16.9 C
Dushanbe

Боз шикоят: Масъулони мактаби №54-и Душанбе волидонро ба дод оварданд

Баъзе аз волидони хонандагони мактаби №54-и ноҳияи синои шаҳри Душанбе аз ҷамъ кардани маблағи “моҳона” шикоят доранд.

Чанде аз волидони хонандагон ба Azda.tv гуфтанд, ки барои таҳсили фарзандонашон баръакси суханҳои вазири маорифи Тоҷикистон Раҳим Саидзода, ки гуфта буд таҳсил дар муаасисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ройгон аст, дар ин мактаб ҳар моҳ 100 сомонӣ месупоранд.

Ба гуфтаи волидон, баъзе аз оилаҳо ду то се фарзандиашон дар ин мактаб мехонанд ва баъзе хонаводаҳо шароити хуб надоранду иҷоранишинанд. Аммо масъулини ин мактаб, аз ҷумла директори он Рафоат Шарифзода вазъи зиндагии онҳо ва шикояташонро ба назар нагирифта, таҳдид ҳам мекунад, ки агар ба ҷое шикоят кунанд фарзандонашонро аз мактаб хориҷ мекунад.

Бояд гуфт, Рафоат Шарифзода дар баробари директори МТМУ рақами 54 буданаш вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино низ ҳаст ва бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 12-уми августи соли 2025 бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шудааст.

Назари масъулини мактаб дар бораи пулҷамъкунии ғайриқонунӣ барои таҳсил аз хонандагон дастрас нест.

Пештар Azda.tv шикояти волидон ва омӯзгорон аз минтақаҳо ва мактабҳои гуногуни Тоҷикистонро аз пулҷамъкунӣ дар мактабҳо нашр карда буд.

Ба гуфтаи волидон, дар аксар мактабҳои Тоҷикистон дар баробари пули моҳонаи мактаб, ки он ҳам ғайриқонунӣ аст, омӯзгорон ва масъулон ҳамеша бо баҳонаҳои гуногун, аз ҷумла барои хариди буру латта, насби дару тирезаҳо, таъмири роҳҳо ва ҳоҷатхонаҳо, барои таҷлили 8-уми март, рӯзи омӯзгор, зодрӯзи муаллимаҳо ва директорҳо — аз 100 то 200 сомонӣ ва аз ин ҳам бештар, барои таъмири мактаб — аз 100 то 500 сомонӣ (барои таъмири утоқи директор алоҳида пул мегиранд), барои хариди тахтаҳои электронӣ — тақрибан 150 сомонӣ, барои насби камераҳои назоратӣ — тақрибан 100 сомонӣ ва ғайра маблағ ҷамъоварӣ мекунанд. 

Илова бар ин, баъзе волидон мегӯянд, ки ҳангоми қабул кардани кӯдак ба синфи якум дар мактабҳо маблағ талаб мекунанд ва агар волидон пул надиҳанд, ба онҳо гуфта мешавад, ки дар мактаб “ҷой нест”.

Дар ҳамин ҳол бархе омӯзгорони мактабҳо дар тамосҳои катбӣ ба Azda.tv зимни тасдиқи ин падида изҳор дошта буданд, ки худи онҳоро низ масъулони болотари мактабҳо маҷбур мекунанд, ки дар ҷамъоварии маблағ талабаҳоро маҷбур кунанд ва ҳатто аз худашон ҳам бо баҳонаҳои гуногун пул мегиранд ва баъзе маҷбур шудаанд касби омӯзгорияшонро тарк намуда, кори зарфшӯӣ ва фаррошӣ ҷӯянд.

Шикояти батакрори волидону омӯзгорон аз пулҷамъкунӣ дар мактбаҳо дар ҳолест, ки масъулини Вазорати маорифи Тоҷикистон, аз ҷумла Саидзода Раҳим Ҳамро борҳо таъкид карда буд, ки таҳсил дар мактабҳои давлатӣ ройгон буда, ҷамъоварии маблағ аз волидон манъ аст. 

Бо гузашти чанд рӯз аз нашри ин шикоятҳо масъулини Вазорати маорифи кишвар то ҳол вокунише накардаанд. Ҳамзамон ҳеч хабаре низ дар бораи ин ки ягон ниҳодҳои зидди коррупсионие барои тафтиши ин корҳо ба мактабҳо рафта бошанд, нашр нашудааст.

Дар сурати пайдо шудан маълумоти тоза дар ин бора ё назару вокуниши Вазорати мавориф ва дигар ниҳодҳои расмии кишвар Azda.tv онро низ нашр хоҳад кард.

Хонандагони гиромӣ: Агар шумо низ дар мактабҳо бо чунин мушкилот рӯ ба рӯ шудаед ва мехоҳед, ки дар бораи он ҷомеа огоҳ шавад, метавонед ба мо бо ракамҳои +48571608008 нависед ва мо онро нашр хоҳем кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти чанд ҷавоне, ки бо роҳи фиреб садҳо ҳазор сомониро соҳиб шуданд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ду мард дар вилояти Суғд барои бо роҳи фиреб соҳиб шудани 600 ҳазор сомонӣ боздошт шуданд.

Муҳоҷироне, ки бо шартнома дар артиш хидмат кардаанд, аз Русия ихроҷ намешаванад

Мақомоти Русия талош доранд бо қабули қонуну қарорҳои гуногун сафи артиши ин кишварро аз ҳисоби муҳоҷирони хориҷӣ бештар кунанд.

Мақомот тафтишу бозҷӯии муҳоҷиронро дар Русия афзоиш додаанд

Дар яке аз ноҳияҳои шаҳри Санкт-Петербурги Русия кормандони пулис дар ҷойҳои истиқоматии муҳоҷирон ва майдонҳои сохтмонӣ рейд гузаронданд.