18.9 C
Dushanbe

Боздошт ва истирдоди модари як фаъоли кушташуда аз Русия ба Тоҷикистон

Дар Русия бо дархости мақомоти тоҷик Амчигул Амиршоева, модари фаъоли шаҳрвандӣ Тутишо Амиршоеви 23-сола, ки моҳи ноябри соли 2021 дар ҷараёни эътирозҳо дар шаҳри Хоруғ кушта шуда буд, боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод гардид.

Бино ба иттилои рӯзноманигори шинохта Анора Саркорова, боздошти Амчигул Амиршоеваи 55-сола рӯзи 6-уми апрел тақрибан соати 15:00 дар Маскав ҳангоми баргаштан аз ҷои кор сурат гирифта, дар он кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ва Тоҷикистон иштирок доштаанд. Ва шаби 6 ба 7-уми апрел ин модарро ба Душанбе истирдод кардаанд.

Гуфта мешавад, нисбати Амиршоева дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Сабаби боз шудани парванда шарҳҳои ӯ дар интернет мебошад, ки дар онҳо аз амалҳои сохторҳои қудратӣ ва мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон интиқод кардааст.

Ин модар аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор низ дода шуда, маълумоташ ба пойгоҳи ҷустуҷӯи ВКД-и Русия низ ворид гардида буд.

Амчигул Амиршоева зодаи ноҳияи Роштқалъа буда, солҳои охир дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дошт. Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ борҳо зери фишор қарор гирифта, аз ҷониби мақомоти қудратии Тоҷикистон таҳдидҳо дарёфт кардааст, то нашри мавод дар бораи писари фавтидаашро қатъ намояд.

Ҳамчунин ба иттилои манбаъҳо, кормандони КДАМ ва ВКД-и кишвар фаъолияти хешовандони қурбониёни эътирозҳои солҳои 2021–2022-ро дар самти гиромидошти хотираи онҳо маҳдуд намуда, нашри аксҳо, баргузории чорабиниҳои ёдбуд ва паҳн кардани маълумот дар бораи онҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ кардаанд.

Ба гуфтаи Анора Саркорова, бо вуҷуди изҳороти Эмомали Рахмон дар бораи бекор кардани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои “лайк”, бознашр ва шарҳҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар моҳи майи соли 2025, тибқи маълумоти дастрас, дар як соли охир на камтар аз даҳ сокини ВМКБ бо чунин иттиҳомҳо ба муҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳуҷуми шадиди Исроил ба Лубнон. Исроил Лубнонро ҷузъи оташбас намедонад

Пас аз эълони тавофуқи оташбас байни Эрон ва Амрико Исроил ҳамлаҳои худро ба чандин минтақаи Лубнон шиддат бахшидааст.

Вазири дифои Тоҷикистон ҳамлаҳо бар Эронро маҳкум кард

Вазири дифои Тоҷикистон дар як суҳбати телефонӣ бо сарпарасти Вазорати дифои Эрон масоили вобаста ба вазъияти ахири минтақаро баррасӣ кард.

Гурӯҳе аз ҳоҷиёни тоҷик дар Саудӣ овора шудаанд

Гурӯҳе аз ҳоҷиёни тоҷик ба сабаби доштани ҳуҷатҳои қалбакӣ дар сафари ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ сарсон шуда, аз сафорати Тоҷикистон дархости баргаштан ба Ватанро карданд.

Тирапарронӣ дар назди консулгарии Исроил дар Истанбул

Се шахси номаълум рӯзи сешанбе, 7-уми апрел дар шаҳри Истанбул назди бинои консулгарии генералии Исроил бо пулис тирпарронӣ карданд.