15.9 C
Dushanbe

Муҳоҷироне, ки бо шартнома дар артиш хидмат кардаанд, аз Русия ихроҷ намешаванад

Мақомоти Русия талош доранд бо қабули қонуну қарорҳои гуногун сафи артиши ин кишварро аз ҳисоби муҳоҷирони хориҷӣ бештар кунанд.

Бино ба иттилои расонаҳо, раисҷумҳури Русия Владимир Путин қонуни наверо имзо кард, ки тибқи он ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки бо шартнома дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар хидмат кардаанд, маҳдуд мешавад. Дар бораи ин санад дар портали расмии иттилооти ҳуқуқии Русия хабар дода шудааст.

Мувофиқи санади имзошуда, акнун ба ҷойи ихроҷ нисбати чунин афрод ҷарима ё корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз 100 то 200 соат таъин мегардад. Ҷазо дар доираи моддаҳои дахлдори қисми дуюми Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия амалӣ мешавад.

Ҳамзамон, қонун ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои рафтори тамошобинон дар мусобиқаҳои расмии варзиширо низ фаро мегирад. Агар шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ки қаблан дар артиши Русия хидмат кардааст, чунин қоидаҳоро вайрон намояд, ба ӯ метавонад манъи ҳузур дар чорабиниҳои варзишӣ ба муҳлати аз як то ҳафт сол таъин карда шавад. Қаблан барои чунин қонуншиканиҳо ихроҷ аз кишвар татбиқ мешуд.

Қаблан Владимир Путин чунин қонуни дигареро имзо карда буд, ки супоридани афроде, ки дар ҳайати Қувваҳои мусаллаҳи Русия дар амалиёти ҷангӣ иштирок доштаанд, ба давлатҳои хориҷӣ манъ мекунад.

Аммо ба назари коршиносон ин кишвар, ки чор сол боз дар ҷанг бо Украина гир афтода, ҳазорон сарбозашро аз даст додааст, талош дорад бо қабули чунин қонунҳо, яъне бо ваъдаи додани шаҳрвандӣ ё ихроҷ накардан сафи Қувваҳои мусаллаҳи худро аз шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, пур кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ВКД-и Русия қоидаҳои нав барои муҳоҷирон пешниҳод кард

Ҳукумати Федератсияи Русия қасд дорад то 2 миллион муҳоҷирро ҷалб намуда, низоми нави кирояи онҳоро роҳандозӣ кунад.

Ҳушдори Русия ба дипломатҳо: Фавран Киевро тарк кунед!

Русия ба дипломатҳои хориҷӣ дар шаҳри Киев, пойтахти Украина ҳушдори расмӣ дода, ки барои ҳифзи саломатияшон пеш аз ҳамлаи эҳтимолӣ ин шаҳрро тарк кунанд.

Кореяи Ҷанубӣ дар Душанбе метро месозад

Мақомоти Тоҷикистон барои ҷалби сармоя ба сохтмони метрои Душанбе бо "Эксимбонк"-и Кореяи Ҷанубӣ гуфтугӯ карданд.

Трамп аз эҳтимоли тавофуқи ниҳоӣ байни Эрон ва Амрико хабаро дод

Ба гузориши расонаҳо, Амрико ва Эрон барои расидан ба як тавофуқи ниҳоӣ ва поён додани ҷанг наздик шудаанд. Ҳоло Амрико ба Эрон 48 соат муҳлат дода, то ба пешниҳодоти ӯ посух диҳад.