14.9 C
Dushanbe

Муҳоҷиронро дар Русия бо кадрҳои дохилӣ иваз кардан мехоҳанд

Дар Русия ҳиссаи шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар соҳаи сохтмон кор мекунанд, тақрибан 13–15 дарсадро ташкил медиҳад ва ин соҳа бо норасоии кадрҳо рӯ ба рӯст. Дар ин бора раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин дар канали Telegram-и худ хабар дод.

Володин таъкид кардааст, ки ҳалли камбуди нерӯи корӣ дар соҳаи сохтмон бояд пеш аз ҳама тавассути баланд бардоштани самаранокии меҳнат ва престижи касбҳо, инчунин тариқи омодасозии мутахассисони дохилӣ амалӣ гардад, на ин ки ба ҷалби васеи муҳоҷирон такя карда шавад.

Ба иддаои ӯ, истифодаи кори муҳоҷирон аксар вақт ҳамчун роҳи осон ҳисобида мешавад, аммо такяи доимӣ ба чунин равиш метавонад дар оянда ба мушкилоти ҷиддӣ оварда расонад, ки чунин таҷриба дар баъзе кишварҳои хориҷӣ, махсусан дар Аврупо, дида мешавад. Аммо раиси Думаи давлатӣ аз ягон мушкилоти – ба гуфтааш – ҷиддӣ ном набурдааст.

Коршиносон бар ин назаранд, ки ҳиссаи воқеии муҳоҷирон дар сохтмон метавонад аз 13–15 дарсади расмӣ бештар бошад, аммо Володин бо вуҷуди эътирофи камбуди коргар бо овардани ин омор мехоҳад саҳми муҳоҷирони кориро дар ин соҳа камтар нишон диҳанд.

Дар баробари ин, Володин аз ташаббусҳои марбут ба танзими сиёсати муҳоҷират ва сахттар кардани талабот ба муҳоҷирони корӣ гуфта, таъкид кардааст, ки меъёрҳои дар ду соли охир қабулшуда самаранокии худро нишон додаанд ва ҳоло қонунҳои амалкунанда дар ин самт ба 22 адад мерасад.

Раиси Думаи давлатӣ ба танзими таҳсили фарзандони муҳоҷирон низ ишора намуда, иддао кардааст, ки барои беҳтар мутобиқшавии кӯдаконе, ки забони русиро намедонанд, механизми санҷиши дониши забон ҷорӣ гардидааст ва онро ҳамчун роҳи ҳалли масъалаи мутобиқшавӣ ва сифати таҳсил номидааст.

Бояд гуфт, вакилони рус барои сахттар кардани шароити муҳоҷирон зуд-зуд қонунҳои наверо пешниҳод, баррасӣ ва қабул мекунанд.

Аз ҷумла, 18-уми март вакилони Думаи давлатӣ дар хониши аввал лоиҳаи қонунеро қабул карданд, ки талаботи навро нисбат ба муҳоҷирони корӣ ва аъзои оилаи онҳо ҷорӣ мекунад. Тибқи ин қонун, фарзандони муҳоҷирон пас аз расидан ба синни 18-солагӣ гар асоси қонунии дигари иқомат надошта бошанд бояд дар давоми 30 рӯз қаламрави Русияро тарк кунанд ва ё патент гирифта, андоз супоранд.

Илова бар ин, пешниҳод шудааст, ки иҷозаи иқомати муваққатӣ ё доимии муҳоҷироне, ки камтар аз 10 моҳ дар як сол кор кардаанд, бекор карда шавад ва ба шаҳрвандони хориҷие, ки даромади паст доранд, додан ё тамдиди патенташон рад карда шавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Трамп: Агар ба созиш нарасем, ҳама зерсохторҳои барқии Эронро нобуд мекунем!

Трамп бо нашри паёме бори дигар таҳдид кард, ки агар ба зудӣ бо Эрон ба созиш нарасад, тамоми зерсохторҳои энержӣ ва чоҳҳои нефти ин кишварро нобуд месозад.

Танҳо табибони рус ҳақ доранд, муҳоҷиронро дар дохили Тоҷикистон аз ташхис гузаронанд

Вазорати тандурустии Русия тасмим дорад барои ташхиси ҳатмии тиббии муҳоҷирони коре, ки аз Тоҷикистон ба Русия меоянд, як маркази ягона дар Тоҷикистон ташкил кунад.

Тоҷикистон аз ҳуши сунъӣ барои мудирияти об истифода мекунад

Созмони Милали Муттаҳид аз истифодаи зеҳни сунъӣ барои беҳтар кардани мудирият ва назорати захираҳои об дар Тоҷикистон ҷонибдорӣ мекунад.

Истеъмор ё истиқлол – ҳосили ҷанги Амрико ва Эрон

Тарҳи Ховари Миёнаи Нав ё Ховари Миёнаи Бузургтар аз тарҳҳоест, ки зимни таҳоҷуми Амрико ба Ироқ дар соли 2003 муаррифӣ шуда буд.