14.9 C
Dushanbe

Изҳори ташаккурии Трамп аз боз шудани тангаи Ҳурмуз

Рӯзи ҷумъа, 17-уми апрел вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ироқчӣ бо нашри паёме дар шабакаи Х аз пурра боз шудани тангаи Ҳурмуз хабар дод.

Ироқчӣ зимни нашри паёмаш гуфт, ки бо оғози оташбас дар Лубнон, убур аз тангаи Ҳурмуз барои ҳамаи киштиҳои тиҷоратӣ то поёни давраи боқимондаи оташбас комилан боз аст.

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки гузариши киштиҳо аз тангаи Ҳурмуз дар масири ҳамоҳангшуда, ки аз ҷониби Созмони бандарҳо ва баҳрии Эрон аллакай эълон шудааст, сурат хоҳад гирифт.

Дар пайи изҳороти Ироқчӣ раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп бо нашри паёме дар шабакаи худ (Truth) аз Эрон изҳори сипос кард. Трамп навишт, ки “Эрон тоза эълон кард, ки танги Ҳурмуз пурра боз аст ва барои гузариши комил омода мебошад. Ташаккур!”

Трамп ҳамчунини таъкид мекунад, ки тангаи Ҳурмуз агарчи пурра боз аст, аммо муҳосираи мо нисбати Эрон то замоне ки “бо он 100% ба созиш бирасем, бо тамоми қувват идома хоҳад дошт.” Ӯ мегӯяд, раванди музокирот бо Эрон бояд тезонида шаванд, зеро аксари масъалаҳо аллакай ҳал шудаанд.

Эълони боз шудани тангаи Ҳурмуз дар ҳолест, ки рӯзи 16-уми апрел байни Исроил ва Лубнон барои 10 рӯз оташбас эълон шуд. Яке аз бандҳои пешниҳодии Исроил барои идомаи музокирот бо Лубнон, ин аст, ки бояд артиши Лубнон қувваи асосӣ ва ҳимояти марзҳои ин кишвар ба дӯши он бошад. Инчунин ҳукумати Лубнон вазифадор аст “Ҳизбуллоҳ”-ро халъи силоҳ кунад.

Дар ин миён гуфтушунидҳо байни Эрон ва Амрико низ ҷараён дорад. Манобеи покистонӣ мегӯянд, эҳтимоли расидан ба тавофуқ миёни Амрико ва Эрон дар ояндаи наздик вуҷуд дорад ва музокирот ба марҳилаҳои поёнии худ расидааст.

Хабаргузории “Ройтерз” ба нақл аз манобеи амниятӣ ва огоҳ навишт, ки ду тараф аз тариқи талошҳои дипломатик пешрафтҳое доштаанд ва мумкин аст дар нишасти оянда бо имзои як ёддошти тафоҳум даргириҳо ба поён бирасад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ду кушта ба ҷо гузошт

Шаби 17-уми апрел дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар ҳудуди ноҳияи Фархори вилояти Хатлон даргирии мусаллаҳона сура гирифт, ки дар натиҷа ду нафар кушта шуданд.

Фарзанди Эмомалӣ унвони илмӣ гирифт

Фарзонаи Эмомалӣ, духтари хурдии раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвони номзади илмҳои тиб гардидааст.

Истифодаи паҳподҳо дар машқҳои низомии “Ҳамкорӣ–2026” дар Хатлон

Дар вилояти Хатлон машқҳои низомии муштараки амалиётӣ-стратегии "Ҳамкорӣ–2026" бомуваффақият анҷом ёфтанд.

Ихроҷи 6 ҳазор муҳоҷир аз Русия дар як моҳ

Мақомоти Русия тасмим гирифтаанд тақрибан 6 ҳазор шаҳрванди хориҷиро аз кишвар ихроҷ кунанд.