Додгоҳи ноҳияи Воляи шаҳри Варшаваи Лаҳистон се иштирокчии занозании гурӯҳии муҳоҷирони тоҷик дар назди яке аз нуқтаҳои сӯзишвориро барои семоҳӣ ба ҳабси пешакӣ гирифт.
Додрас ҳукмкро 3-уми марти соли ҷорӣ содир карда, ин се зодаи Тоҷикистон то 29-уми майи соли 2026 дар ҳабс нигаҳ дошта мешаванд ва дар мурофиаҳои баъдӣ муайян хоҳад шуд, ки онҳоро зиндонӣ хоҳанд кард ё на.
Ному насаби ҳарсе боздоштшуда дар дасти Azda.tv ҳаст, аммо ба хотири халал нарасондан ба тафтишот ва ҳамчунин эҳтимоли вуҷуди фишору бозпурсии наздикони онҳо дар Тоҷикистон аз ҷониби мақомот, номҳо маҳфуз нигаҳ дошта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки шаби 27 ба 28-уми феврали соли ҷорӣ, дар яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Воляи шаҳри Варшава муноқишаи ду гурӯҳ аз муҳоҷирони тоҷик рух дод, ки дар натиҷа як шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон бо осеби вазнини зарбаи мағзӣ ба бемористон интиқол дода шуда, се нафари аз 25 то 36-соларо пулис боздошт кард, ки ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистонанд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои лаҳистонӣ нахустин навор аз ҷойи ҳодиса нашр гардида, ки дида мешавад дар назди як нуқтаи сӯзишворӣ чанд муҳоҷири тоҷик ҷамъ омадаанд, ки эҳтимолан ба кори таксӣ машғуланд ва нафаре бо сару рӯйи пур аз хун дар замин хобидааст.
Шахсе, ки наворбардорӣ мекунад, ба самти чанд тани дигар ишора карда, онҳоро “террористон” меномад ва мегӯяд, ки “Худо хоҳад ҳамаашон Тоҷикистон мераванд.” Ва як тани дар навор будаҳо мегӯяд, “мо террорист нестем”. Дар ҳамин ҳолат нафаре бо чӯбдасте ба наворбардор ҳамла мекунаду тирезаҳои мошини “Лексус”-ро зада мешиканад. Ҳамлавар ҳамчун ба сӯйи наворбардор мегӯяд, ки боз моро “угрожать мекунӣ?”. Ин наворбардор ба тарафи нафари дар заминхобида мераваду нишон медиҳад, ки “Умарро онҳо задаанд”.
Чанд муҳоҷири тоҷик бо шарти наовардани номашон ба Azda.tv гуфтанд, ки сабаби асосии занозанӣ даҳ ҳазор долларест, ки Умар (нафари ҷароҳатбардошта) барои таҳияи виза ва раводиди корӣ аз як муҳоҷири тоҷик гирифта, вале на корро иҷро кардааст ва на пулро баргардонидааст.
Як рӯз пеш аз ҳодиса, Умар (ному насаби аслияш Умедҷон Раҷабов) бо ду қарздиҳанда вохӯрда, маслиҳат карданд, ки ӯ мошинашро то баргардонидани қарз ҳамчун гарав мемонад. Аммо ду нафар омада, ки яке аз онҳо номаш Нуруллои Ҳасан аст, худро кормандони пулиси Тоҷикистон муаррифӣ карда, бо ду мошини “Лексус” роҳро бастанд ва қарздиҳандагонро ба куштор, ихроҷ ва интиқом гирифтан аз оилаҳояшон пас аз бозгашт ба Тоҷикистон таҳдид ва латтукӯб карданд. Дар аснои ин ҳодиса дар дохили мошин кӯдаки хурдсоле низ ҳузур доштааст.
Дар наворҳое, ки ба дасти Azda.tv расидааст, шунида мешавад, ки ин ду нафар худро кормандони мақомоти Тоҷикистон муаррифӣ карда, қарздиҳандаҳоро таҳдид мекунанд ва мегӯянд, ки “пулатонро аз ВКД-и Тоҷикистон мегиред”.
Ба гуфтаи манобеи Azda.tv, пас аз ин ҳодиса ҳарду гурӯҳ пароканда мешаванд ва қарздиҳандаҳо мегӯянд, ки агар пулро барнагардонанд, ба пулиси Лаҳистон шикоят мебаранд ва бо шунидани ин гап Умар онҳоро шаби 27 ба 28-уми феврал бо ваъдаи баргардондани қарз ба яке аз нуқтаҳои сӯзишворӣ даъват мекунад. Аммо вақте ин се нафаре, ки ҳоло дар боздошт қарор доранд, ба ҷойи таъйиншуда мераванд, ҳудуди 15 нафар – ба иддаои манбаъ, ҳамаи онҳо зодагони Тоҷикистон буданд – онҳоро мунтазир будаанд.
Пас аз ин баҳси лафзӣ миёни гурӯҳҳо сар мезанад ва ба занозанӣ мепечад ва пас аз задани Умар қисме аз онҳо фирор мекунанд ва он ду нафаре, ки худро корманди ВКД-и Тоҷикистон муаррифӣ кардаанд, шуруъ мекунанд ба сабт кардани ин ҳодиса. Ва ин навор, ки аз охири занозанӣ гирифта шудааст, дақиқ фаҳмида намешавад, ки сабаби аслии он чист.
Бояд гуфт, чанде аз муҳоҷирони тоҷики муқими Лаҳистон ба Azda.tv гуфтанд, ки ин Умар — нафаре, ки қарздор гуфта мешавад — бо дигарон ҳам ҳамин муносибатро мекунад. Яъне, аз мардум қарз мегирад, вале онро барнамегардонад. Ва бо ин дӯстони кормандони ВКД-аш, ки номи якеаш Нуруллоҳи Ҳасан ҳаст, муҳоҷирони тоҷикро метарсонад ва онҳоро ба мухолифи ҳукумат будану террорист будан муттаҳам мекунад. Ба иддаои муҳоҷирон қарзи Умар (Умедҷон Раҷабов) аз мардум ба беш аз 100 ҳазор доллар расидааст.
Ҳамчунин як нафари дигар гуфт, ки Умар аз ҳафт нафари дигар, ки миёни онҳо як зани ҳомиладор будааст, бо ваъдаи омода намудани визаи Лаҳистон ҳудуди 22 ҳазор доллар гирифта будааст, вале на корро иҷро кардааст ва на пулро баргардондааст. Ва вақте онҳо пули худро талаб кардаанд, бо тарс додан аз ВКД-и Тоҷикистон таҳдидашон кардааст.
Як муҳоҷир дигар, ки дар Лаҳистон қарор дорад, дар суҳбат ба Azda.tv гуфт, ки Умар, Нуруллоҳи Ҳасан ва як нафари дигар, ки ҳарсе мошини “Лексус”-и сиёҳ доранд, дар миёни муҳоҷирони корӣ (асосан таксиронҳо) ва ҷойҳое, ки онҳо ҷамъ мешаванд, мисли масҷид ва чойхонаҳо, мегарданд. Онҳо худро корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар муаррифӣ карда, онро ҳамчун фишор болои муҳоҷирон истифода мекардаанд.
То кунун ба Azda.tv муяссар нашудааст, ки иртибот доштани ин афродро ба ягон сохтори қудратии Тоҷикистон расман муайян кунад.
Ҳамчунин бо гузашти 3 рӯз аз ҳодисаи занозании муҳоҷирони тоҷик дар Лаҳистон сафорати Тоҷикистон дар Олмон то ҳол дар ин бора вокунише накардааст ва мақомоти кишвар ҳам то ҳол вобаста ба иддаои муаррифии ин афрод ҳамчун кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи изҳороти расмӣ нашр накардаанд.
