15.9 C
Dushanbe

Шикояти писари Зайд Саид: “Моро аз охирин сарпаноҳамон маҳрум кардан мехоҳанд”

Мақомоти Душанбе талош доранд, хонаи Зайд Саид, собиқ тоҷири муваффақ ва ҳоло зиндонии сиёсиро бигиранд ва фарзандонашро аз он берун кунанд.

Писари Зайд Саид, Хайруллоҳи Зайд рӯзи сешанбе дар саҳфаи фейсбукияш бо нашри матлабе ба мақомоти дахлдори кишвар муроҷиат намуда, мепурсад, ки падарашро зиндонӣ карданд, вале чаро ва мувофиқи кадом қонун бояд амвол ва дороии зану фарзандони ӯ мусодира шавад?

Ӯ менависад: “Инак, охирин сарпаноҳи фарзандони Зайд Саидро гирифтанианд ва фарзандону наберагони ӯро дар кӯча гузоштанианд.” Дар идома афзуда, ки мақомоти кишвар падарашро ба муҳлати тӯлонӣ зиндонӣ карданд ва тамоми молу дороии ӯ ва фарзандону наздиконашро гирифтанд, вале “Оё ягон қонун иҷозат медиҳад, ки амволу дороии гуноҳкор бе исбот ва далели ин ки ғайриқонунӣ ба даст омадааст, мусодира карда шавад?”

Писари ин зиндонии сиёсӣ меафзояд, ниҳоде, ки муваззаф шудааст ягонаи хонаи фарзандон ва набарегони Зайд Саидро мусодира кунад, ин Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ӯ ҳамчунин таъкид мекунад: Хонае, ки бояд мусодира шавад 23 нафар фарзанду келин ва набарегони ин маҳбуси сиёсӣ зиндагӣ мекунанд.

“Замоне, ки сохтмони хонаҳои истиқоматии маҷмааи “Пойтахт-80” – дар маркази шаҳри Душанбе сурат мегирифт – мо аз фаъолияти худ дар ин сохтмон саҳм гузоштем ва ин сохтмонро худи мо ба анҷом расонидем. Магар мо ҳақ надорем дар хонаҳои худ зиндагӣ кунем?”, – мегӯяд Хайруллоҳи Зайд.

Фарзанди ин маҳбуси сиёсӣ мегӯяд, ҳеч гуноҳе надоранд, ҳамин ки фарзандони Зайд Саид ҳастанд, мақомот онҳоро пайваста озор медиҳанд ва мехоҳанд хонаву дороиҳояшонро гирифта, онҳоро ба кӯча ронанд.

“Муддати ин 13-сол тамоми тиҷорату дороиҳои хонаводаи моро гирифтанд, боз ҳам ором намегиранду моро аз хона бехона мекунанд. Намегузоранд, ки зиндагии хоксоронаи худро бо фарзандони хурдсоли худ дар ягона сарпаноҳамон сипарӣ кунем.”, гилаомез менависад Хайруллоҳи Зайд.

Ӯ мутамаин аст, ки мувофиқи меъёрҳои Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон фарзандони Зайд Саид гунҳкор нестанд ва набояд хона ва молу дороиҳои худи зиндонӣ ва аҳли хонаводааш мусодира шавад. Аммо моқомоти кишвар дидаву дониста даст ба кори ғайриқонунӣ мезананд.

Хайруллоҳ бо нигаронӣ менависад, ки “дар ин 13-сол ҳамеша бо ҳаросу ташвиш зиндагӣ дорем, ки ин соат ё соати дигар омада моро аз хонаҳоямон берун мекунанд ва инак ин иттифоқ рӯй дод. Охирин ҷойеро, ки бо қути лоямуте зиндагонӣ мекардему ба фарзандони хурдсоли худ умеду боварӣ мебахшидем, аз дастамон мегиранд.”

Ӯ аз мақомоти дахлдори кишвар дар робита ба ин қазия хоста, ки даст аз ин кори ғайриқонунӣ бардоранд ва нагузоранд онҳо ва кӯдакони хурдсолашон дар ватани худ дар кӯча бимонанд.

Ёдовра мешавем, ки мақомоти Тоҷикистон Зайд Саид, собиқ вазири саноати кишвар ва соҳибкори муваффақро, ки дар ободии кишвар саҳми бисёр гузошта буд, моҳи майи соли 2013 ҳангоми бозгашт аз сафари Фаронса дар Фурӯдгоҳи байналмилалиии Душанбе боздошт шуд ва моҳи декабри ҳамон сол бо иттиҳомоти “сӯиистифода аз мақом”, “бисёрзанӣ”, “ришвагирӣ” ва “таҷовуз ба номус” ба 26 соли зиндон маҳкум шуд.

Мақомот ба ин қаноат накарда, соли 2015 чанд иттиҳоми дигар, аз ҷумла “саркашӣ аз андоз”, “сохтакории ҳуҷҷат” ва “тасарруфи маблағҳои давлатӣ” ба парвандаи ӯ изофа карданд ва болои 26 соли зиндон боз 3 соли дигар афзуданд.

Пас аз зиндонӣ кардани Зайд Саид мақомот соли 2014 тақрибан 8 корхонаву ширкатҳои ӯ ва наздиконаш, аз ҷумла фабрикаи дӯзандагии “Гулистон” ва корхонаи “Тоҷикмармар”-ро мусодира намуда, ба ҳисоби давлат дароварданд.

Худи Зайд Саид ҳангоми мурофиаҳои додгоҳӣ ва инчунин наздиконаш пайваста иттиҳомоти мақомотро сохта ва онҳоро сиёсӣ унвон мекунанд. Зеро Зайд Саид пеш аз зиндонӣ шуданаш, моҳи апрели соли 2013 дар як нишасти хабарӣ аз таъсиси ҳизби наве хабар дода буд. Ӯ гуфта буд, ки мехоҳад бо таъсиси ҳизби нав дар ислоҳи вазъи иқтисодии Тоҷикистон саҳм гузорад. Вале як моҳ баъди ин эълон боздошт ва барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Русия мехоҳанд “Гурӯҳи 24”-ро экстремистӣ эълон кунанд

Додситонии вилояти Иваново талаб кардааст, ки фаъолияти Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" дар Русия манъ карда шавад.

Эрон ҳаҷми зарари ҷангро 270 миллиард доллар арзёбӣ кард

Эрон ҳаҷми пешакии зарар аз ҳамлаҳои низомии Амрико ва Исроилро тақрибан 270 миллиард доллар эълон кард.

Як соҳибкор ба хотири писараш боздоштгоҳи нав сохт

Як соҳибкори маҳаллӣ аз Истаравшан пас аз дидани вазъи фарзанди боздоштшудааш, як боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и наве сохта ба мақомот додааст.

Дар интихоботи Маҷористон ҳампаймони Амрико шикаст хӯрд

Виктор Орбан, "дӯст"-и Путин ва Трамп дар интихоботи парлумонии Маҷористон шикаст хӯрд.