11.9 C
Dushanbe

Шикояти волидону омӯзгорон аз пулҷамъкунии ғайриқонунӣ дар мактабҳо

Пас аз нашри хабаре дар мавриди ғайриқонунӣ пул ҷамъ кардан дар яке аз мактабҳои шаҳри Ваҳдат, ба унвонии Azda.tv аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон дар ин маврид шикоятҳои зиёд ворид шуд.

Пештар Azda.tv шикояти волидони чанде аз хонандагони мактаби рақами 133 ба номи Абдухолиқов Аслиддини шаҳри Ваҳдатро дар мавриди ҷамъоварии ғайриқонунии маблағ аз ҷониби директори он Розиқова Дилафруз зери унвони: “Волидайни хонандагони як мактаби шаҳри Ваҳдат аз пулҷамъкунии директор ба дод омадаанд” нашр карда буд.

Пас аз нашри ин хабар он дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниши зиёдеро ба вуҷуд оварда, ба Azda.tv волидон ва омӯзгорон аз минтақаҳо ва мактабҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла аз мактаби №15 шаҳри Левакант, мактабҳои №31, 87, 65, 89 ва 22 шаҳри Душанбе, мактаби №1 шаҳри Турсунзода, чанд мактаби шаҳри Кӯлоб, мактабҳои ноҳияи Зафаробод, ноҳияи Восеъ ва шаҳри Ваҳдат, мактаби №15 ноҳияи Рӯдакӣ, мактаби №10 шаҳри Спитамен ва ғайра бо шикоятҳои монанд муроҷиат карданд. 

Ба гуфтаи волидон, дар аксар мактабҳои Тоҷикистон дар баробари пули моҳонаи мактаб, ки он ҳам ғайриқонунӣ аст, омӯзгорон ва масъулин мунтазам бо баҳонаҳои гуногун, аз ҷумла барои хариди буру латта, насби дару тирезаҳо, таъмири роҳҳо ва ҳоҷатхонаҳо, барои таҷлили 8-уми март, рӯзи омӯзгор, зодрӯзи муаллимаҳо ва директорҳо — аз 100 то 200 сомонӣ ва аз ин ҳам бештар, барои таъмири мактаб — аз 100 то 500 сомонӣ (барои таъмири утоқи директор алоҳида пул мегиранд), барои хариди тахтаҳои электронӣ — тақрибан 150 сомонӣ, барои насби камераҳои назоратӣ — тақрибан 100 сомонӣ ва ғайра маблағ ҷамъоварӣ мекунанд. 

Илова бар ин, баъзе волидон мегӯянд, ки ҳангоми қабул кардани кӯдак ба синфи якум дар мактабҳо маблағ талаб мекунанд ва агар волидон пул надиҳанд, ба онҳо гуфта мешавад, ки дар мактаб “ҷой нест”.

Баъзе аз волидони хонандагон зимни шикояташон ба Azda.tv гуфтанд, ки аз баъзе оилаҳо 4–5 фарзандашон дар мактабҳо мехонанд, аксари мардум шароити хуби зиндагӣ надоранд, вале масъулини мактабҳо сари ҳар як хонанда пулҳои ҷудогона талаб мекунанд, ки ин бисёр сахт аст.

Дар ҳамин ҳол бархе омӯзгорони мактабҳо дар тамосҳои катбӣ ба Azda.tv изҳор доштанд, ки худи онҳоро низ аз ҷониби масъулони мактабҳо маҷбур мекунанд, ки дар ҷамъоварии маблағ талабаҳоро маҷбур кунанд ва ҳатто аз худашон ҳам дар пул мегиранд.

Яке аз омӯзгорон бидуни овардани номаш ба Azda.tv гуфт: “Муаллимонро дар баробари дигар харҷҳое, ки аз хонандагон ҷамъ мекунанд, маҷбур мекунанд, барои “профсоюз”, “тарификатсия”, барои сарбозон, барои таҷлили “Рӯзи омӯзгор”, барои рӯзи модарон ва зодрӯзи директору муовинҳояш, барои меҳмонҳо аз сохторҳои давлатӣ ва Вазорати маориф ва ҳатто барои шинондани картошка маблағ супоранд.” Ин омӯзгор мегӯяд, ки ҳатто барои соатҳои бештари дарсӣ гирифтан маҷбуранд пул супоранд.

Ҳамчунин як омӯзгори собиқ бо номи Гуля Ҳусейнзода мегӯяд, ки ҷамъоварии доимии маблағ барои “меҳмонҳо” ва “маҳалгароии” мудири маориф маҷбураш сохт кори худро дар мактаб тарк кунад ва акнун бо доштани ду диплом кори зарфшӯӣ ва фаррошӣ меҷӯяд. 

Шикояти ботакрори волидону омӯзгорон аз пулҷамъкунӣ дар мактбаҳо дар ҳолест, ки масъулини Вазорати маорифи Тоҷикистон, аз ҷумла Саидзода Раҳим Ҳамро борҳо таъкид карда буд, ки таҳсил дар мактабҳои давлатӣ ройгон буда, ҷамъоварии маблағ аз волидон манъ аст. 

Ба гуфтаи коршиносон, мушкили ҷамъоварии маблағ дар мактабҳо чанд сабаб дошта, яке аз онҳо ба камбуди маблағгузории муассисаҳои таълимӣ ва маоши пасти омӯзгорон вобаста аст. Вақте мактабҳо барои таъмир, таҷҳизот ва дигар эҳтиёҷоти рӯзмарра ё маоши омӯзгорон маблағи кофӣ намегиранд, дар мактабҳо кӯшиш мекунанд ин камбудиро аз ҳисоби волидон ҳал намоянд. Вале вақте маблағ мунтазам ва бо баҳонаҳои гуногун аз таъмир то идҳо ва туҳфаҳо барои роҳбарият ҷамъоварӣ мешавад, ин баёнгари он аст, ки фасод ба як мушкили решадор ва густарда табдил ёфтааст.

Ҳамчунин коршиносон таъкид мекунанд, ки чун фасод дар тамоми соҳаҳои кишвар реша давондааст, ҳалли мушкили пулҷамъкунӣ дар мактбаҳо хеле душвор аст.

Хонандагони гиромӣ: Агар шумо низ дар мактабҳо бо чунин мушкилот рӯ ба рӯ шудаед ва мехоҳед, ки дар бораи он ҷомеа огоҳ шавад, метавонед ба мо бо ракамҳои +48571608008 нависед ва мо онро нашр хоҳем кард.

 

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Фишори Трамп бар муттаҳиҳдонаш: Дар бозгушоии тангаи Ҳурмуз кумак кунед!

Бо шиддат гирифтани буҳрони иқтисодӣ дар ҷаҳон, Трамп аз баъзе кишварҳо хост дар бозгушоии тангаи Ҳурмуз кумак кунанд.

Боз як тоҷики дигар дар доираи парвандаи “Крокус” маҳкум ба зиндон шуд

Як шаҳрванди Тоҷикистонро дар Русия бо иттиҳоми сафедкунии ҳамлаи террористии ба "Крокус Сити Холл» равонаи зиндон карданд.

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми СММ барои ҳуқуқи занон

Дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба вазъи занон дар шаҳри Ню-Йорк намояндагони Тоҷикистон иштирок карданд.

Амрико барои хариди нефти Русия ба кишварҳо иҷозат дод

Амрико бо судури иҷозати муваққатии 30-рӯза ба кишварҳо имкон дод, ки нефти таҳримшудаи Русияро харидорӣ кунанд.