16.9 C
Dushanbe

Танҳо табибони рус ҳақ доранд, муҳоҷиронро дар дохили Тоҷикистон аз ташхис гузаронанд

Вазорати тандурустии Русия тасмим дорад барои ташхиси ҳатмии тиббии муҳоҷирони коре, ки аз Тоҷикистон ба Русия меоянд, як маркази ягона дар Тоҷикистон ташкил кунад.

Бар асоси як лоиҳаи нав, ки барои баррасӣ ба Думаи давлатии Русия пешниҳод шудааст, Вазорати тандурустии Русия мехоҳад, бо ташкили маркази ягонаи тиббӣ дар Тоҷикистон масъулияти ташхиси муҳоҷирони корӣ танҳо дар дасти табибони рус бошад.

Бо қабули ин тарҳ, танҳо табибони рус дар қаламрави Тоҷикистон ҳаққи анҷоми ташхиси муҳоҷиронро доранд. Гуфта мешавад, ҳадафи ин тарҳ “пешгирӣ аз вуруди афроде мебошад, ки гирифтори бемориҳои барои ҷомеа хатарноканд.”

Маркази миллии таҳқиқоти тиббии Русия мегӯяд, пас аз қабули тарҳи мазкур кормандони ин ниҳод, ки мустақиман дар Тоҷикистон фаъолият хоҳанд кард, салоҳият пайдо мекунанд, шаҳрвандонеро, ки қасди кор дар Русияро доранд, расман аз ташхиси тиббӣ гузаронанд ва онҳо пас аз вурудашон ба Русия маҷбур нестанд дигарбора аз ташхиси тиббӣ гузаранд.

Ёдовар мешавем, ки аз 9-уми октябри соли 2025 байни мақомоти Тоҷикистон ва Русия созишномаи дуҷонибае ба имзо расидааст, ки тибқи он бояд тамоми шаҳрвандоне, ки мехоҳанд ба Русия барои кор сафар кунанд, бояд аввал дар дохили Тоҷикистон аз ташхиси тиббӣ гузаранд.

Аммо дар созишномаи дуҷониба зикр нашудааст, ки кадом тараф бояд раванди ташхисро анҷом медиҳад. Ҳоло ҷониби Русия мехоҳад танҳо табибони рус ин ташхисро анҷом диҳанд. Ба гуфтаи коршиносон, ин иддаои Маркази миллии таҳқиқоти тиббии Русия баёнгари он аст, ки Русия ба ташхиси табибони Тоҷикистон эътимод надорад ва мехоҳад худаш ташаббусро ба даст гирад.

Ин тағйирот дар ҳоле пешниҳод мешавад, ки Русия сиёсати муҳоҷиратиашро ҳар замон шадидтар мекунад. Аз ҷумлаи ин раванд, гирифтани суғуртаи тиббии ройгон мебошад, ки қаблан муҳоҷирон бо доштани 3 соли қонунӣ кор кардан, метавонистанд ба даст оранд, аммо ҳоло муҳоҷир ҳадди ақал 5 сол қонунӣ бояд кор карда бошад, ки онро бигирад. Инчунин пешниҳод шудааст, ки муҳлати гузаштани муоинаи тиббӣ баъд аз воридшавӣ аз 90 рӯз то 30 рӯз кам карда шавад.

Ба назари таҳлилгарон, ташхиси пешакии муҳоҷирон, ҳатто дар давлати худашон баёнгари ошкори ташдиди сиёсатҳои муҳоҷиратии Русия мебошад. Гарчанде ин иқдом метавонад баъзе равандҳоро барои онҳое, ки ба Русия барои кор сафар кардан мехоҳанд, соддатар намояд, аммо ҳамзамон назорат ва талабот болои онҳоро бештар мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Муҳоҷиронро дар Русия бо кадрҳои дохилӣ иваз кардан мехоҳанд

Дар Русия ҳиссаи шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар соҳаи сохтмон кор мекунанд, тақрибан 13–15 дарсадро ташкил медиҳад ва ин соҳа бо норасоии кадрҳо рӯ ба рӯст.

Трамп: Агар ба созиш нарасем, ҳама зерсохторҳои барқии Эронро нобуд мекунем!

Трамп бо нашри паёме бори дигар таҳдид кард, ки агар ба зудӣ бо Эрон ба созиш нарасад, тамоми зерсохторҳои энержӣ ва чоҳҳои нефти ин кишварро нобуд месозад.

Тоҷикистон аз ҳуши сунъӣ барои мудирияти об истифода мекунад

Созмони Милали Муттаҳид аз истифодаи зеҳни сунъӣ барои беҳтар кардани мудирият ва назорати захираҳои об дар Тоҷикистон ҷонибдорӣ мекунад.

Истеъмор ё истиқлол – ҳосили ҷанги Амрико ва Эрон

Тарҳи Ховари Миёнаи Нав ё Ховари Миёнаи Бузургтар аз тарҳҳоест, ки зимни таҳоҷуми Амрико ба Ироқ дар соли 2003 муаррифӣ шуда буд.