25.9 C
Dushanbe

Дар соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Дар се моҳи аввали соли 2026 омори ҷиноятҳои вазнин дар саросари кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,8 дарсад коҳиш ёфтааст.

Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри омори солонааш аз коҳиши нисбии сатҳи ҷурму ҷиноят дар кишвар хабар дод. Бино ба иттилои ин ниҳод, дар моҳҳои январ – марти соли 2026 дар саросари ҷумҳурӣ 6336 ҷиноят ба таври умумӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,7 дарсад камтар аст.

Дар гузориши ин ниҳод гуфта мешавад, ки аз ҳаҷми умумии ҷиноятҳои сабтшуда, 5573 ҷиноятро Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон сабт кардаанд, ки 88 дарсади ҷиноятҳои ба қайд гирифташударо ташкил медиҳанд. Аммо боқӣ 763 ҷинояти дигарро, ки 12 дарсадро ташкил медиҳанд, дигар ниҳодҳои марбута сабт кардаанд.

Бар асоси ин гузориши нав, аз умуми ҷиноятҳо аз ҳама бештар 1415 ҷинояти вазнин, 1230 ҷинояти қаллобӣ, 1096 ҷинояти дуздӣ, 837 ҷиноятҳои иқтисодӣ, 317 ҷиноят марбут ба маводи мухаддир ва 19 ҳолат ҷинояти савдои одамон ошкор карда шудаанд.

Дар робита ба тафсилот ва ҳаҷми дарсадии ҷиноятҳои сабтшуда гуфта мешавад, ки нисбат ба моҳҳои январ–марти соли 2025 ҷиноятҳои марбут ба куштор ва сӯиқасд ба он 51,7 дарсад, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 32,3 дарсад, таҷовуз ба номус ва сӯиқасд ба он 18,2 дарсад, дуздӣ 3,9 дарсад, қаллобӣ 4,5 дарсад ва авбошӣ 3,3 дарсад кам шудааст.

Ҳамзамон дар гузориши ин ниҳод гуфта мешавад, ҷиноятҳои иқтисодӣ, ки дар ин семоҳаи аввали соли ҷорӣ 837 ҳолат будааст, нисбат ба моҳҳои январ–марти соли 2025 3,7 дарсад кам шудааст. Дар ҷиноятҳои марбути иҷтисодӣ бештар порахӯрӣ, дуздӣ, дуздии ҳаҷман калон дохил мешаванд. Гуфта мешавад, мақомоти корҳои дохилӣ аз ин шумора 355 ҷиноятро ошкор намуда, аз рӯи 343 ҳолат парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд.

Гузоришгарони ин ниҳоди омории кишвар мегӯянд, сатҳи ҷинояткорӣ вобаста ба минтақаҳо бошад, дар шаҳри Душанбе 8,2 дасрад ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 11,4 дасрад кам шуда, аммо дар вилояти Суғд 0,3 дарсад ва дар вилояти Хатлон 5,5 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ба назари коршиносон, агарчи дар маҷмуъ омори сатҳи ҷинояткорӣ, махсусан дар бахши ҷиноятҳои вазнин, аз қабили куштор ва таҷовуз дар семоҳи аввали соли 2026 нишон медиҳад, ки каме коҳиш ёфтааст, аммо афзоиши ҷинояткорӣ дар бархе минтақаҳо ва сабти шумори назарраси ҷиноятҳои иқтисодӣ ва қаллобӣ нишон медиҳад, ки ҳалли мушкилоти ришва ва фасод дар кишвар вазнинтар аз дигар ҷиноятҳост.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тафсилоти нав аз парвандаи ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”

Расонаҳои давлатии Русия гузориши тоза аз ҷараёни тафтишоти ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав нашр кардаанд.

Чархаи 7-уми НБО-и “Норак” фаъол шуд. Оё “лимит” аз байн меравад?

Рӯзи 24-уми апрели соли 2026 чархаи 7-уми Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" бо ҳузури раисҷумҳури кишвар Эмомлаӣ Раҳмон ба кор оғоз кард.

Бонкҳои Тоҷикистонро аз рӯйхати сиёҳи ИА берун карданд

Иттиҳоди Аврупо бонкҳои марбут ба наздикони Эмомалӣ Раҳмонро аз рӯйхати сиёҳаш берун кард.

Суръати интернет дар Тоҷикистон беҳтар шуд?

Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии ҷаҳонии суръати интернет беҳтар кард.