Бо ворид шудани ҷанги Амрико ва Исроил бо Эрон ба рӯзи 12-уми худ, нефт дар даҳҳо кишвари дунё ба таври нигаронкунанда гарон шудааст.
Сипоҳи посдорони Инқилоби Эрон эълон кард, ки шаби гузашта Исроил яке аз бонкҳои Эронро ҳадаф қарор додааст. Ба гуфтаи сухангӯи ин ниҳод, ин ҳамла ба Теҳрон имкон медиҳад, ки муассисаҳои иқтисодии Исроил ва Амрикоро дар минтақа ҳадаф қарор диҳад.
Ҳамзамон, Сипоҳи посдорони Эрон эълон кард, ки мавҷи 37-уми ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподиро ба сӯи Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар минтақа партоб кардааст. Ба гуфтаи ин ниҳод, мавҷи нав “шадидтарин” будааст ва тақрибан 3 соат идома кардааст.
Дар Исроил артиши ин кишвар аз раҳгирӣ ва нобуд кардани мушакҳо ва паҳподҳои эронӣ хабар дод. Артиши Исроил инчунин эълон кард, ки ҳамзамон ба нуқтаҳое дар шаҳри Теҳрон ва ба минтақаи Зоҳияи ҷанубии Бейрут ҳамлаи густарда анҷом додааст.
Ҳамзамон кишварҳои Халиҷи Форс, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Қатар ва Кувейт аз раҳгирии ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподии Эрон хабар доданд. Вазорати дифои Қатар эълон кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи кишвараш ҳамлаи мушакиро, ки баъзе нуқтаҳои стратегиро ҳадаф гирифта буданд, раҳгирӣ кардаанд.
Аз сӯи дигар, Арабистони Саудӣ низ хабар дод, ки 7 паҳподро, ки ба сӯи як майдони стратегии нефтӣ равона буданд, нобуд кардааст. Вазорати дифои ин кишвар дар баёнияе дар шабакаи Х гуфт, ки ду паҳпод, ки полоишгоҳи нефтии Шайбаро ҳадаф доштанд, раҳгирӣ ва нобуд кардаанд. Ба гуфтаи ин вазорат, 5 паҳподи дигар низ дар минтақаҳои ҷудогона нобуд карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки субҳи рӯзи 28-уми феврали соли ҷорӣ ҳамлаҳои муштараки Амрико ва Исроил ба Эрон оғоз шуд. Худи ҳамон рӯз дар пайи ҳамлаҳо раҳбари олии Эрон Алӣ Хоманаӣ кушта шуд. Ҳадафи ин ҳамлаҳоро Амрико ва Исроил “тағйири низом” ва “нобуд кардани қобилиятҳои ҳастаӣ ва мушакии Эрон” эълон карданд. Аммо баъдтар раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп гуфт, ки Эрон бояд ба “тсаллим шудани бидуни қайду шарт” розӣ шавад. Дар посух ба ин гуфтаҳои Трамп, Эрон ба пойгоҳҳои низомии Амрико дар Халиҷи Форс, аз ҷумла дар Кувайт ва Баҳрайн ва ба пойгоҳи баҳрӣ дар Ҳайфо ва радари низомии Исроил ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподӣ анҷом дод.
Эрон иддао дорад, ки ин ҳамлаҳо ба хотири дифоъ аз худ аст, ки он мувофиқи моддаи 51-и Оинномаи СММ қонунӣ аст ва Амрико ва Исроилро ба таҷовуз ва ғайриқонунӣ ҳамла кардан ба хоки як кишвари дигар муттаҳам мекунад. Аз тарафи дигар, Амрико ва Исроил мегӯянд, ки ҳадафи ҳамла танҳо бо мақсади аз байн бурдани таҳдидҳои низомӣ, аз ҷумла пешгирӣ аз сохтани силоҳи ҳастаӣ сурат гирифтааст, аммо Эрон мегӯяд, ки ҳамлаҳо бо ҳадафи низомӣ нестанд ва танҳо хостаҳои шахсии раҳбарони ин кишварҳо аст.
- Бино ба иттилои мақомоти расмии Эрон, дар пайи ҳамлаҳои Амрико ва Исроил то кунун беш аз 1300 шаҳрванд кушта шуданд, аз ҷумла 168 кӯдак дар ҳамла ба як мактаби духтарона дар Минаб. Инчунин наздик ба 10 ҳазор ҳадафи ғайри низомӣ, ба монанди фурудгоҳҳо ва маҳаллаҳои истиқоматӣ ва зерсохторҳои маишӣ ҳадаф қарор гирифтанд.
Пас аз оғози ҷанг бо Эрон, дар аксар кишварҳои дунё сӯзишвории газ ва бензин аз 20% то 50% гарон шуд. Гулӯгоҳи Ҳурмуз аз ҷониби Эрон қисман баста шудааст, ки 20% нефти ҷаҳон аз онҷо убур мекард.
Коршиносон мегӯянд, ки фишорҳои иқтисодӣ метавонанд аз дипломатия қавитар ва сареътар натиҷа диҳанд ва ҷангро хотима диҳанд. Ҷомеаи байналмилалӣ барои қатъи оташбас садо баланд мекунанд ва ягона роҳи ҳалли мушкилотро дар нишастан рӯи мизи музокирот медонанд. Аммо то ҳанӯз ҳеҷ кишваре ба таври мушаххас ташаббуси миёнҷигариро ба даст нагирифтааст.
