Боздошти ду зан бо гумони ҷинояти ғайриахлоқӣ дар Душанбе

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти ду зан бо гумони ташкили фоҳишахона хабар дод.

Бино ба иттилои ин ниҳод, шаҳрвандон Низомова Зулхумор ва Нурбаева Дилноза бо гумони ташкил ва нигоҳдошти фоҳишахона аз ҷониби кормандони самти кор бо ноболиғони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино дастгир шудаанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Синои Душанбе мегӯянд, тафтишоти пешакӣ нишон дода, ки гумонбарон дар маҳаллаи Навбаҳори ноҳияи Сино манзили истиқоматиеро ба иҷора гирифта, бо мақсади ба даст овардани маблағи пулӣ онро ба фоҳишахона табдил додаанд.

Вобаста ба ин ҳолат тибқи моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон хостааст, ки ба шахсони шубҳанок манзили истиқоматияшонро ба иҷора надиҳанд ва дар ҳолати мушоҳидаи чунин ҳолатҳо ба милитсияи пойтахт муроҷиат кунанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе сокинони пойтахт аз он шикоят мекунанд, ки солҳои охир афзоиши бадахлоқӣ дар байни ҷавонон ба хубӣ мушоҳида мешавад. Ба гуфтаи онҳо, гурӯҳе аз ҷавононписарон рӯ ба истеъмоли маводи мухаддир, зарбу қатли ҳамдигар овардаанд, аммо дар байни духтарон рӯ овардан ба фаҳшу корҳои ғайриахлоқӣ ба чашм мерасад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.