14.9 C
Dushanbe

Ҷангро Амрико шуруъ кард, аммо кӣ онро хотима медиҳад?

Раҳбари Инқилоби исломии Эрон тайи ҳамлаи мушакии муштараки Амрико ва Исроил ба ин кишвар кушта шуд.

Оятуллоҳ Сайидалии Хоманаӣ, раҳбари Инқилоби исломии Эрон, ки 86 сол син дошт, ҳамроҳ бо писар, духтар, домод, набера ва арӯсаш дар ин ҳамла кушта шудааст. Хабари кушта шудани раҳбари Инқилоби исломии Эронро барои аввалин бор дар рӯзи якуми март “Ройтерз”, харбаргузории Англия бо истинод ба як манбаи баландмақоми исроилӣ мунташир ва чанде баъд мақомоти эронӣ низ онро таъйид карданд. 

Ин дар ҳолест, ки қабл аз ҳамлаи мушакӣ болои Эрон гуфта мешуд, даври ахири гуфтугӯҳои ғайримустақими Амрико ва Эрон дар ҷиҳати азсаргирии музокироти Теҳрону Вашингтон ва соири кишварҳои ғарбӣ дар мавриди барномаи ҳастаии ин кишвар ба сурати мусбат ба поён расидааст. 

Аммо 28-уми феврал мушакҳои амрикоӣ манотиқи мухталифи Эрон, аз ҷумла Теҳронро ҳадаф қарор доданд. Ин ҳамлаи муштараки Амрико ва Исроил аз тарафи аввалӣ “Хашми ҳамосӣ” ва аз тарафи дувумӣ “Шери яҳудо” унвон шудааст. 

Дар рӯзи аввали ҳамла болои Эрон теъдоди афроди кушташуда 201 ва захмӣ 747 нафар эълон шуд. Алии Шамхонӣ, раиси Шӯрои дифоъ, Абдулраҳими Мусавӣ, сарлашкари нерӯи размии артиш, Азизи Носирзода, вазири дифоъ ва пуштибонии артиш, Муҳаммади Покпур, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар зумраи афсарони баландмақоми эроние гуфта мешаванд, ки дар ин ҳамла кушта шудаанд. 

Дар рӯзи шанбе, пас аз оғози ҳамлаҳои Исроилу Амрико болои Эрон ҳамлаи мушакии ҷавобии Теҳрон болои пойгоҳҳои низомии Амрико ва кишварҳои ғарбӣ дар Ховари Миёна, ҳамчунин Исроил шуруъ шуд. Ба иттилои канали телеграмии “Белорусский силовик”, тайи 24 соати гузашта Эрон сохторҳои мухталифе дар 15 кишвари Ховари Миёна, ба мисли Исроил, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Арабистони Саудӣ, Қатар, Кувейт, Урдун, Ироқ, Баҳрайн, Умон, Сурия ва Қибрисро мавриди ҳамлаи низомӣ қарор додааст. Ба иттилои манбаъ, дар Кувейт пойгоҳи низомии Итолиё, дар Имороти Муттаҳимаи Арабӣ пойгоҳи низомии Фаронса ва дар Қибрис пойгоҳи низомии Бритониёи Кабир мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.

Бо ин ҳол, дар рӯзи шанбеи 28-уми феврал Донал Трамп, раисҷумҳури Амрико аз Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ даъват кард, то силоҳ ба замин бигузоранд ва таслим шаванд. Ба гуфтаи ӯ, танҳо роҳи афв аз тариқи силоҳ ба замин гузоштани онҳост, вагарна кушта мешаванд. Аммо сухангӯи Фармондеҳии марказии артиши Эрон Иброҳими Зулфиқорӣ ба раисҷумҳури Амрико ба ин тарз посух гуфт: “Трампи қиморбоз, ту тавонистӣ ин ҷангро шуруъ кунӣ, аммо оне, ки инро хотима медиҳад, мо хоҳем буд”. 

Ба ҳамин тартиб партоби мушакҳо аз ҳар ду тараф идома дорад, аммо дар доираҳои таҳлилӣ аз пинҳонкории Амрико ва Исроил дар мавриди талафоти инсонӣ гуфта мешавад. Фармондеҳии марказии Амрико субҳи рӯзи якшанбе эълом кард, ки дар пайи ҳамлаҳои Эрон ба пойгоҳҳои низомии ин кишвар се нафар аз низомиёни амрикоӣ кушта ва панҷ нафари дигар захм бардоштаанд. Аммо дар ин хабари кӯтоҳ ҳамчунин гуфта мешавад, “вазъ дар ҳоли тағйир аст ва мо ба хотири эҳтиром ба хонаводаҳо аз ироаи ҷузъиёт худдорӣ мекунем”. 

Бо ин ҳол, Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷии Эрон дар зимни таъйиди аъзои чиҳилрӯза бинобар кушта шудани Сайидалии Хоманаӣ дар як гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии “Алҷазира” гуфтааст, тайи як-ду рӯз Эрон метавонад раҳбари ҷадидро интихоб кунад, дар ҳоле иқдомоти расмӣ дар ин хусус аллакай оғоз шудаанд. Ӯ гуфтааст, Шӯрои гузор таъсис шудааст.

Бар асоси моддаи 111-и Қонуни Асосии Ҷумҳурии исломии Эрон, вазъи феълии ин кишвар тақозо мекунад, Шӯрои муваққати сенафарӣ то интихоби раҳбари ҷадид вазоифи ӯро ба зимма дошта бошанд. Феълан ин шӯро Масъуди Пизишкиён, раисҷумҳур, Ғуломҳусейн Муҳисини Эжаӣ, раиси қувваи қазоия ва Алиризо Аърофӣ фақеҳи шиие аз Шӯрои нигаҳбонро шомил мешавад. То ҳол ду ҷаласаи ин шӯро баргузор шудааст.

Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ, ки иборат аз 88 рӯҳонист, раҳбари Инқилоби исломии Эронро интихоб мекунад. Аъзои худи ин маҷлис дар ҳашт сол як бор интихоб мешавад. Интихоби раҳбар, бар асоси қонун, бояд бар пояи рақобати номзадҳо ба ин мақом сурат бигирад ва Шӯрои нигаҳбон онро таъйид кунад. Феълан расонаҳо ҳадс мезананд, ки эҳтимол яке аз миёни Муҷтабо Хоманаӣ, Алиризо Аърофӣ, Муҳаммадмаҳдии Мирбоқирӣ, Ғуломҳусейн Муҳсини Эжаӣ ва Ҳасани Хумайнӣ  ба унвони раҳбари инқилоб интихоб шавад.

Бояд гуфт, аввалин интихоби раҳбари Инқилоби Исломӣ дар соли 1979 ва дувуми он дар соли 1989 баргузор шудааст. Дар интихоби аввалӣ Рӯҳуллоҳи Хумайнӣ ва дар дувумӣ Сайидалии Хоманаӣ ҳамчун раҳбари Инқилоби Исломии Эрон баргузида шудааст.   

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Суқути чанд ҳавопаймои ҷангии Амрико дар Кувайт

Вазорати дифои Кувайт рӯзи душанбе аз суқути чанд ҳавопаймои ҷангии Амрико дар хоки ин кишвар хабар дод. Вале маълум нест, шумори дақиқи ҳавопаймоҳо чандто аст.

Изи ВКД-и Тоҷикистон дар занозании гурӯҳии муҳоҷирони тоҷик дар Варшава

Дар пайи як занозании гурӯҳии муҳоҷирон дар Варшаваи Лаҳистон се зодаи Тоҷикистон боздошт гардида, як нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфт.

Ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон оғоз шуд

Субҳи рӯзи 28-уми феврали соли 2026 Амрико дар ҳамроҳӣ бо Исроил ҳамлаҳои низомии худро бар зидди Эрон оғоз карданд.

Баррасии лоиҳаи қонуни зидди “анклавҳои муҳоҷирон” дар Думаи давлатӣ

Баъзе аз вакилони Думаи давлатии Русия мехоҳанд, ба мақомоти маҳаллӣ ҳуқуқ дода шавад, ки тавонанд мустақилона дар бораи шаҳрвандони хориҷӣ қарори дахлдор қабул кунанд.