Боздошти бародари Тошиев дар Қирғизистон

Шаирбек Тошиев, бародари хурдии собиқ раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев ва вакили пешини парлумони ин кишвар бо гумони фасодкорӣ боздошт шудааст.

Хабаргузории 24.kg дар истинод ба Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон хабар додааст, ки нисбати вакили собиқи парлумон (Жогорку Кенеш) парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба ҳолатҳои фасодкорӣ дар ширкати саҳомии кушодаи “Кыргызнефтегаз” ва расондани зарар ба давлат ба ҳаҷми беш аз 4,1 миллиард сом (46,8 млн доллари амрикоӣ) оғоз гардидааст.

Гуфта мешавад, ки асос барои оғоз шудани парванда натиҷаҳои санҷиши аудиторӣ аз фаъолияти ин корхона ва маводи Хадамоти давлатии андози Қирғизистон будааст. Ва ҳоло Шаирбек Тошиев дар боздоштгоҳи муваққатии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Бишкек нигаҳдорӣ мешавад.

Бино ба иттилои расонаҳои қирғизӣ, Шаирбек Тошиев 13-уми марти соли ҷорӣ низ барои бозпурсӣ ба Вазорати корҳои дохилӣ даъват шуда буд. Ва рӯзи 14-уми март хабар нашр шуд, ки ӯ ихтиёран аз ваколати вакилиаш даст кашидааст.

Тошиев дар шарҳи истеъфояш гуфт, ки қабули ин қарор барои ӯ осон набуд, аммо вай онро бо дарназардошти манфиатҳои давлат ва эътимоди мардум гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати ӯ ва аъзои хонаводааш маълумоти бардурӯғ ва туҳматҳо зиёд паҳн мешуданд, ки ин оромии наздиконашро халалдор кардааст.

Дертар 19-уми март бародари Шаирбек роҳбари пешини КДАМ Қамчибек Ташиев барои бозпурсӣ ба раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ даъват гардид ва тақрибан панҷ соат ба саволҳои кормандони мақомоти қудратӣ посух дода, баъдан аз ӯ уҳдадории ифшо накардани маълумот гирифта шудааст.

Худи Қамчибек Тошиевро дӯсташ раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов аз вазифаҳои муовини сарвазир ва раиси КДАМ рӯзи 10-уми феврали соли ҷорӣ, замоне ки Тошиев барои табобат дар кишвари Олмон қарор қарор дошт, барканор карда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.