18.9 C
Dushanbe

Дар интихоботи Маҷористон ҳампаймони Амрико шикаст хӯрд

Виктор Орбан, “дӯст”-и Путин ва Трамп дар интихоботи парлумонии Маҷористон шикаст хӯрд.

Рӯзи якшанбе, 12-уми апрели соли ҷорӣ дар Маҷористон, ки узви Иттиҳоди Аврупост интихоботи парлумонӣ баргузор гардид ва дар он ба таври рекордӣ 79,5 дарсади интихобкунандагон иштирок карданд.

Ҳизби мухолифи “Тиса”, ки соли 2020 таъсис ёфтааст, бо роҳбарии Петер Мадяр дар интихобот ғалаба кард ва бо ба даст овардани 53,07% овозҳо аз 199 курсии парлумон 138-тоашро соҳиб шуд. Ин ба ҳизб имконият медиҳад, ки бе мамоният ҳукумати навро ташкил кунад ва дар кишвар ислоҳоти васеъ гузаронад.

Ҳизби ҳукмрони “Фидес” бо сардории сарвазири Маҷористон Виктор Орбани 62-сола, ки аз соли 2010 инҷониб ин вазифаро ишғол мекунад, 38,43% овози интихобкунандагонро гирифт ва дар парлумони ин кишвар 55 курсӣ хоҳад дошт.

Ҳизби рости тундгарои “Ватани мо” бо ба даст овардани 5,83% овозҳо шаш курсиро соҳиб шудааст, аммо ду ҳизби дигар ба остонаи панҷфоизӣ нарасиданд ва вориди парлумон нашуданд.

Виктор Орбан ҳамагӣ се соат пас аз анҷоми овоздиҳӣ мағлубиятро эътироф намуда, Петер Мадярро бо ғалаба табрик гуфт ва дар суханронии пеши пайравонаш дар Будапешт ӯ натиҷаҳоро “дардовар, аммо равшан” номид ва изҳор дошт, ки “Фидес” кори худро дар мухолифат давом хоҳад дод.

Петер Мадяр дар назди даҳҳо ҳазор пайравони худ, ки дар пойтахт гирд омада буданд, суханронӣ кард ва таъкид намуд, ки ғалаба нишон дод, ки “ҳақиқат бар дурӯғ ғалаба кард” ва Маҷористон ба Аврупо “бале” гуфт.

Бояд гуфт, натиҷаҳои интихоботи порлумонии Маҷористон барои Аврупо ва ҳам Украина муҳим мебошад. Чун Виктор Орбан ҳамеша аз ҳомиёни Владимир Путин дар Иттиҳоди Аврупо ва аз мухолифони расондани кумак ба Украина аст.

Раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен изҳор намуд, ки Маҷористон “роҳи аврупоии худро барқарор мекунад” ва ҳамчунин сарвазири Италия Ҷорҷ Мелони, сарвазири Британияи Кабир Кир Стармер, президенти Фаронса Эммануэл Макрон, садри аъзами Олмон Фридрих Мерс ва сарвазири Лаҳистон Доналд Туск Петер Мадярро бо пирӯзӣ табрик гуфтанд.

Президенти Украина ҳам Владимир Зеленский низ пирӯзии ҳизби “Тиса”-ро табрик гуфта, омодагии Киевро барои рушди ҳамкорӣ бо Будапешт “ба манфиати ҳар ду миллат, инчунин барои сулҳ, амният ва субот дар Аврупо” изҳор кард.

Шикасти Орбан ҳам дар ҳолест, ки ӯ дар арафаи интихобот аз ҷониби маъмурияти ИМА ошкор пуштибонӣ меёфт. Президенти ИМА Доналд Трамп гуфта буд, ки омодааст ба “шукуфоии” Маҷористон дар сурати боқӣ мондани Орбан дар вазифа мусоидат кунад ва чанд рӯз пеш аз интихобот муовинаш Ҷей Ди Вэнс барои дастгирии Орбан ба Венгрия фиристода буд.

Тибқи иттилои рӯзномаи Financial Times, Кремл ҳам як кампанияи иттилоотиро барои дастгирии Орбан ва “Фидес” ҷорӣ кардааст, Маскав ин иттилоотро расман рад карда буд.

Кремл изҳор дошт, ки интихоби мардуми Маҷористонро “бо эҳтиром” мепазирад ва умедворӣ кард, ки “муносибатҳои прагматикиро” бо роҳбарияти нави кишвар давом медиҳад. Аммо Вашингтон то лаҳзаи нашри матолиб ягон вокуниши расмие накардааст.

Бояд гуфт, Петер Мадяр аз соли 2002 то 2024 узви ҳизби “Фидес” буд ва пас аз ба қудрат расидани ҳизб дар соли 2010 дар сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла дар Вазорати корҳои хориҷӣ, намояндагии доимии Маҷористон дар Иттиҳоди Аврупо, дастгоҳи сарвазир ва ғайра файъолият кардааст.

Дар соли 2024, пас аз моҷарои сиёсие, ки бо ҳамсари собиқаш вазири адлия марбут буд, Мадяр ба таври ошкоро мақомоти ҳокимият ва ҳизби “Фидес”-ро ба фасод айбдор кард ва худи ҳамон сол ӯ ба Ҳизби “Тиса” пайваст ва раҳбари он интихоб шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Як соҳибкор ба хотири писараш боздоштгоҳи нав сохт

Як соҳибкори маҳаллӣ аз Истаравшан пас аз дидани вазъи фарзанди боздоштшудааш, як боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и наве сохта ба мақомот додааст.

Боздошти як зани овозхон бо итиҳоми ҷалби духтарон ба танфурӯшӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе аз боздошти як зани овозхон хабар дод, ки дар ҷиноятҳои шаҳвонӣ гумонбар дониста мешавад.

Ҷанги Амрико ва Эрон: Аз аҳдофи нотамом то музокироти ноком

Эъломи оташбаси дуҳафтаӣ дар миёни Амрико ҳамроҳ бо Исроил ва Эрон ва нокомии даври аввали музокирот байни ҷонибҳо абъоди тозаеро ба вуҷуд овардааст.

Вакилони рус мехоҳанд муҳоҷирони бештареро ихроҷ кунанд

Рӯйхати моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ ё муҳоҷиронро пешбинӣ мекунад, метавонад қариб ду баробар зиёд шавад.