6.9 C
Dushanbe

13 тоҷик дар Русия ба ҳабси абад маҳкум шуданд

Яке аз додгоҳҳои Русия ҳукми 19 гумонбари ҳамла ба толори консертии “Крокус Сити Ҳолл”-ро, ки 16 нафараш зодагони Тоҷикистон мебошанд содир кардааст.

12-уми марти соли ҷорӣ, Додгоҳи ҳарбии Маскав пушти дарҳои баста Фаридуни Шамсиддин, Далерҷон Мирзоев, Муҳаммадсобир Файзов ва Саидакрам Раҷабализодаро, ки аз онҳо муттаҳамони асосии ҳодиса ном бурда мешавад, ҳамроҳи 11 нафари дигар, ки 2 нафарашон зодагони Ингушистон ва боқимонда аз Тоҷикистон мебошанд, ба ҳабси абад маҳкум кардааст.

Бар асоси ҳукми додгоҳ, онҳо як қисми ҳукмро дар маҳбас ва дигарашро дар муассисаи низомаш махсус сипарӣ хоҳанд кард. Ҳамчунин 990 ҳазор рублӣ (12,5 ҳазор доллар) ҷарима бояд пардохт кунанд.

Дар санади айбдоркунӣ гумонбарон ба чанд гурӯҳ ҷудо шуда, чаҳор гумонбари асосӣ аз ҷониби додгоҳ барои омӯзиши фаъолиятҳои террористӣ, муомилоти ғайриқонунии силоҳ, иштирок дар фаъолияти ташкилоти террористӣ ва содир кардани амали террористӣ гунаҳкор дониста шудаанд. Ҳамзамон ду нафар ба табдил додани силоҳи ғайриҷангӣ ба силоҳи ҷангӣ, панҷ нафари дигар ба интиқоли силоҳ ва тир ба иҷрокунандагони ҳамла, чор нафар дар таъмини молиявӣ, аз ҷумла, пардохти иҷораи манзил муттаҳам шудаанд. Ба гуфтаи тафтишот, баъзе дигарон иртибот ва интиқоли маблағро таъмин мекарданд, аз ҷумла табдили рамзарз ба рубл.

Ҳамчунин дар ин мурофиа додрас Алишер Қосимов, шаҳрванди Қирғизистонро, ки гӯё ба иҷрокунандагони ҳамла хона иҷора додааст, ба 22 солу 10 моҳ ҳабс маҳкум карда, хонаи ӯро дар Подмосковйе мусодира карданд.

Ҳамчунин Исроил Имломов ҳамроҳи ду писараш Диловар ва Аминҷон, ки ба гуфтаи додгоҳ, ба гумонбарон мошин фурӯхтаанд, ҳар кадоме ба 19 солу 11 моҳи ҳабс маҳкум шуданд. Додгоҳ қарор кардааст, ки аз ҳисоби маҳкумшудаҳо ба фоидаи ҷабрдидаҳо 200 миллион рубл ситонда шавад.

Дар доираи ин парванда ду зодаи дигари Тоҷикистонро низ, ки ба иддаои мақомоти Русия “ба манфиати раҳбарияти олии Украина амал карда, дар қаламрави Русия фаъолияти гурӯҳи мамнуи “Шохаи Хуросон”-и гурӯҳи ДОИШ-ро ташкил карданд ва ба узвияти он шомил шудаанд, дар пайгард қарор додааст.

Аммо мақомоти Украина пештар ҳамагуна даст доштан дар ин ҳамларо рад карда, баъди ҳамла бо нашри навори ҳамлаи гурӯҳи террористии “ДИИШ” масъулияти ҳодисаро ба дӯш гирифта буд.

Назари гумонбарон ба ҳукми додгоҳ маълум нест, аммо дар гузашта баъзе аз онҳо иттиҳомоти мақомоти Русияро сохта номида, рад карда буданд. Бояд гуфт, ки гумонбарон замони боздошт мавриди шиканҷаи сахт ва бераҳмона қарор гирифта буданд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое аз рафти шиканҷаи ин афрод нашр шуд. Баъдтар ҳам дар мурофиаи додгоҳии аввал онҳоро бо осори ҷароҳат дар сару рӯи вараму хуншор намоиш дода буданд.

Назари мақомоти Тоҷикистон, ки 16 шаҳрвандашро дар Русия барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кардаанд, низ дастрас нест.

Дар ҳамин ҳол Гулракат Мирзоева, модари Далерҷон Мирзоев, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ҳукми додгоҳро нисбат ба писараш ноодилона хонда, таъкид кардааст, ки нисбат ба писараш туҳмат заданд ва бо шиканҷаву задану кӯфтан гуноҳро ба сараш бор карданд.

Ҳамчунин Абдуҷамил Исломов, бародари Исроил Исломов ба ин расона гуфтааст, интизор надоштанд, ки чунин ҳукми сангин нисбат ба бародар ва ҷиянҳояш содир мешавад. Ӯ таъкид кардааст, ки “онҳо ҳатто нозири минтақавӣ ё милисаро надида буданд. Одами ҷангҷӯ, ягон кори бад мекардагӣ нестанд. Ҳеч боварамон намеомад, ки ҳамин хел ҳукм медиҳанд”.

Ёдовар мешавем, ки шоми 22-юми марти соли 2024 пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” чор нафар вориди бинои “Крокус Сити Ҳолл”-и шаҳри Красногорски вилояти Маскав шуда, сӯи мардум аз автоматҳо тир кушоданд. Пас аз чанде ин бино оташ гирифт. Ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи тирпарронӣ ва сар задани оташ 149 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 609 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд ва 1 нафар бе ному нишон шудааст. Бино ба баҳогузории Кумитаи тафтишотӣ, зарари умумии расонидашуда тақрибан 6 миллиард рублро ташкил медиҳад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Беш аз 170 миллиард рубл даромад аз ҳисоби патенти муҳоҷирон

Дар соли 2025 шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия бо патент кор мекунанд, ба буҷети ин кишвар 172 миллиард рубл даромад ворид карданд.

СММ бо қабули қатънома аз Эрон хост ба кишварҳои Халиҷи Форс ҳамла накунад

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид шоми рӯзи 11-уми март...

Аз ҷанг бар зидди Эрон 12 рӯз гузашт: Теҳрон аз шиддат бахшидани ҳамлаҳояш хабар дод

Бо ворид шудани ҷанги Амрико ва Исроил бо Ирон ба рӯзи 12-уми худ, нефт дар даҳҳо кишвари дунё ба таври нигаронкунанда гарон шудааст.

Табрикоти Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбари тозаинтихоби Эрон

Эмомалӣ Раҳмон 9-уми марти соли 2026 раҳбари тозаинтихобшудаи Эрон Муҷтабо Хоманаиро ба муносибати интихоб шуданаш ба мақоми раҳбари олии ин кишвар табрик гуфт.