Боздошти як зани овозхон бо итиҳоми ҷалби духтарон ба танфурӯшӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе аз боздошти як зани овозхон хабар дод, ки дар ҷиноятҳои шаҳвонӣ гумонбар дониста мешавад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дар натиҷаи гузаронидани як амалиёти ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, сокини пойтахт Раҳимова Хуршедаи 38-сола бо гумони даст доштан дар ҷиноятҳои марбут ба истисмори шаҳвонӣ ва ҷалби ҷавондухтарон ба танфурӯшӣ дастгир гардидааст.

Тибқи маълумоти тафтишоти пешакӣ, номбурда дар тӯли солҳои зиёд бо роҳи фиреб ҷавондухтарони зиёде, бахусус шахсони шинохтаи ҷомеаро бо ваъдаҳои гуногун ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он бурда, бар ивази маблағ маҷбур ба анҷом додани амалҳои шаҳвонӣ мекардааст.

Гуфта мешавад, ҳоло чанде аз чунин ҳолатҳои ҷиноятӣ ошкор гардида, гумонбар дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои муайян намудани ҳолатҳои дигари эҳтимолии ҷиноят тафтишотро идома медиҳанд.

Раҳимова Хуршеда ҳамчун сароянда фаъолият дошта, суруд ва наворҳояш дар фазои маҷозӣ нашр мешуданд. Аммо назари худи ӯ ё наздикону вакили дифоаш вобаста ба ин иттиҳомҳо то ҳол дастрас нест.

Тибқи гузориши Департаменти давлатии Амрико оид ба вазъи қочоқи инсон, ки моҳи октябри соли 2025 нашр шудааст, дар Тоҷикистон аз миёни 272 қурбонӣ, ки аз ҷониби мақомот аз дасти қочоқчиён наҷот дода шудаанд, 38 нафар ба истисмори шаҳвонӣ ва 238 нафар ба шуғли маҷбурӣ ҷалб гардидаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.