Муҳоҷирон дар Русия: Корфармо шиносномаҳоро гирифта, маошро ҳам намедиҳад

Гурӯҳе аз муҳоҷирони кории Ҳиндустон дар шаҳри Санкт-Петербург иддао доранд, ки корфармои рус шиносномаҳои онҳоро гирифта, на маошашонро медиҳад ва на шиносномаҳоро бозпас мегардонад.

Ба гузориши бархе расонаҳои русӣ, ин гурӯҳи муҳоҷирони кории шаҳрвандони Ҳиндустон ба консулгарии кишварашон дар шаҳри Санкт-Петербург рафта, хостори расидагӣ ба ҳуқуқҳояшон шудаанд.

Ин гурӯҳи муҳоҷирон, ки тақрибан 40 нафар гуфта мешаванд, ба расонаҳо гуфтаанд, бо даъвати як ширкати русӣ барои кор ба ин кишвар омадаанд. “Ба мо ваъда дода шуда буд, ки бо ҷойи кор бо маоши хуб ва ҷойи хоб таъмин мешавем. Вале шароити воқеӣ аз ваъдаҳои пешакӣ фарқ мекунад.”, – мегӯяд яке аз ин муҳоҷирон.

Онҳо ҳамчунин иддао кардаанд, ки барои раисдан ба инҷо ба миёнаравҳо маблағҳои зиёд (ҳудуди 2-3 ҳазор долларӣ) додаанд. Вале дар охир фиреб хӯрданд. “Моро фиреб доданд, корфармо мехоҳад бидуни маош ё бо маоши хеле кам ин ҷо кор кунем.”

Ба иддаои ин муҳоҷирони ҳиндустонӣ, онҳо ки то расидан ба Русия маблағи зиёд масраф кардаанд, мехоҳанд дар Русия бимонанд, вале дар ҷойи дигар ва кори дигар пайдо кунанд. Аммо корфармо, ки шиносномаҳо дар дасти ӯст, ба онҳо гуфтааст, ки танҳо дар фурудгоҳ ҳуҷҷатҳояшонро медиҳад.

Дар ҳамин ҳол корфаром иддаои муҳоҷиронро рад карда, гуфтааст, ки “Қонун маҷбур мекунад, онҳоро ба ватанашон баргардонем.” Роҳбари ширкати даъваткунанда тасдиқ кардааст, ки шиносномаҳо дар дасти ширкат қарор доранд ва қисме аз маоши коргарон ҳанӯз пардохт нашудааст. Аммо вай ин вазъро ба сабабҳои ҳуқуқӣ рабт медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, муҳоҷирон расман кормандони ширкат буда, бо манзил ва маоши тақрибан 75 ҳазор рубл дар як моҳ таъмин шудаанд. Аммо баъд аз бекор шудани шартнома бо ширкати фармоишгар, корфармо маҷбур шудааст онҳоро ба ватан баргардонад, зеро дар акси ҳол онҳо дар Русия ғайриқонунӣ мемонанд.

Корфармо инчунин таъкид мекунад, ки муҳоҷирон ҳақ надоранд дар дигар ширкатҳо кор кунанд, зеро раводиди онҳо ба номи ҳамин ширкат содир шудааст.

Мақомоти Санкт-Петербург ҳам гуфтаанд, ки аз қазия огоҳанд, вале мувофиқи қавонин нави Русия дар дигар ширкат кор карда наметавонанд ва бояд ба ватанашон баргарданд.

Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки ба сабаби қавонини сахти зидди муҳоҷиратӣ, ки чанд соли ахир аз ҷониби мақомоти Русия пешниҳод ва қабул гардид, вобастагии муҳоҷиронро аз корфармо, бештар шудани нақши миёнаравон ва маҳдудиятҳои ҳуқуқӣ аксаран онҳоро дар вазъияти осебпазир қарор додааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.