Тоҷикистон талош дорад ба маркази транзитӣ дар минтақа табдил шавад

Тоҷикистон метавонад дар оянда ба яке аз нуқтаҳои муҳими пайвасткунандаи роҳҳои нақлиётӣ миёни кишварҳои ИДМ ва минтақаҳои Осиё табдил ёбад.

Ин мавзуъ дар доираи як ҳамоиши байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ баррасӣ шудааст. Муовини вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шоиста Саидмуродзода дар ин нишаст таъкид карда, ки мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон барои амалӣ намудани чунин иқдом ҷавобгӯ буда, тамоми имкониятро фароҳам меорад.

Ба гуфтаи масъулони соҳа, ташкили долонҳои муосири нақлиётӣ, бахусус шабакаҳои мултимодалӣ, метавонад ба густариши савдо ва ҳамкориҳои иқтисодӣ дар сатҳи минтақавӣ мусоидат кунад. Дар баробари ин, барои истифодаи пурраи ин имкониятҳо, ислоҳоти ҷиддӣ дар зерсохторҳо зарур дониста мешавад.

Тавре худи намояндаи Вазорати нақлиёт таъкид мекунад, айни замон соҳаи нақлиёти кишвар бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ аст. Аз ҷумла, сатҳи пасти ҳамоҳангии байни кишварҳо, норасоии имкониятҳои техникӣ ва куҳнаву фарсуда будани қисме аз роҳу шабакаҳо аз монеаҳои ҷиддӣ дар ин росто ном бурда мешаванд.

Бо вуҷуди ин, дар солҳои охир ташаббусҳо барои рушди роҳҳои байналмилалӣ бештар шудаанд. Масалан, тарҳҳои нави долонҳои нақлиётӣ, ки кишварҳои Осиёи Марказиро бо Чин, Эрон ва Аврупо мепайванданд, мавриди баррасӣ қарор доранд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки дар шароити тағйирёбии роҳҳои ҷаҳонии савдо ва афзоиши таваҷҷуҳ ба минтақаи Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон метавонад нақши “пули транзитӣ”-ро байни бозорҳои гуногун иҷро кунад.

Ба гуфтаи онҳо, бо истифода аз имкониятҳои ҷуғрофӣ ва рушди зерсохтори нақлиётӣ, Тоҷикистон метавонад ба як маркази муҳими транзитӣ табдил ёбад. Аммо барои расидан ба ин ҳадаф, сармоягузории бештар, ҳамоҳангии минтақавӣ ва навсозии шабакаҳои нақлиётӣ аҳамияти калидӣ доранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.