Нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба артиш дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон дар рӯзи аввал пурра иҷро шудааст.
Аз 1-уми апрели соли ҷорӣ мавсими даъвати баҳории наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз шуд ва дар рӯзи аввал мисли даъватҳои қаблӣ Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон аз иҷрои пурраи нақшаи даъват хабар доданд.
Ҳатто ин бор шаҳри Бохтар як рӯз қабл аз оғози мавсими даъват аз иҷрои нақша иттилоъ дод ва ноҳияи Тоҷикободи минтақаи Рашт ҳам нақшаро дар рӯзи аввал иҷро кард.
То ҳол Вазорати дифои Тоҷикистон нагуфтааст, ки дар тамоми кишвар нақша чанд дарсад иҷро шудааст, аммо тирамоҳи соли гузашта, мақомот дар як рӯз аз иҷрои 55 дарсадаи даъвати насарбозон гуфта буданд.
Мақомоти кишвар пурра иҷро шудани нақшаро дар минтақаҳои гуногуни кишвар дар рӯзҳои аввал ба зиёд шудани шумораи ҷавонони ихтиёрӣ ва ба корҳои фаҳмондадиҳии комиссияҳои даъватӣ рабт медиҳанд. Аммо коршиносон мегӯянд, ки тибқи қонуни нави уҳдадорҳои ҳарбӣ, мақомот ҳақ пайдо карданд, ки тамоми сол ҷавононро ба артиш бо роҳҳои гуногун ҷалб кунанд ва маҳз ин чиз сабаб шудааст эълон кунанд, ки нақшаро дар рӯзҳои аввали маъракаи даъват иҷро кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки дар оғози ҳар мавсим даҳҳо наворҳои видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мегардад, ки дида мешавад, кормандони комиссариятҳои ҳарбӣ ҳамроҳи мақомоти амният ва интизомӣ ба хонаҳои мардум зада медароянд ва ё дар кӯчаҳо ба зӯр аз дасту бозуи ҷавонон дошта, онҳоро кашон-кашон ба мошинҳои худ савор мекунанд. Чунин рафтори ғайриқонунии мақомоти дахлдор ҳамасола мавриди интиқоди шадиди ҷомеа қарор мегирад, вале давоми беш аз 30 сол аст ҳеч ниҳоде наметавонад пеши роҳи чунин рафтори авбошонаи масъулини низомӣ ва амниятиро бигирад.
Солҳои охир мақомот дар баробари сарбозшикор аз роҳҳои дигар низ истифода мебаранд, аз ҷумла барқро дар баъзе деҳаҳо пурра қатъ мекунанд ва бар ивази додани барқ сарбоз ё пул талаб мекунанд ё ҳуҷҷати ронандагӣ бар ивази хидмат медиҳанд ва ё наздикони сарбозонро асир мегиранду латтукуб мекунанд.
Ба назари таҳлилгарон, яке аз сабабҳои гурезон шудани ҷавонон аз хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ, ин бадрафторӣ бо сарбозон ва ҳатто кушта шудани ҷавонон бар асари латтукӯб дар қимсҳои низомии кишвар мебошад.
Ва чанд соли охир масъулони Вазорати мудофиаи кишвар ғайричашмдошт вуҷуди мушкилотро дар ин соҳа эътироф карда, аз зердастони худ хоста буданд, ки зимни даъвати ҷавонон ба артиш даст ба қонуншиканӣ назананд.
Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки то дар системаи Вазорати дифоъ тағйироти куллӣ сурат нагирад, бо дастуру супоришҳо ин мушкилот бартараф нахоҳанд шуд.
