Додситонии вилояти Иваново талаб кардааст, ки фаъолияти Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар Русия манъ карда шавад.
Бино ба иттилои нашрияи русии “Коммерсант” бо даъвои маъмурӣ ба додгоҳи ноҳиявии Октябри шаҳри Иваново прокурори вилояти Иваново Андрей Жугин муроҷиат карда, хостааст “Гурӯҳи 24” дар Русия ҳамчун созмони ифротгаро эътироф ва фаъолияташ манъ карда шавад.
Дар дархости расмӣ додситон иддао кардааст, ки ин созмон қаблан бештар зидди ҳукумати Тоҷикистон фаъолият мебурд, аммо баъди оғози ба гуфтаашон амалиёти низомӣ дар Украина ба зидди ҳукумати Русия кор карда, ин кишварро бадном сохтааст ва дар сомонаҳояш маводи марбут ба полки “Азов” ва “Сектори рост” нашр шудаааст.
Ба иддаои додситон, гӯё аъзои ин гурӯҳ барои анҷоми амалҳои ҷиноятӣ шабакаҳо (ячейкаҳо) ташкил мекарданд ва бо супориши хадамоти махсуси Украина маълумот дар бораи низомиён ҷамъоварӣ намуда, онро барои ҳамлаҳои эҳтимолӣ ба худи онҳо ва аъзои оилаҳояшон истифода мебурданд. Ин ниҳод мегӯяд, аъзои гурӯҳ гӯё барои дастгирии молиявии сохторҳои низомии Украина ва дигар гурӯҳҳои ифротгаро ҷамъоварии маблағ ташкил мекунанд.
Ҳамчунин дар ариза иддао шудааст, ки додситонӣ дар якҷоягӣ бо ФСБ ва ВКД дар Русия ошкор кардааст, ки фаъолияти “Гурӯҳи 24” ба фаъолсозии руҳияҳои эътирозӣ нисбат ба ҳокимияти давлатӣ, даъват ба аҳолии кишварҳои узви ИДМ ба бетартибиҳои оммавӣ ва сарнагун кардани асосҳои сохти конститутсионӣ равона шудааст, ки ба гуфтаи шикояткунанда ба манфиатҳои миллии Русия зарар мерасонад ва ғайриқобили қабул аст.
Бояд гуфт, ҷавобгар дар ин парванда Маҳмадҷон Раҳматҷон, намояндаи ин ҳаракат мебошад, ки шаҳрвандии русияш бекор ва ба Тоҷикистон истирдод шуда буд ва ба 20-соли зиндон маҳкум шуд.
Яке аз иттиҳомҳои ин додситон нисбати Раҳматҷони Маҳмадҷон ин аст, ки ҳангоми дар Маскав буданаш ӯ “борҳо ба сабук кардани қоидаҳои муҳоҷират, таъмини дастрасии онҳо ба таълим, кор ва хадамоти пизишкиву нафақа” даъват кардааст.
Ҳамчунин гӯё аз 1-уми январ то 28-уми октябри соли 2021 ба суратҳисобҳои Раҳматҷон 1600 нафар 2,2 миллион рубл ирсол карда, гӯё ӯ аз иштирокчиёни ҳаракатҳои ифротгаро дар Русия беш аз 150 ҳазор рубл гирифта, ба яке аз ҳаммаслаконаш зиёда аз 280 ҳазор рубл интиқол додааст. Аммо гуфта нашудааст, ки аз кадом созмони ифротӣ пул гирифта ба куҷо фиристодааст.
Дар ин ариза ҳамчунин, бидуни овардани ном гуфта шудааст, ки яке аз аъзои “Гурӯҳи 24” бо амал кардан ба манфиати Сарраёсати истихбороти Вазорати мудофиаи Украина дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷамъоварии маълумоти шиносоии иштирокчиёни амалиёти низомиро ташкил кардааст. Дар робита ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми ҷосусӣ боз шуда, дар ноябри соли 2024 бо ҳукми Додгоҳи вилояти Маскав ба 14 соли зиндон маҳкум гардид. Дигар узви гурӯҳ низ аз ҷониби Додгоҳи Басманӣ барои паҳн кардани маълумоти “бардурӯғ” дар бораи фаъолияти нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба ҳашт солу шаш моҳи зиндон маҳкум шудааст.
Додситонии вилояти Иваново бо овардани ин суханҳо аз додгоҳ хостааст, ки “Гурӯҳи 24” ҳамчун созмони ифротгаро эътироф ва фаъолияти он дар қаламрави Федератсияи Русия ва маълумоти дар сомонаҳои он нашршуда ҳамчун манбаи паҳншавиаш манъ карда шавад, инчунин 2,2 миллион рубли дар суратҳисобҳои Маҳмадҷон Раҳматҷон мавҷудбуда ба фоидаи давлат мусодира карда шавад.
То ҳол Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар вокуниш ба иддао ва талаби Додситонии вилояти Ивановои Русия баёнияе нашр накардааст.
Гуфта мешавад, Додгоҳи олии Русия дар соли 2022 як созмони дигари мухолифони тоҷик – Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро террористӣ эълон ва фаъолияти онро дар қаламраваш манъ карда буд. Ҳамчунин чанде пеш мақомоти Русия Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушд ва Муҳаммадиқболи Садриддин, раҳбари Ҳаракати ислоҳотхоҳони Тоҷикистонро дар ғайбашон ба паҳн кардани “хабарҳои дурӯғ”дар бораи артиши Русия ва ҷанги ин кишвар алайҳи Украина маҳкум карда буд.
