Дар роҳҳои воридшавӣ ба шаҳри Душанбе аз самтҳои Турсунзода ва Бохтар қарор аст нуқтаҳои махсус барои санҷиши вазни мошинҳои боркаш бунёд карда шаванд. Ҳадафи асосии ин иқдом ҳифзи роҳҳо аз вайроншавии зуд ва истифодаи дурусти инфрасохтори нақлиётӣ мебошад.
Бино ба иттилои хабаригузории “Азия Плюс”, баъд аз фаъол шудани ин низом, мошинҳое, ки вазнашон аз 40 тонна зиёд аст, бояд барои истифодаи роҳ маблағ пардохт кунанд. Ҳаҷми ин маблағ ҳоло мушаххас нашудааст. Санҷиш танҳо ба мошинҳои боркаш ва калонҳаҷм марбут аст.
Гуфта мешавад, созишномаи мазкур оид ба иҷрои ин тарҳ 21-уми июли соли 2025 миёни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати Kvadrat System LLC ба имзо расидааст. Тибқи нақша, корҳои сохтмонӣ дар давоми 8 моҳ анҷом ёфта, насби таҷҳизот аз моҳи декабри соли 2025 оғоз шуда, то моҳи августи соли 2026 ба итмом мерасад.
Ин тарҳ, ки дар доираи барномаи минтақавии БРАМОМ-4 бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ амалӣ мешавад. Пас аз анҷоми корҳо ва тасдиқи комиссияи давлатӣ, масъулияти ин ду нуқтаи санҷиши вазни мошинҳои боркаш ба КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёт” вогузор мегардад.
Айни ҳол дар Тоҷикистон танҳо як роҳи пулакӣ амал мекунад ва он ҳам бошад, шоҳроҳи Душанбе–Чаноқ аст.
Назари ҷомеа нисбат ба ин иқдом гуногун аст: бархе онро қадами муҳим барои ҳифзи роҳҳо мешуморанд, дар ҳоле ки дигарон онро бештар ҳамчун манбаи даромад барои шахсони наздик ба хонаводаи раисҷумҳур арзёбӣ мекунанд.
