10.9 C
Dushanbe

Боз як тоҷики дигар дар доираи парвандаи “Крокус” маҳкум ба зиндон шуд

Як шаҳрванди Тоҷикистонро дар Русия бо иттиҳоми сафедкунии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Холл» равонаи зиндон карданд.

Додгоҳи якуми ҳарбии шаҳри Санкт-Петербург шаҳрванди Тоҷикистон Қудрат Қурбоновро тибқи қисми 2 моддаи 205.2 Кодекси ҷиноятии Русия (Сафедкунии оммавии терроризм) гунаҳкор дониста, ба шаш соли зиндон маҳкум кард.

Мувофиқи ҳукм, ин муҳоҷири тоҷик се соли аввали ҷазоро дар зиндон ва қисми боқимондаи муҳлатро дар колонияи низомаш сахт адо хоҳад кард.

Бояд гуфт, Қудрат Қурбонов моҳи августи соли 2025 барои кор ба Русия рафта будааст, яъне пас аз як соли ҳодиса ва моҳи декабри ҳамон сол боздошт шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, сабаби боз шудани парванда нисбати Қурбонов паёмҳое будаанд, ки гӯё ӯ дар интернет вобаста ба ҳамлаи террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Холл” нашр кардааст.

Дар парванда гуфта шудааст, ки рӯзҳои 24–25-уми марти соли 2024 маҳкумшуда дар мессенҷери Telegram паёмҳоеро нашр кардааст, ки дар онҳо амалҳои террористонеро, ки ба меҳмонони толори консертии “Крокус Сити Холл” ҳамла карда буданд, сафед мекард.

Ҳамчунин гӯё ӯ ба гуноҳи худ пурра иқрор шуда, гуфтааст, ки тарафдори ташкилоти “Давлати исломӣ” мебошад ва нияти “мубориза бо кофирон” ва “шаҳид шудан”-ро доштааст. Дурустии ин гуфтаҳоро намешавад аз ҷойи дигар тасдиқ кард ва маълум нест Қурбонов дар чӣ шароите гуноҳро ба дӯш гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки шоми 22-юми марти соли 2024 пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” чор нафар вориди бинои “Крокус Сити Ҳолл”-и шаҳри Красногорски вилояти Маскав шуда, сӯи мардум аз автоматҳо тир кушоданд. Пас аз чанде ин бино оташ гирифт. Ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи тирпарронӣ ва сар задани оташ 149 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 609 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд ва 1 нафар бе ному нишон шудааст. Бино ба баҳогузории Кумитаи тафтишотӣ, зарари умумии расонидашуда тақрибан 6 миллиард рублро ташкил медиҳад.

Дар доираи ин ҳодиса 12-уми марти соли ҷорӣ, Додгоҳи ҳарбии Маскав пушти дарҳои баста Фаридуни Шамсиддин, Далерҷон Мирзоев, Муҳаммадсобир Файзов ва Саидакрам Раҷабализодаро, ки аз онҳо муттаҳамони асосии ҳодиса ном бурда мешавад, ҳамроҳи 11 нафари дигар, ки 2 нафарашон зодагони Ингушистон ва боқимонда аз Тоҷикистон мебошанд, ба ҳабси абад маҳкум кардааст.

Бар асоси ҳукми додгоҳ, онҳо як қисми ҳукмро дар маҳбас ва дигарашро дар муассисаи низомаш махсус сипарӣ хоҳанд кард. Ҳамчунин 990 ҳазор рублӣ (12,5 ҳазор доллар) ҷарима бояд пардохт кунанд.

Ҳамчунин дар ин мурофиа додрас Алишер Қосимов, шаҳрванди Қирғизистонро, ки гӯё ба иҷрокунандагони ҳамла хона иҷора додааст, ба 22 солу 10 моҳ ҳабс маҳкум карда, хонаи ӯро дар Подмосковйе мусодира карданд.

Исроил Имломов ҳамроҳи ду писараш Диловар ва Аминҷон, ки ба гуфтаи додгоҳ, ба гумонбарон мошин фурӯхтаанд, ҳар кадоме ба 19 солу 11 моҳи ҳабс маҳкум шуданд. Додгоҳ қарор кардааст, ки аз ҳисоби маҳкумшудаҳо ба фоидаи ҷабрдидаҳо 200 миллион рубл ситонда шавад.

Назари гумонбарон ба ҳукми додгоҳ маълум нест, аммо дар гузашта баъзе аз онҳо иттиҳомоти мақомоти Русияро сохта номида, рад карда буданд. Бояд гуфт, ки гумонбарон замони боздошт мавриди шиканҷаи сахт ва бераҳмона қарор гирифта буданд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое аз рафти шиканҷаи ин афрод нашр шуд. Баъдтар ҳам дар мурофиаи додгоҳии аввал онҳоро бо осори ҷароҳат дар сару рӯи вараму хуншор намоиш дода буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми СММ барои ҳуқуқи занон

Дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба вазъи занон дар шаҳри Ню-Йорк намояндагони Тоҷикистон иштирок карданд.

Амрико барои хариди нефти Русия ба кишварҳо иҷозат дод

Амрико бо судури иҷозати муваққатии 30-рӯза ба кишварҳо имкон дод, ки нефти таҳримшудаи Русияро харидорӣ кунанд.

Беш аз 170 миллиард рубл даромад аз ҳисоби патенти муҳоҷирон

Дар соли 2025 шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия бо патент кор мекунанд, ба буҷети ин кишвар 172 миллиард рубл даромад ворид карданд.

13 тоҷик дар Русия ба ҳабси абад маҳкум шуданд

Яке аз додгоҳҳои Русия ҳукми 19 гумонбари ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити Ҳолл"-ро, ки 16 нафараш зодагони Тоҷикистон мебошанд содир кардааст.