Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо нашри баёнияе пешниҳоди додситони вилояти Ивановоро дар бораи “ифротгаро ва мамнуъ” донистани ин созмон дар ҳудуди Русия “беасос, сохта ва дорои ангезаи сиёсӣ” номид.
Пештар бо даъвои маъмурӣ ба додгоҳи ноҳиявии Октябри шаҳри Иваново додситони вилояти Иваново Андрей Жугин муроҷиат карда, хостааст, ки “Гурӯҳи 24” дар Русия ҳамчун созмони ифротгаро эътироф ва фаъолияташ манъ карда шавад.
Дар дархости расмӣ додситон иддао кардааст, ки ин созмон қаблан бештар зидди ҳукумати Тоҷикистон фаъолият мебурд, аммо баъди оғози ҷанг дар Украина ба зидди ҳукумати Русия кор карда, ин кишварро бадном сохтааст. Ӯ ҳамчунин иддо мекунад, аъзои ин гурӯҳи сиёсӣ бо супориши хадамоти махсуси Украина маълумот дар бораи низомиёни русро ҷамъоварӣ намуда, онро барои ҳамлаҳои эҳтимолӣ ба худи онҳо ва аъзои оилаҳояшон истифода мебурданд. Ин ниҳод мегӯяд, аъзои гурӯҳ гӯё барои дастгирии молиявии сохторҳои низомии Украина ва дигар гурӯҳҳои ифротгаро ҷамъоварии маблағ ташкил мекунанд.
Ҳамчунин дар ариза иддао шудааст, ки додситонӣ дар якҷоягӣ бо ФСБ ва ВКД дар Русия ошкор кардааст, ки фаъолияти “Гурӯҳи 24” ба фаъолсозии руҳияҳои эътирозӣ нисбат ба ҳокимияти давлатӣ, даъват ба аҳолии кишварҳои узви ИДМ ба бетартибиҳои оммавӣ ва сарнагун кардани асосҳои сохти конститутсионӣ равона шудааст, ки ба гуфтаи шикояткунанда ба манфиатҳои миллии Русия зарар мерасонад ва ғайриқобили қабул аст.
Бояд гуфт, ҷавобгар дар ин парванда Маҳмадҷон Раҳматҷон, намояндаи ин ҳаракат мебошад, ки шаҳрвандии русияш бекор ва ба Тоҷикистон истирдод шуда буд ва ба 20-соли зиндон маҳкум шуд.
Аммо дар баёнияи “Гурӯҳи 24” аз 15-уми апрели соли ҷорӣ, гуфта мешавад, ки иттиҳомоти зикршуда ба воқеият мутобиқат накарда, бар пояи маълумоти нодуруст ва таҳрифшуда омода гардидаанд.
Ҳамчунин ин созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки баъд аз содир шудани қарори расмии додгоҳи шаҳри Иваново, мавқеи худро ба таври муфассал ва бо далелҳои иловагӣ шарҳ хоҳад дод.
Тибқи иттилои расонаҳои русӣ баррасии дархости Жугин рӯзҳои наздик пушти дарҳои баста дар додгоҳи шаҳри Иваново баргузор хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, Додгоҳи олии Русия дар соли 2022 як созмони дигари мухолифони тоҷик – Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро террористӣ эълон ва фаъолияти онро дар қаламраваш манъ карда буд. Ҳамчунин чанде пеш мақомоти Русия Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушд ва Муҳаммадиқболи Садриддин, раҳбари Ҳаракати ислоҳотхоҳони Тоҷикистонро дар ғайбашон ба паҳн кардани “хабарҳои дурӯғ”дар бораи артиши Русия ва ҷанги ин кишвар алайҳи Украина маҳкум карда буд.
