Бонки ҷаҳонӣ механизми нави сарфи маблағро ба Тоҷикистон ироа кард

Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ як механизми нави молиявиро барои Тоҷикистон тасдиқ кард, ки ҳадафаш вокуниши босуръат ба ҳолатҳои фавқулода ва буҳронҳо мебошад. Дар ин бора хадамоти матбуотии бонк хабар додааст.

Механизми нав бо номи “Contingent Emergency Response Project” (CERP) имкон медиҳад, ки ҳукумати кишвар маблағи заруриро барои рафъи паёмадҳои офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои изтирорӣ дар муддати кӯтоҳ равона намояд.

Бар асоси иттилои ин бонк, Тоҷикистон мувофиқи тарҳи пешниҳодшуда метавонад ҳар сол то 10 дарсади маблағҳои истифоданашудаи барномаҳои сармоягузории ҷории Бонки ҷаҳониро дубора тақсим намояд.

Таъкид мешавад, ки ин механизми ҷудо кардани маблағҳо танҳо пас аз эълони расмии ҳолати фавқулода фаъол мешаванд. Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, агар дар кишвар ҳолати фавқулода эълон шавад, маблағҳо танҳо дар самтҳои зерин истифода мегарданд:

  • . таъмин намудани хадамоти наҷот бо таҷҳизот ва воситаҳои муҳофизатӣ;
  • . хариди озуқа, об ва доруворӣ;
  • . дастгирии бахши кишоварзӣ дар ҳолатҳои буҳронӣ;
  • . расонидани кумаки фаврӣ ба аҳолии зарардида.

Бонки ҷаҳонӣ зимни нашри ин хабар таъкид мекунад, ки роҳандозии чунин абзор ба хотири он аст, ки Тоҷикистон аз кишварҳои осебпазир ба офатҳои табиӣ ба ҳисоб меравад. Тайи солҳои охир сел, обхезиҳо ва заминларзаҳо ба иқтисод ва инфрасохтори кишвар хисороти ҷиддӣ расондаанд. Аз ин рӯ, вуҷуд доштани чунин механизм барои пешгирӣ ва ё рафъи офтаҳо дар муддати кӯтоҳ кумак мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз соли 1993 узви Бонки ҷаҳонӣ буда, дар ин давра даҳҳо лоиҳаҳои стратегӣ барои кишвар бо маблағгузории ин ниҳод амалӣ шудааст. Ҳаҷми умумии сармоягузориҳои бонк дар кишвар беш аз 1,4 миллиард доллар арзёбӣ мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.