Тирапарронӣ дар назди консулгарии Исроил дар Истанбул

Се шахси номаълум рӯзи сешанбе, 7-уми апрел дар шаҳри Истанбул назди бинои консулгарии генералии Исроил бо пулис тирпарронӣ карданд.

Бино ба иттилои мақомоти Туркия, дар натиҷаи ин даргирӣ яке аз ҳамлагарон кушта шуда, ду нафари дигар захмӣ ва боздошт гардиданд. Мақомоти пулиси Истанбул гуфта, ки ҳамчунин ду корманди пулис дар ҷараёни ин тирпарронӣ ҷароҳатҳои сабук бардоштанд. 

Мақомоти амниятӣ изҳор доштаанд, ки то ҳол иртиботи ин афрод бо гурӯҳҳои ифротӣ тасдиқ нашудааст ва ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ҳамларо бар уҳда нагирифтааст. Ва инчунин сабаби ба ин кор даст задани муҳоҷимон низ нашр нашудааст.

Раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар як изҳороте ин ҳодисаро “амали террористӣ” номида, гуфтааст, ки нерӯҳои амниятӣ тавонистанд аз як ҳамлаи эҳтимолии бузургтар пешгирӣ намоянд.

Баъзе расонаҳо ва манбаъҳои ғайрирасмӣ номҳои эҳтимолии ҳамлагаронро Юнус, Онур ва Анас зикр кардаанд, аммо ин маълумот то ҳол аз ҷониби мақомоти расмӣ тасдиқ нашудааст.

Дар робита ба ин қазия тафтишот идома дошта, интизор меравад ҷузъиёти бештар дар наздиктарин фурсат эълон гардад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар 29 сол 29 ҳазор мутахассис бо квотаи президентӣ: чандтои онҳо сари коранд?

Аз соли 1997 то имрӯз 29 ҳазор донишҷӯ тариқи квотаи президентӣ пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳҳои давлатӣ шомил шудаанд.

Сокини 24-солаи “Дарвоз” ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Давлатов, ҷавони 24-сола ва сокини маҳаллаи "Дарвоз"-и пойтахтро бо иттиҳоми "тундгароӣ" ба панҷуним соли зиндон маҳкум кардааст.

Ҳиндустон аз Русия хост, ҷанг бар зидди Украинаро поён бахшад

Нарендра Моди, сарвазири Ҳиндустон, аз президенти Русия Владимир Путин хост, ки ба ҷанги зидди Украина хотима бахшад.

Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек: аз мулоқот бо Пизишкиён то гуфтугӯ бо намояндагони ИМА

Раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба Бишкек рафт.