Рӯзҳои 14–15 апрел дар ду муассисаи таълимӣ дар Туркия ҳамлаҳои мусаллаҳона сурат гирифт, ки дастикам 4 нафар кушта ва 36 тани дигар захмӣ шуданд.
Бино ба иттилои расонаҳо, 14-уми апрели соли ҷорӣ дар ноҳияи Сивереки вилояти Шанлиурфаи Туркия ба мактаби касбӣ-техникии “Ahmet Koyuncu” ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт, ки дасти кам 16 нафар захмӣ шуданд.
Ба ин монанд, боз субҳи имрӯз, 15-уми апрел ҳамлаи дигаре ба мактаби миёнаи ба номи Айсер Чалик дар вилояти Каҳраманмараш, ҷануби ин кишвар рух дод, ки дар натиҷаи ин ҳодиса 4 нафар кушта ва 20 каси дигар захмӣ гаштанд.
Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, ҳодиса рӯзи чоршанбе дар шаҳри марказии вилояти Каҳраманмараш рух додааст. Ба иттилои дафтари губернатории вилоят, тирпарронӣ дар вақти дарсҳо дар дохили як мактаби миёна сар задааст.
Ҷузъиёти дақиқ дар бораи шахсияти ҳамлагари имрӯза ва ангезаи ҳодиса ҳанӯз эълон нашудааст ва ҳоло тафтишот идома дорад. Мақомоти Туркия ҳам то ҳанӯз тафсилоте бештаре аз ҳодисаҳо нашр накардаанд.
Вазири корҳои дохилии Туркия Алӣ Ерликая изҳор дошт, ки нерӯҳои амниятӣ тафтишоти ҳамаҷониба оғоз намуда, барои кумак ба оилаҳои осебдидагон чораҳо меандешанд. Хадамоти изтирорӣ фавран ба ҷойи ҳодиса расида, захмиёнро ба беморхонаҳо интиқол додааст. Гуфта мешавад, баъзе аз захмиён дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Мақомоти маҳаллӣ гуфтаанд, ки ҳодисаи рӯзи гузаштаро як хатмкардаи собиқи ҳамон мактаб (муассисаи касбӣ-техникии “Ahmet Koyuncu”) анҷом додааст. Ӯ субҳи рӯзи сешанбе вориди мактаб шуда, бо истифода аз милтиқ ба сӯи хонандагон ва кормандон оташ кушода, 16 нафарро захмӣ кард.
Ба гуфтаи мақомоти пулис, дар байни захмиён 10 хонанда, 4 омӯзгор, як корманди ошхона ва як корманди пулис буданд. Ҳамаи осебдидагон ба беморхона интиқол дода шуданд.
Губернатори вилояти Шанлиурфа Ҳасан Шилдак гуфт, ки ҳамлагар пас аз муҳосираи пулис худкушӣ кардааст. Мақомот инчунин таъкид карданд, ки ӯ қаблан собиқаи ҷиноятӣ надоштааст.
Ин ду ҳодисаи пайдарпай дар давоми ду рӯз дар Туркия ҷомеаро такон дода, баҳсҳоро дар бораи амнияти мактабҳо ба миён овардааст. Мақомот тафтишотро идома дода, ваъда додаанд, ки чораҳои иловагӣ барои пешгирии чунин ҳодисаҳо баррасӣ хоҳанд шуд.
