18.9 C
Dushanbe

Тоҷикистон аз ҳуши сунъӣ барои мудирияти об истифода мекунад

Созмони Милали Муттаҳид аз истифодаи ҳуши сунъӣ барои беҳтар кардани мудирият ва назорати захираҳои об дар Тоҷикистон ҷонибдорӣ мекунад.

Намояндаи СММ дар Тоҷикистон, Парватӣ Рамасвамӣ, рӯзи 27-уми марти соли 2026 дар сомонаи расмии ин созмон изҳор доштааст, ки истифодаи зеҳни сунъӣ метавонад дар баробари дигар абзорҳо барои пешбинии дақиқтари обшавии пиряхҳо, ҷараёни об ва масири ҳаракати он мусоидат кунад. Ба гуфтаи ӯ, чунин технологияҳо имкон медиҳанд, ки тадбирҳои саривақтӣ ва муассир барои идоракунии захираҳои об андешида шаванд, ки барои Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя низ манфиатовар хоҳанд буд.

Ба таъкиди ӯ, ҳуши сунъӣ аллакай абзорҳои амалиро, аз ҷумла назорати моҳвораиро фароҳам овардааст, ки барои харитасозии дақиқтари пиряхҳо, омӯзиши ҷараёни дарёҳо ва муайян кардани ҳавзҳои обӣ истифода мешаванд. Ожонсиҳои СММ дар Тоҷикистон бо ҳукумат ҳамкорӣ доранд, то шароити истифодаи самараноки ин технологияҳоро фароҳам созанд.

Ҳамчунин, яке аз намунаҳои ахир пешниҳоди абзорҳои “воқеияти маҷозӣ” барои донишмандони тоҷик мебошад, ки ба онҳо имкон медиҳад равандҳои марбут ба ҳаёти пиряхҳоро ба таври моделсозӣ (симулятсия) таҳлил намоянд.

Ин иқдом идомаи пешниҳодест, ки Тоҷикистон соли 2025 дар СММ таҳти унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар эҷоди имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” ироа карда буд.

Бо вуҷуди ин, коршиносон таъкид мекунанд, ки худи зеҳни сунъӣ низ бо баъзе чолишҳои муҳити зистӣ рӯ ба рӯ аст. Марказҳои дода ва системаҳои марбут ба он миқдори зиёди об ва нерӯ, бахусус барои хунуксозӣ, масраф мекунанд. Ин масъалаҳо саволҳоеро дар бораи истифодаи оқилонаи об, таъсири эҳтимолӣ ба муҳити зисти маҳаллӣ ва шаффофияти фаъолияти иҷрокунандагон ба миён меоранд.

Мутахассисон ҳушдор медиҳанд, ки дар сурати идоракунии нодуруст, ин навоварие, ки барои ҳифзи об ва муҳити зист пешбинӣ шудааст, метавонад баръакс ба онҳо зарар расонад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷое, ки пои пулис нарасад, пои “дрон” мерасад. Равиши нави пулиси Русия ҳангоми “рейдҳо”

Мақомот дар Русия барои анҷоми тафтишу бозрасии муҳоҷирон аз паҳподҳои дурбиндор (дронҳо) истифода мебаранд.

Бо баҳонаи кумак даҳҳо ҳазор долларро аз худ кардааст

Дар Дубай нишаста, мардумро бо баҳонаи хариди тилло ва дигар ашёи қиматбаҳо фиреб дода, даҳҳо ҳазор долларро соҳиб шудааст.

Шартҳои Амрико ва Эрон барои поёни ҷанг маълум шуд

Ҷанги Амрико ва Исроил бар зидди Эрон ба марҳилаи нав ворид мешавад. Тарафҳо аллакай шартҳои худро барои поёни ҷанг рӯи миз гузоштанд.

Мошинҳои паранда ба Тоҷикистон меоянд

Сомонаи StreetInsider рӯзи 26 марти соли ҷорӣ хабар медиҳад, ки 50 адад мошини парвозкунандаи як ширкати амрикоӣ ба Тоҷикистон фурӯхта мешавад.