ВКД Қирғизистон: зарари расондаи Тошиев ба иқтисоди Қирғизистон беш аз 4,1 млрд аст

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ҳаҷми зараре, ки вакили собиқи парлумон Шаирбек Ташиев ба иқтисоди ин кишвар расондааст, эълон кард.

Ба иттилои расонаи қирғизии 24.kg, мақомоти Қирғизистон, Шаирбек Ташиев, собиқ намояндаи парлумон ва бародари Қамчибек Тошиев, собиқ раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон бо машғул шудан ба тиҷорат зарари хеле калон ба иқтисоди ин кишвар расондааст. Зарари умумиро ВКД беш аз 4,1 миллиард сом (тақрибан 47 миллион доллар) эълон кард. Гуфта мешавад, ин маблағ фоидаи аз дастрафта ва андозҳои пардохтнашударо дар бар мегирад.

Тибқи маълумоти тафтишот, Тошиев, ки ҶСК “Қирғизнефтегаз”-ро идора мекард, амалҳои эҳтимолии коррупсионӣ низ дар фаъолияти ин ширкат сурат гирифтаанд. Гуфта мешавад, бо вуҷуди фаъолияти корхонаи давлатии коркарди нафт — “Қирғиз Петролеум Компани”, таъминоти ашёи хом мустақим анҷом намешудааст, балки тавассути ширкатҳои миёнарав роҳандозӣ гардида буд.

Мақомоти ВКД мегӯянд, ки дар натиҷа занҷираи сунъии миёнаравон ташкил шуда, маблағҳо аз тариқи онҳо гардиш мекарданд. Ба гуфтаи тафтишот, то сеяки ҳаҷми нефт тавассути ширкатҳои вобаста ба Ташиев фурӯхта шудааст.

Ҳамчунин, маълум шудааст, ки қарзи андозии “Қирғизнефтегаз” барои соли 2023 ҳудуди 60,5 миллион сом (тақрибан 690 ҳазор доллар) ва “Қирғиз Петролеум Компани” тақрибан 54,5 миллион сом (621,3 ҳазор доллар)-ро ташкил медиҳад.

ВКД таъкид кардааст, ки Шаирбек Ташиев бояд зарари ба давлат расондаро пурра ҷуброн намояд. Дар ҳоли ҳозир тафтишот идома дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Додгоҳи Димишқ муфтии пешини Сурияро ба ҳабси абад маҳкум кард

Додгоҳи ҷиноии чоруми Димишқ рӯзи душанбе, 24-уми август Аҳмад Бадруддин Ҳассун, муфтии пешини Сурия дар замони ҳукумати Башор Асадро ба ҳабси абад маҳкум кард.

Ихроҷи ду муҳоҷир аз Русия барои пӯшидани либоси занона

Додгоҳи ноҳияи Люблинои Маскав ду шаҳрванди хориҷиро барои "тарғиби ЛГБТ" ба 10 шабонарӯз ҳабс ва ихроҷ аз Русия маҳкум кардааст.

Боздошти се гумонбар бо иттиҳоми оташ задани бозори шаҳри Ҳисор

Дар шаҳри Ҳисор се гумонбар бо иттиҳоми ташкили сӯхтор дар бозори масолеҳи сохтмонӣ боздошт шудаанд.

Оё Эрон барои пайвастан ба Созишномаи Макка даъват шудааст?

Ба гузориши расонаҳо, Эрон барои пайвастан ба Созишномаи муштараки дифоии Макка, ки чанде пеш миёни Арабистони Саудӣ, Туркия ва Покистон ба имзо расид, даъват шудааст.