Наҷот ёфтани як нафар аз худкушӣ тавассути хонандаи мактаб

Дар шаҳри Душанбе як духтари ҷавон бо қасди худкушӣ худро ба дарё андохт, вале тавассути як хонандаи мактаб аз марг наҷот ёфт.

Тибқи иттилои пулиси шаҳри Душанбе рӯзи 19-уми апрел, тахминан соати 21:00, духтари ҷавоне аз пули болои дарёи Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Соҳилӣ, наздикии бозори собиқи “Султони Кабир” худро ба поён андохтааст. 

Гуфта мешавад, ки Рахматулло Мардиктоев — хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40-и ноҳияи Фирдавсӣ — шоҳиди ин ҳолат шуда, бо шитоб ба кумаки духтар рафтааст. Ӯ тавонист духтарро аз об берун оварда, ҷони ӯро наҷот диҳад.

Духтари наҷот ёфта, ба Муассисаи давлатии “Беморхонаи Истиқлол” интиқол дода шудааст.

Пулиси шаҳри Душанбе аз ҷасорат ва амали қаҳрамононаи хонандаи мактаб изҳори сипос намуда, таъкид кардааст, ки чунин рафтор намунаи баланди масъулияти шаҳрвандӣ мебошад. Ҳамзамон ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар ҳолатҳои мушкил аз дастгирии равонӣ ва иҷтимоӣ истифода баранд ва танҳо намонанд.

Мақомоти марбута сабаби даст задани ин духтари ҷавонро ба худкушӣ шарҳ надодааст, аммо гуфта мешавад, баъзе шаҳрвандон дар аксар ҳолатҳо ба сабаби муноқишаҳои оилавӣ ба чунин амалҳо даст мезананд. Тафтишот дар ин самт идома дошта, ҷузъиёти иловагӣ баъдан пешниҳод хоҳад шуд.

Бо сабаби зиёд шудани ихтилофҳои хонаводагӣ, мутаассифона, дар ҷомеа ҳодисаҳои нохуш рӯз то рӯз бештар ба назар мерасанд. Коршиносони соҳа таъкид мекунанд, ки нофаҳмиҳо, муноқишаҳои доимӣ ва фишорҳои равонӣ дар оила метавонанд инсонро ба қарорҳои хатарнок водор созанд.

Дар бисёр ҳолатҳо, қурбониёни чунин вазъиятҳо занҳо мебошанд. Онҳо бештар ба фишорҳои равонӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуда, баъзан роҳи ҳалро дар амалҳои хатарнок меҷӯянд.

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки дар ҳолати пайдо шудани мушкилоти хонаводагӣ, тарафҳо бояд ба муколама, маслиҳати равоншиносон ва дастгирии наздикон рӯ оваранд, то аз рух додани фоҷиаҳои эҳтимолӣ пешгирӣ карда шавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.