Думаи давлатии Русия тарҳи қонун дар бораи маҳрум сохтан аз шаҳрвандӣ барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ нисбати хориҷиёне, ки шаҳрвнадии Русияро ба даст овардаанд, бекор карда шуд.
Бозсап гирифтани тарҳи мазкур дар ҳолест, он ҳангоми пешниҳод шудан ба Думаи давлатӣ дар соли 2025 баҳсҳои гармеро дар ҷомеаи Русия ва байни муҳоҷирони хориҷии муқими ин кишвар ба вуҷуд оварда буд. Ин тарҳ механизми бекор кардани шаҳрвандиро барои онҳое муайян мекард, ки баъди гирифтани шиносномаи Русия худро дар комиссариятҳои ҳарбӣ дар қайд намегузаштанд.
Бозпас гирифтани ин тарҳ дар муҳити коршиносон баҳсҳои наверо ба вуҷуд овардааст. Бархе онро нишонаи тағйири тактикаи давлат дар масъалаи муҳоҷирон арзёбӣ мекунанд. Ва коршиносон бар ин назаранд, ки ин иқдом баёнгари он аст, ки сиёсати муҳоҷиратӣ ва амниятии Русия дар марҳилаи бозбинӣ қарор дорад.
Гуфта мешавад, агарчи қабул нашудани тарҳи мазкур дар Думаи давлатӣ барои онҳое, ки нав шиносномаи русиро ба даст овардаанд, як “хабари хуш” аст, вале хатари иҷборан ҷалб кардани шаҳрвнадони хориҷӣ ба сафи артиш ва иштирок дар ҷанг алайҳи Украина ба поён нарасидааст. Боз роҳҳои зиёде дигаре вуҷуд дорад, мақомоти Русия барои ин кор истифода мекунанд.
Расонаҳои русӣ моҳи октябри соли гузашта, баробари пешниҳод шудани тарҳи мазкур ба Думаи давлатӣ хабар дода буданд, ки аллакай дар вилояти Перм тақрибан 1,2 ҳазор хориҷие, ки давоми даҳ моҳи соли 2025 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, ба қайди ҳарбӣ гузошта шуданд.
Бино ба иттиллои Шуъбаи ҳарбии Кумитаи тафтишотии Русия дар гарнизони Перм, аз ин шумора 68 нафарашон ҳамон моҳ бо Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия қарордод баста, ба ҷанги зидди Украина фиристода шуданд.
Пас аз эълони ин хабар муҳоҷирони зиёде шикоят мекарданд, ки барои додани даъватнома кормандони Кумитаи тафтишот бо намояндагони комиссариати ҳарбӣ ва Хадамоти муҳоҷират дар ҷойи хобу кори муҳоҷирон ва бозору кӯчаҳо рейдҳо мегузаронданд. Дар баъзе ҳолатҳо ҳуҷҷатҳои даъват ба комиссариати ҳарбӣ бевосита ҳангоми гирифтани шиносномаҳои русӣ дода мешуд.
То ҳанӯз ба таври расмӣ маълум нест, ки аз аввали соли 2025 — замоне ки ин тарҳ ба Думаи давлатӣ пешниҳод шуд, то имрӯз чанд нафар аз зодагони Тоҷикистон дар тамоми Русия ба қайди ҳарбӣ сабти ном шудаанд. Инчунин шумораи умумии зодагони Тоҷикистон, ки дар Русия дар қайди ҳарбӣ гузошта шудаву ба ҷанги зидди Украина фиристода шудаанд, маълум нест.
Аммо 20-уми апрели соли ҷорӣ тарҳи украинии “Хочу жить” (Зистан мехоҳам) дар охирин омори худ гузориш дод, ки айни замон 3 ҳазору 407 зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд.
Ба иттилои ин манбаъ, дар маҷмуъ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ 12 ҳазору 666 нафар бо Вазорати дифои Русия шартнома баста, дар ҷанг иштирок доранд. Аз ҷумла, аз Узбекистон — 4 853 нафар, Тоҷикистон — 3407 нафар, Қазоқистон — 2 389 нафар, Қирғизистон — 1 439 нафар ва Туркманистон — 578 нафар дар ин ҷанг ҳузур доранд.
Гуфта мешавад, ки шумораи иштирокчиён нисбат ба соли 2025 афзоиш ёфтааст. Он замон дар рӯйхати ин тарҳ 5 ҳазору 740 нафар аз тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ сабт шуда буд.
Бар асоси гузоришҳои қаблии тарҳи “Хочу жить”-и Украина, ки моҳи октябри соли гузашта нашр карда буд, рӯйхати 446 шаҳрванди Тоҷикистонро фош кард, ки гуфта мешуд, дар ҷанг ҷони худро аз даст додаанд. Ҳамчунин зикр гардида буд, ки танҳо дар шаш моҳи аввали соли 2025 ҳудуди 628 зодаи Тоҷикистон бо артиши Русия шартнома бастаанд. Пеш аз ин низ дар бораи 931 шаҳрванди тоҷик, ки дар ҷанг иштирок доштаанд, маълумот нашр шуда буд.
