ дар Русия истифода намуда, курсиҳои худро соли оянда бештар кунанд. Пешниҳод кардани ташаббусҳое, ки бо маҳдуд кардани ҳуқуқи муҳоҷирон вобастаанд, барои онҳо роҳест, то дастгирии он қисми интихобкунандагонеро ба даст оваранд, ки аз сиёсати шадидтар дар соҳаи муҳоҷират ҷонибдорӣ мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар ноҳияи Шоҳмансур марде бо гумони рабудани ноболиғ ва ҳаракатҳои бадахлоқона боздошт шуд

Дар Душанбе як мард бо гумони рабудани ноболиғ ва анҷоми ҳаракатҳои бадахлоқона нисбат ба ӯ боздошт шудааст.

Баъди бозӣ бо Партугалия шонси бурди Узбекистон ба давраҳои баъдӣ хеле кам шуд

Дастаи мунтахаби Узбекистон дар бозии дуюми худ дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 аз тими Португалия бо ҳисоби бузурги 0:5 шикаст хӯрд ва имкони роҳ ёфтанаш ба марҳилаи баъдӣ коҳиш ёфт.

Шикояти сокинон: Маъмурони барқ ҳамро беҳуда қарздор мекунанд

Сокинони бархе ноҳияҳои кишвар аз он шикоят доранд, ки маъмурони барқ хона ба хона гашта, ҳамаро беҳуда аз барқ қарздор менависанд ва ҷарима мебанданд.

Тирпарронӣ ва боздошти навраси 15-солаи тоҷик дар Варшава

Пулиси шаҳри Варшаваи Лаҳистон ду навраси тоҷикро, ки байни худ даргир шуда ва дар натиҷа тирпарронӣ карданд, боздошт кардааст.