9.9 C
Dushanbe

Миёни Амрико ва Эрон ду ҳафта оташбас эълон шуд

Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп ду соат қабл аз поён ёфтани зарбулаҷали гузоштааст, аз оташбаси дуҳафтаина байни Амрико ва Эрон хабар дод.

Доналд Трамп то рӯзи сешанбе соати 20 ба вақти шарқи Амрико ба Эрон муҳлат дода буд, ки тангаи Ҳурмузро боз кунад ва дар акси ҳол ҳамлаи васеъеро дар якҷоягӣ бо Исроил ба зерсохторҳои энержӣ, пулҳо ва дигар иншооти стратегӣ анҷом хоҳад дод. Аммо шоми сешанбе, ки то поёни зарбулаҷал ду соати дигар монда буд, дар саҳифаи иҷтимоии “Truth”-и марбути худаш эълон кард, ки ба шарти кушода шудани тангаи Ҳурмуз ба даҳ шарти Эрон барои музокира ва таваққуфи ҷанг то ду ҳафта розӣ шудааст.

Дар ҳоле Трамп аз розӣ шуданаш ба шартҳои Эрон хабар дод, ки чор соат мондан ба поёни зарбулаҷал нахуствазири Покистон Шаҳбоз Шариф бо нашри паёме аз Трамп хост ба Эрон ҳамла накунад ва дар ивази кушода шудани тангаи Ҳурмуз ду ҳафтаи дигар фурсат бидаҳад, то музокирот сурат бигирад.

Аммо соате пас аз эълони Трамп Қатар, Байҳрайн, Кувайт, Саудӣ ва Исроил хабар доданд, ки аз ҷониби Эрон мавриди мушакборони сахт қарор гирифтаанд. Расонаҳои амрикоӣ ба нақл аз мақомдорони ин кишвар навиштанд, ки хабари оташбас то ба сатҳҳои поёнии низомиёни Эрон, ки дар ҷабҳаҳо қарор доранд, вақт мегирад ва ин ҳамлаҳо ба ин хотир аст.

Мақомоти покистонӣ низ эълон карданд, ки аввалин нишасти музокирот байни ҷонибҳо рӯзи ҷумъаи оянда дар Исломободи Покистон сурат мегирад ва шартҳои ду тараф то ду ҳафта баррасӣ мешаванд.

Пас аз эълони Трамп, мақомоти эронӣ шартҳои пешниҳодшудаи худро барои музокирот нашр карданд. Аз ҷумла, дар шартҳои 10-бандии Эрон гуфта мешавад:

1. Амрико ба таври усулӣ уҳдадор мешавад, ки дигар ба Эрон ҳуҷум намекунад;

2. Контроли тангаи Ҳурмуз дар дасти Эрон хоҳад буд ва убури киштиҳо танҳо дар ҳамоҳангӣ бо нерӯҳои ин кишвар сурат хоҳад гирифт;

3. Эрон аз ғанисозии урониюм даст намекашад;

4. Рафъи тамоми таҳримҳои якумдараҷа;

5. Рафъи тамоми таҳримҳои дуюмдараҷа;

6. Поён додани тамоми қатъномаҳои Шӯрои амният;

7. Поён додани тамоми қатъномаҳои Шӯрои ҳукком;

8. Пардохти хасорат барои Эрон;

9. Хуруҷи нерӯҳои низомии Амрико аз минтақа;

10. Таваққуфи ҷанг дар ҳама ҷабҳаҳо, аз ҷумла алайҳи дар Лубнон.

Гуфта мешавад, Исроил ҳам бо эълони Трамп аз отшабас онро пазируфта ва ҳамлаҳои худро поён додааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Талаби 11 соли зиндон барои сардори дидбонгоҳ пас аз марги сарбоз

Додситонии низомии шаҳри Кӯлоб сардори собиқи дидбонгоҳи сарҳадии "Шоҳон" Юсуф Мирзоевро, дар марги сарбоз Шоҳдил Ҷӯразодаи 20-сола гунаҳкор донист.

Садҳо муҳоҷирро дар Маскав аз хобгоҳ ронданд

Гурӯҳе аз муҳоҷирони корӣ, ки шуморашон ба садҳо нафар мерасад, шикоят доранд, ки онҳоро аз хобгоҳе дар шаҳри Маскав берун кардаанд.

Русия бо Тоҷикистон дар бораи ҷалби муҳоҷирон созишномаи нав имзо мекунад

Дар пасманзари коҳиши нерӯи корӣ дар Русия, мақомоти ин кишвар талош доранд бо тасдиқи созишномаи наве муҳоҷирони бештареро аз Тоҷикистон вориди бозори кор кунанд.

Худкушии як зодаи Тоҷикистон дар боздоштгоҳи “Матросская тишина”

Яке аз маҳкумшудагон дар парвандаи ҳамлаи террористӣ ба "Крокус Сити Холл" дар боздоштгоҳи тафтишотии "Матросская тишина"-и Маскав худкушӣ кардааст.