16.9 C
Dushanbe

Изи ВКД-и Тоҷикистон дар занозании гурӯҳии муҳоҷирони тоҷик дар Варшава

Дар пайи як занозании гурӯҳии муҳоҷирон дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон се зодаи Тоҷикистон боздошт гардида, як нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфтааст.

Шаби 27 ба 28-уми феврали соли ҷорӣ, дар яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Воляи шаҳри Варшава муноқишаи ду гурӯҳ аз муҳоҷирони тоҷик рух дод, ки дар натиҷа як шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон бо осеби вазнини шикастани сар ба бемористон интиқол дода шуд.

Дар робита ба ин ҳодиса пулиси Варшава амалиёти фаврӣ гузаронда, се нафари аз 25 то 36-соларо боздошт кард, ки ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Пулиси ноҳияи Воляи Варшава мегӯяд, дар доираи амалиёт инчунин воситаи нақлиёте, ки гумонбарон аз он истифода мекарданд ва ашёе, ки бо он ҷароҳати вазнин расонида шудааст, мусодира гардидааст ва тафтишоти ҳодиса идома дорад.

Ҳамзамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои лаҳистонӣ нахустин навор аз ҷойи ҳодиса нашр гардида, ки дида мешавад дар назди як нуқтаи сӯзишворӣ чанд муҳоҷири тоҷик ҷамъ омадаанд, ки эҳтимолан ба кори таксӣ машғуланд ва нафаре бо сару рӯйи пур аз хун дар замин хобидааст.

Шахсе, ки наворбардорӣ мекунад, ба самти чанд тани дигар ишора карда, онҳоро “террористон” меномад ва мегӯяд, ки “Худо хоҳад ҳамаашон Тоҷикистон мераванд. Ва як тани дар навор будаҳо мегӯяд мо террорист нестем. Дар ҳамин ҳолат нафаре бо чӯбдасте ба наворбардор ҳамла мекунаду тирезаҳои мошини тамғаи “Лексус”-ро зада мешиканад. Ҳамлавар ҳамчун ба сӯйи наворбардор мегӯяд, ки боз моро “угрожать мекунӣ”. Ин наворбардор ба тарафи нафари дар заминхобида мераваду мегӯяд Умарро кӣ задааст.

Дар ин навор сабаби муноқиша фаҳмида намешавад, аммо баъдан маълум шуд, ки ин навори нашршуда оғози воқеии муноқиша набудааст.

Ба ихтиёри Azda.tv чанд паёмак ва ду навори дигар расид, ки ба эҳтимоли зиёд лаҳзаҳои воқеии муноқишаро инъикос мекунанд.

Дар яке аз паёмакҳо навишта шудааст, ки як рӯз пеш аз ҳодиса, Умар (эҳтимолан нафари бо сару рӯйи пур аз хун дар замин хобида), ки беш аз 10 000 доллар қарздор будааст, бо ду қарздиҳанда вохӯрда, маслиҳат карданд, ки ӯ мошинашро то баргардонидани қарз ҳамчун гарав мемонад.

Аммо ду нафар омада худро кормандони пулиси Тоҷикистон муаррифӣ карда, бо ду мошини “Лексус” роҳро бастанд ва қарздиҳандагонро ба куштор, депортатсия ва интиқом гирифтан аз оилаҳояшон пас аз бозгашт ба Тоҷикистон таҳдид ва латтукӯб карданд. Дар аснои ин ҳодиса дар дохили мошин кӯдаки хурдсоле низ ҳузур доштааст.

(Дар аксҳо афроде, ки худро кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон муаррифӣ кардаанд)

“Сипас, пулисҳои қалбакӣ ва Умар қарздиҳандагонро гӯё барои баррасии баргардонидани пул ба нуқтаи сӯзишворӣ даъват карданд ва дар он ҷо бо истифода аз газ дубора ҳуҷум карданд. Дар охири ҳодиса пулисҳои қалбакӣ ин ҳолатро ба навор гирифтанд. Дар наворҳо наворбардор ва шахсе, ки дар паҳлӯи Умари хобида истодааст, дида мешаванд — инҳо ҳамон пулисҳои қалбакӣ мебошанд” – гуфта мешавад дар ин паёмак.

Дар наворҳои нашршуда низ шунида мешавад, ки ду нафар худро кормандони мақомоти Тоҷикистон муаррифӣ карда, қарздиҳандаҳоро таҳдид мекунанд ва мегӯянд, ки “пулатонро аз ВКД-и Тоҷикистон мегиред”.

Як манбаъ бидуни зикри ном ба Azda tv гуфт, ки “Ин Умар — нафаре, ки қарздор гуфта мешавад — бо дигарон ҳам ҳамин муносибатро мекунад. Яъне, аз мардум қарз мегирад, вале онро ба барнамегардонад. Ва бо ин дӯстони кормандони ВКД-аш муҳоҷирони тоҷикро метарсонад ва онҳоро ба мухолифи ҳукумат будану террорист будан муттаҳам мекунад.”

То кунун маълумоти расмӣ ва пурра тасдиқшуда дар бораи ангеза ва ҷузъиёти ҳодиса, инчунин назари боздоштшудагон ва нафаре, ки дар бемористон аст, дастрас нест.

Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ва ё мақомоти кишвар ҳам то ҳол вобаста ба иддаои муаррифии афрод ҳамчун кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон изҳороти расмӣ нашр накардаанд. Ҳамчунин ин афрод ба ягон сохтори қудратии Тоҷикистон иртибот доранд ё на маълум нест.

Azda.tv қазияро пайгирӣ дорад ва дар сурати дастрас шудани маълумоти нав ё шарҳи расмии мақомоти дахлдор, онро мунташир хоҳад кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон оғоз шуд

Субҳи рӯзи 28-уми феврали соли 2026 Амрико дар ҳамроҳӣ бо Исроил ҳамлаҳои низомии худро бар зидди Эрон оғоз карданд.

Баррасии лоиҳаи қонуни зидди “анклавҳои муҳоҷирон” дар Думаи давлатӣ

Баъзе аз вакилони Думаи давлатии Русия мехоҳанд, ба мақомоти маҳаллӣ ҳуқуқ дода шавад, ки тавонанд мустақилона дар бораи шаҳрвандони хориҷӣ қарори дахлдор қабул кунанд.

Даргириҳои шидиди низомӣ байни Покистону Афғонистн

Субҳи рӯзи ҷумъа, 27-феврал нерӯҳои ҳавоии Покистон ба шаҳри Кобул ва 4 вилояти дигари Афғонистон ҳамлаҳои густарда анҷом доданд.

Дар соли 2025 беш аз 2 миллион сайёҳ аз Тоҷикистон боздид кардаанд

Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон бо нашри оморе мегӯяд,...