Дар вилояти Нижний Новгороди Русия дар доираи амалиёти “Муҳоҷирони ғайриқонунӣ” мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои амалиёти бозрасии муҳоҷирон аз паҳподҳои дурбиндор (дронҳо) истифода бурданд.
Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, пулис паҳподҳои дурбиндорро ҳамчун воситаи иловагӣ барои фарогирии бештари ҳудудҳо ва бо самар гузарондани санҷишҳо истифода бурда, бо онҳо майдонҳои сохтмон, нуқтаҳои савдо ва чойхонаву хобгоҳҳоро, ки ҷойи ҷамъшавии муҳоҷирон аст, тафтиш кардаанд. Ва пас аз муайян кардани он ки дар ин нуқтаҳо шаҳрвандони хориҷӣ ҳастанд ё не пулис ба он ҷой мерафтааст.
Дар доираи ин амалиёт кормандон пулис 66 шаҳрванди хориҷиро санҷида, 17 протоколи маъмурӣ тартиб додаанд.
Тибқи маълумоти пулис, бо қарори додгоҳ ба ҳамаи қонуншиканон ҷаримаи маъмурӣ ба маблағи 2 000 рубл таъйин гардида, се муҳоҷири кориро дар Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ барои ихроҷ бурдаанд.
Илова бар ин, нисбати корфармоёне, ки муҳоҷирони ғайриқонуниро ба кор ҷалб кардаанд, тафтишоти маъмурӣ оғоз шудааст.
Гуфта мешавад, ҳоло дар тамоми минтақаҳои Русия тафтишу бозрасии муҳоҷирон аз сар гирифта шудааст. Вале, бар асоси иттилои расонаҳои русӣ, ин бори аввал аст, ки пулис ҳангоми гузарондани чунин тафтишҳо аз паҳподҳои дурбиндор истифода мебарад.
Бояд гуфт, солҳои ахир фазои муҳоҷирбадбинӣ дар Русия хеле афзоиш ёфта, дар баробари тафтишу бозҷӯиҳои сахт ва ба таври иҷборӣ фиристодани онҳо ба ҷанги зидди Украина, вакилони рус чандин қонунро қабулу баррасӣ карданд, ки будубош ва корро барои муҳоҷирон сахттар кардааст.
Ба назари коршиносон, ин тағйири ҷиддӣ дар сиёсатҳои муҳоҷиратии Русия дар ҳолест, ки иқтисоди Русия то ҳол ба қувваи кории муҳоҷирон, махсусан дар сохтмон, хоҷагии коммуналӣ, кишоварзӣ ва логистика, вобастагии зиёд дорад. Баъзе корфармоёни рус ҳам борҳо нигаронӣ карда буданд, ки сахттар шудани сиёсати муҳоҷиратӣ метавонад ҷалби қувваи кориро мушкилтар кунад.
